Шӯъбаи экспертизаи судӣ-иқтисодӣ

Шуъбаи экспертизаи суди иктисодии МҶЭС ва К назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2004 сол таъсис дода шудааст.

Дар шуъбаи экспертизаи судии иктисодии мутахассисон Ёкубов Қурбонали Эмомович, Каримов Шамсулло Ибодуллоевич, Мирзоев Бобошо Файзович, Сулаймонов Даврон Мардонович, Гулов Изатулло Тиллоевич, Исломов Тоҳир Султонмуродович фаъолият доранд.

Экспертизаи судии иктисодиро дар асоси таъиноти маҷслиси суди, карори муфаттишон, дархости шахсони вокеъи ва ҳукикї, коршиносони суддии шуъба, ки корманди муассисаи экспертизаи давлатии судии МҶЭС ва К назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, экспертизаи судиро бо тартиби иҷрои вазифаҳои худ мегузаронад.

Максад аз фаъолияти шуъбаи экспертизаи суди иктисодӣ таҳияи масъалаҳои замонави, назария ва амалияи экспертизаи судӣ буда расонидани ёрии самаранокии илми – техникӣ ба макомоти таҳкик ва тафтишоти пешакї, суд ва шаҳсони вокеъи ва ҳукукӣ мебошад.

Ҳангоми гузаронидани экспертизаи суди иќтисодї, коршиносони судии шуъбаи иктисодӣ хулосаҳои худро бо баҳодиҳии объективи ва асоснокии илми, беғарази , босалоҳияти, дар асоси санҷишҳои махсуси гузаронидаашон асоснок менамояд то ин, ки боиси маҳдуд шудани ҳукук ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон нагардад.
Дар вакти гузаронидани экспертизаи суди иктисодӣ масъалаҳои зерин ҳаллу фасл карда мешавад:

  • Муайян намудани камомад, барзиёд будани арзиши моли ва воситаҳои пули, ҳаҷми ҳисороти расонидашуда;
  • Муайян намудани дурустии ҳуҷҷатгузори ва тартиби ҳуҷҷатҳо, амалиёти кабулкунии онҳо, ҳаракати маблағи пули;
  • Муайян намудани мувофикати нишондодҳо дар бањисобгирии муҳосибї амалиётҳои хоҷагии молияви ба тибќи талаботи
  • баҳисобгирии муҳосибӣ ва санадҳои меъёрҳои амалкунанда;
  • Муайян намудани асоснокии ҳуҷҷат, ҳаҷми маблағ вобаста ба даъво;
  • Муайян намудани камомадњо ва камбудиҳои иќтисодї дар доираи ќонуни Љумњурии Тољикистон дар бораи бањисобгирии муњосибї ва хисоботи молияви;
  • Муайян намудани ҳисобкунии андоз ва андозбандӣ дар асоси таъиноти маљлиси суди ва карори макомоти таъинкунанда;
  • Муайян намудани арзиши аслии маҳсулот ва дуруст тартиб дода шудаи калкулятсия молу маҳсулот;
  • Муайян намудани хурдашавии таљњизот дар асоси меъёрњои амаликунанда.


Яндекс.Метрика