ОИД БА БАЪЗЕ МАСОИЛИ МАҚОМИ КОРШИНОС ДАР МУРОФИАИ СУДИИ ЧИНОЯТӢ

Коршинос (эксперт) дар низоми иштирокчиёни мурофиаи судии чи-ноятӣ мақоми махсусро дорад, ки ин мақом дар моддаи 58 (боби 7) КМЧ Чумҳурии Точикистон [1] ва Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» [2] мушаххас ба танзим дароварда шудааст. Бо вучуди ин, дар назарияи ҳуқуқи мурофиаи чиноятӣ нисбат ба мақоми коршинос нуқтаи назари ягона чой надошта, ба таври гуногун шарҳ дода мешавад. Чунончи, Ю. Франсифров қайд мекунад, ки коршинос агарчи ҳам аз тарафи айбдоркунӣ ва ҳам аз тарафи ҳимоя баромад мекунад, вай наметавонад тарафи мурофиа бошад [8, 104].

Розӣ шудан ба ин нуқтаи назар ғайриимкон ба назар мерасад. Коршинос дар навбати аввал вобаста ба моњияти мавқеи мурофиавӣ мақоми бетарафро дошта, наметавонад манфиати тарафи ҳимоя ва ё тарафи айб-доркуниро ифода намояд. Дар ҳолати акс хулосаи ў метавонад аҳамияти ҳуқуқии худро гум кунад. Бинобар ин, Ю. Орлов дуруст қайд мекунад, ки маҳз надоштани манфиат аз оқибати кор шарти муҳими ба парванда чалб гардидани коршинос ба шумор меравад [4, 209].

Сониян, КМЧ Точикистон доираи иштирокчиёни дигари мурофиаи судии чиноятиро дар боби 7 муайян намуда, ба ин сифат инчунин коршиносро номбар мекунад, ки ин ба тарафи мурофиаи судии чиноятӣ будани коршинос ва бебаҳс будани ин мақом ишора менамояд.

В. Махов ба мақоми коршинос дар низоми иштирокчиёни мурофиаи судии чиноятӣ аз нигоҳи иштирокчиёни дигари мурофиаи судии чиноятӣ баҳо дода, ба он андеша аст, ки дар мурофиаи судии чиноятӣ ба мақоми коршинос додани нақши дуюмдарача дуруст нест [3, 94]. Агар ба мавқеи илмии В. Махов аз нигоҳи нақши коршинос дар мурофиаи судии чиноятӣ назар карда шавад, он адолатнок ба назар мерасад. Ў (коршинос) бо доштани доштани дониши махсус барои ҳалли ҳолате мусоидат менамояд, ки ба он метавонад адолати судӣ асос ёбад. Аз ин хотир қонунгузории мурофиавии чиноятӣ мақоми хулосаи коршиносро то ба сарчашмаи далел бардошта, онро ба таври махсус қайд менамояд.

Дар ин чо онро ёдовар бояд шуд, ки КМЧ Точикистон гарчанде ма-қоми коршиносро ба сифати иштирокчии мурофиаи судии чиноятӣ кушода дода, доираи ҳуқуқу уҳдадориҳои онро муайян мекунад, лекин мафҳуми расмии онро (коршиносро) кушода намедињад. Ин ҳолат метавонад дар раванди муқаррар кардани мавқеи мурофиавии коршинос баъзе муаммоҳоро эчод намояд. Масалан, ҳангоми мушаххас муқаррар кардани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои коршинос дар мурофиаи судии чиноятӣ.

КМЧ Федератсияи Россия [6] дар фарқият аз КМЧ Точикистон дар моддаи 57 мафҳуми расмии коршиносро кушода дода, ба ин сифат баромад кардани шахсеро муқаррар мекунад, ки ин шахс дорои дониши махсус буда, барои гузаронидани экспертизаи судӣ ва додани хулоса бо тартиби муқарраркардаи КМЧ Федератсияи Россия даъват карда шудааст. Мафҳуми ба ин монанди коршиносро Ю. Франсифров қобили қабул медонад [8, 106].

КМЧ Украина [7] мафҳуми нисбатан васеи коршиносро пешбинӣ карда, ба ин сифат шахсеро эътироф менамояд, ки дорои дониши илмӣ, техникӣ ва ё дигари махсус буда, мутобиқи Қонуни Чумҳурии Украина «Дар бораи экспертиза» барои гузронидани экспертиза ҳуқуқ дорад ва ба ў гузаронидани таҳқиқи объектҳо, зуҳурот ва равандҳо, ки маълумот дар бораи ҳолатҳои чинояти содиршуда доранд ва додани хулоса оид ба масъалаҳое, ки дар чараёни истењсолот оид ба парвандаи чиноятӣ пайдо мешаванду ба доираи донишҳои ў иртибот доранд, супорида шудааст.

Дар асоси таҳлили гуфтаҳои боло қайд кардан мумкин аст, ки дар адабиёти ватанӣ коршиноси судӣ ҳамчун шахси дорои донишҳои махсус, ки аз чониби суд бо тартиби қонунгузории мурофиавӣ барои гузаронидани экспертизаи судӣ ва додани хулосаи экспертӣ таъин карда шудааст, таъриф дода мешавад. Бояд зикр намуд, ки таърифи мазкур хусусияти универсалӣ дошта, фарогири намудҳои мухталифи мурофиа – мурофиаи чиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, мурофиаи иқтисодӣ ва мурофиаи маъмурӣ мебошад.

Таҳлили ҳуқуқҳои субъективии мурофиавии чиноятии коршинос нишон медиҳад, ки онҳо пеш аз ҳама барои ба вучуд овардани шароити мусоид чиҳати сари вақт, дуруст, асоснок ва холисона омода кардани хулоса аз чониби коршинос равона карда шудаанд. Ба чунин ҳуқуқҳои субъективии мурофиавии коршинос дохил мешаванд: ҳуқуқи бо маводи парвандаи чиноятт, ки ба мавзўи экспертиза алоқаманд аст, шинос шудан; ҳуқуқи дархост кардан чиҳати ба ў пешниҳод намудани маводи иловагӣ, ки барои додани хулоса заруранд ё дар бораи таъини экспертизаи комплексӣ. Аммо ҳуқуқи коршинос чиҳати дархост намудан дар бораи таъини экспертизаи коммиссионӣ пешбини нашудааст. Дар амалия зарурат ба чунин дархости коршинос дар мурофиаи чиноятӣ мумкин аст ба миён ояд. Бинобар ин, таклиф менамоем, ки ин норасоии КМЧ Точикистон бо роҳи ба сархатти дувуми қисми 4 моддаи 58 КМЧ Точикистон баъди калимаи «комплексӣ» илова кардани калимаҳои «ё коммиссионӣ» бартараф карда шавад.

Ҳуқуқ ба ташаббуси коршиносӣ, ки дар моддаи 191 КМЧ ЧШС Точикистон аз соли 1961 пешбинӣ шуда буд, дар КМЧ Точикистон мустақиман мустаҳкам нагардидааст. Аммо, ба назари мо, коршинос дар мурофиаи чиноятӣ чунин ҳуқуқро дорад. Чунки мутобиқи банди 6 қисми 1 моддаи 18 Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» [2] коршинос ҳуқуқ дорад, бо мувофиқаи мақоме (шахсе), ки экспертизаро таъин кардааст, оид ба масъалаҳои дар наздаш гузошташуда, инчунин дигар ҳолатҳое, ки бо ташаббуси коршиноси судӣ дар ҳудуди салоҳияти вай муқаррар карда шудааст, хулоса диҳад.

Бори аввал дар қонун ҳуқуқи коршинос чиҳати даст кашидан аз аз гузаронидани экспертизаи судӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи банди 10 қисми 1 моддаи 18 Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ», ҳангоми мавчуд будани ҳолатҳои зерин коршинос метавонад аз гузаронидани экспертизаи судӣ даст кашад:

1) Агар тартиби мурофиавии таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ вайрон карда шуда бошад, агар ин ҳолат гузаронидани экспертизаи давлатии судиро мушкил гардонад ё гузаронидани онро ғайриимкон намояд;

2) Агар объектҳои экспертиза ва маводи парванда барои додани хулоса корношоям ё нокифоя бошанд ва ба коршиноси судӣ дар пурра кардани онҳо рад карда шуда бошад;

3) Шароит, воситаҳои методӣ ва тачҳизоте, ки барои гузаронидани экспертиза ва додани хулоса заруранд, мавчуд набошад;

4) Агар барои ҳаёт ва саломатии коршиноси судӣ хатари воқеӣ мавчуд бошад. Иловатан ба ин, ҳуқуқи коршинос чиҳати даст кашидан аз пешниҳоди хулоса низ дар қонун зикр шудааст, агар ҳаллу фасли масъалаи гузошташуда аз доираи дониши тахассусии ў берун бошад ё маводи дар ихтиёраш буда барои додани хулоса нокифоя бошад (сархатти ҳафтуми қисми 4 моддаи 58 КМЧ Точикистон). Ин ҳуқуқи коршинос дар банди 2 моддаи 19 Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» ҳамчун вазифа (ўҳдадории) ў ба тариќи зайл дарч гардидааст: «аз додани хулоса даст кашад, агар масъалаҳои гузошташуда берун аз доираи донишҳои махсуси ў бошанд».

Мувофиқан, на дар КМЧ Точикистон ва на дар Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» истилоҳи ғайримкон будани додани хулоса истифода намешавад, ки дар КМЧ ЧШС Точикистон аз соли 1961 (ќ. 1 м. 75) пешбинӣ шуда буд. Ба назари мо, ҳолати дар сархатти ҳафтуми қисми 4 КМЧ Точикистон ва дар банди 2 моддаи 19 Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» дарчшуда, ки баъди таъин намудани экспертизаи судӣ мумкин аст ба вучуд ояд, асос барои аз чониби коршинос ба унвони шахсе, ки онро таъин намудааст, омода кардани иттилооти хаттӣ дар бораи ғайриимкон будани додани хулоса мебошад. Ҳмчунин, сухан бояд маҳз дар бораи ғайриимкон будани додани хулоса равад, на дар бораи ғайриимкон будани пешнињоди он. Чунки ғайримкон будани пешниҳоди хулоса маънои таҳия гардидани онро аз чониби коршинос дорад.

Ҳамзамон, дар мавриди ба миён омадани ҳолатҳое, ки дар банди 10 қ. 1 м. 18 Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» зикр шудаанд, ғайр аз мушкил гардонидани гузаронидани экспертизаи судӣ, ҳолатҳое мебошанд, ки додани хулосаи илман асонок, воқеъбинона ва холисонаро аз чониби коршинос зери шубҳа мегузоранд. Аз ин рў, ба андешаи мо, ин ҳолатҳо асоси на ҳуқуқ, балки ўҳдадории коршинос чиҳати даст кашидан аз гузаронидани экспертиза бояд бошанд. Мутобиқан ба Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» ворид намудани тағйироти дахлдор мувофиқи мақсад аст.

Дар талаботе, ки нисбат ба коршинос дар мурофиаи чиноятӣ пешбинӣ шудааст, гуфта намешавад, ки ў ҳатман бояд забони давлатиро донад. Бинобар ин, коршинос дар мурофиаи чиноятӣ ҳуқуқ дорад бо забони модарӣ ё дигар забоне, ки медонад, нишондод диҳад ва аз хизмати тарчумон ройгон истифода барад (сархатти чорум ва панчуми қ. 4 м. 58 КМЉ Точикистон). Ҳуқуқи дигари муҳими коршинос дар мурофиаи чиноятӣ, ки бори аввал дар қонун пешбинӣ гардидааст, ин аз амали таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя, ки ҳуқуқи ўро ҳангоми пешбурди экспертиза маҳдуд мекунад, шикоят намудан мебошад (сархатти ҳафтуми қ. 4 м. 58 КМЧ Точикистон).

Ўҳдадориҳои субъективии мурофиавии чиноятии коршинос дар қисми 6 моддаи 58 КМЉ Точикистон ва моддаи 19 Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» пешбинӣ шудаанд.

Якум, ўҳдадории коршинос чиҳати бо даъвати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя ҳозир шудан (сархатти якуми қ. 6 м. 58 КМЧ Точикистон). Дар банди 5 м. 19 Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» ин ўҳдадории коршинос бо зикри мақсади ҳозир шудан дақиқ карда шудааст: барои ба иштирокчиёни мурофиа нишон додани хулоса, ба саволҳои онњо посух додан, инчунин мазмуни хулосаро фаҳмондан.

Дуввум, дар сархатти дуввуми қ. 6 м. 58 КМЉ Точикистон ўҳдадории коршинос чиҳати вобаста ба масъалаҳои тадқиқот ва саволҳои пешниҳодшуда хулосаи асоснок ва воқеъбинонаи хаттӣ пешниҳод намудан дарч гардидааст. Дар банди 1 м. 19 Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» ўҳдадории мазкури коршинос бо мазмуни зерин омадааст: коршинос вазифадор мебошад, ки экспертизаи пурра гузаронад ва оид ба масъалаҳои дар назди ў гузоштаи мақоме (шахсе), ки ўро қонунгузории Чумҳурии Точикистон ваколатдор кардааст, хулосаи хаттии илман асоснок ва холисона диҳад. Ба назари мо, маҳз муқаррароти болозикри Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» бештар ба мақсад мувофиқ аст, чунки аз коршинос иловатан пешниҳоди хулосаи илман асоснокро талаб менамояд.

Сеюм, ўҳдадории коршинос чиҳати фош накардани маълумоти маводи парванда (сархатти сеюми қ. 6 м. 58 КМЉ Точикистон). Ин ўҳдадории коршиноси судӣ дар банди 8 м. 19 Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» бар тариқи зайл мушаххас карда мешавад: маълумотро дар бораи амалиёти тафтишотии бо иштироки ў гузаронидашуда ва ҳолатҳои дар ин маврид ошкор гардида, маълумоти мачлиси пўшидаи судӣ, инчунин маълумоти ба ў маълумшудаи холатҳоеро, ки ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри давлатӣ, тичоратӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда дохил мешавад, ошкор накунад.

Чорум, сархатти чоруми қ. 6 м. 58 КМЉ Точикистон ўҳдадории коршиносро чиҳати риоя намудани тартибот ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ ва мачлиси суд муайян мекунад.

Иловатан бар ин, дар Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» ўҳдадориҳои дигари коршиноси судӣ дар мурофиаи чиноятӣ пешбинӣ шудаанд, ки бо ҳаддалимкон беосеб нигоҳ доштани объектҳои экспертизашаванда аз чониби ў (банди 3 м. 19), пешниҳоди харочотнома ва ҳисоботи харочоти суратгирифта (банди 4 м. 19), инчунин нишон додани ҳуччатҳои тасдиқкунандаи тахассуси ў ба мақоме (шахсе), ки мурофиаи чиноятиро пешбурд менамояд (банди 6 м. 19), иртибот доранд.

Ҳамин тариқ, дар заминаи таҳлиле, ки дар боло анҳом додем, ба хулосаҳои зерин омадан мумкин аст.

  1. Коршинос дар мурофиаи чиноятӣ дорои нишонаҳои зерин мебошад: якум, коршинос дар мурофиаи чиноятӣ шахси воқеӣ аст; дуввум, ў шахсе мебошад, ки дорои донишҳои махсус дар соҳаи илм, техника, фарҳанг ё касбу ҳунар ба ҳисоб меравад; сеюм, коршинос шахсест, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ичозатномаи дахлдор дорад; чорум, коршинос дар мурофиаи чиноятӣ субъекте мебошад, ки функсияи муайянро дар чараёни пешбурди таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва ё ҳангоми муҳокимаи судии парванда анчом медиҳад, яъне экспертизаи судӣ мегузаронад; панчум, коршинос оид ба натичаи таҳқиқоти коршиносӣ дар мурофиаи чиноятӣ хулосаи хаттӣ тачия ва пешниҳод менамояд, ки ҳамчун сарчашмаи далел пазируфта мешавад; шашум, коршинос ба категорияи субъектҳои мурофиаи чиноятӣ дохил мешавад, ки ба оқибати кор манфиати ҳуқуќӣ надоранд; ҳафтум, яке аз нишонаҳои коршинос дар мурофиаи чиноятӣ мустақилияти ў мебошад; ҳаштум, нишонаи дигари коршинос дар мурофиаи чиноятӣ салоҳиятнокии ў мебошад; нуҳум, коршинос дар мурофиаи чиноятӣ шахсест, ки аз чониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ва ё суд даъват карда мешавад; даҳум, ба ҳайси коршинос таъин гардидани шахс бо санади дахлдори мурофиавӣ расмӣ карда мешавад.
  2. Дар асоси нишонаҳои дар боло зикршуда, мафҳуми коршиносро дар мурофиаи чиноятҳ чунин таъриф додан мумкин аст: коршинос дар мурофиаи чиноятӣ шахси воқеии ба оқибати кор манфиатнадоштаи дорои донишҳои махсус дар соҳаи илм, техника, санъат ва касбу ҳунар мебошад, ки экспертизаи судиро дар шакли таҳқиқоти коршиносӣ дар асоси санади мувофиқи шахси анчомдиҳандаи пешбурди парвандаи чиноятӣ мустақилона мегузаронад ва оид ба натичаи он хулосаи хаттӣ таҳия ва пешниҳод менамояд. Таклиф менамоем, ки таърифи мазкур дар м. 6 КМЧ ЧТ дар қатори мафҳумҳои дигари асосӣ чойгир карда шавад.
  3. Таҳлили нишонаҳои коршинос дар мурофиаи чиноятӣ имконият дод як қатор пешиҳодҳо оид ба такмили КМЧ Тоқикистон асоснок карда шаванд.
  4. Таҳлили умумии ҳуқуқ ва ўҳдадроиҳои субъективии коршинос дар мурофиаи чиноятӣ нишон дод, ки: 1) дар тафовут аз қонуни мурофиавии чиноятии даврони советӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи мурофиаи чиноятӣ танзими онҳо инкишоф ёфтааст; 2) КМЧ Точикистон ва Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» дар масъалаи танзими ҳуқуқ ва ўҳдадроиҳои субъективии коршинос дар мурофиаи чиноятӣ ҳамдигарро пурра менамоянд; 3) баъзе меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи мурофиаи чиноятӣ, ки ҳуқуқ ва ўҳдадроиҳои субъективии коршиносро дар мурофиаи чиноятӣ танзим менамоянд, ниёз ба такмил доранд. Бинобар ин, таклифҳо чиҳати такмили онҳо пешниҳод карда мешавад.

Сардори шуъбаи экспертизаи

судӣ криминалистӣ

Солеҳзода Д.У.



Яндекс.Метрика