Шӯъбаи экспертизаи судии-мавод маснуот ва экологӣ

Ташхиси судии мавод, маснуот ва экологӣ барои мақомоти таҳқиқ кунанда, суд ва чомеъа нақши муҳимеро мебозад. Нақши торафтафзояндаи санҷиши судҳо дар ошкор кардани ҷиноятҳо, боз ҳам тарақи додани он  зарурият ба таъсис додани ташхисҳои судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шуд.
Бо Қарори Совети Вазирони ИҶШС  аз 31 декабри 1950 дар ҳайати Вазорати адлияи ИҶШС  ва ҷумҳуриҳои иттифоқӣ муассисаҳои криминалистикии экспертӣ ташкил шуданд.
Нахустасоси таъсисёбии Марказ дар ҷумҳурии мо Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1959  № 451 «Дар бораи ташкил кардани лабораторияи илмӣ-тадқиқотии криминалистӣ» буд. Соли 1967 гуруҳи экспертҳо ба шӯъбаҳо табдил ёфта, шӯъбаҳои экспертизаҳои хатшиносӣ, экспертизаҳои  кимёви, физики-техникӣ, экспертизаҳои автотехникӣ  ташкил шуданд.
Соли 1971 лабораторияи криминалистӣ  ба лабораторияи илмӣ-тадқиқотии экспертизаҳои судӣ ( ЛИТЭС)  номгузорӣ шуда ба тобеияти Вазорати адлияи Республикаи Тоҷикистон дода шуд ва ҳамин тариқ барои мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникии он шароит фароҳам оварда шуд ва  дар ин замина шуъбаи криминалистии мавод маснуот ва ашъё таъсис дода шуд.
Дар баробари ба тобеияти Вазорати адлия гузаштани ЛИТЭС алоқаи он бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мустаҳкам гардид. Дар Вазорати адлияи Ҷумҳури дар солҳои аввали маҳдудияти худ  шӯъбаи кимёви-физикӣ (ЛИТЭС)  танҳо истеҳсоли намудҳои алоҳидаи экспертизаи физикию химикӣ, на фақат барои мақомоти судӣ-тафтишотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои баъзе вилоятҳои хамсоя кишварҳои ИҶШС санҷишҳои кимёвии далелҳои шайъиро ба ҷо меовард.
18 феврали соли 1998 бошад, Лабораторияи марказии илмӣ-тадқиқотии экспертизаҳои судӣ дар назди Вазорати адлияи ҶШС  Тоҷикистон бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   таҳти  № 44  Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номида шуд.
Дар баробари Сохторҳои  соҳавӣ дар Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистӣ (МҶЭСваК) шуъбаи криминалистии мавод модда ва маснуот фаъолият мекунад, ки он дар  давраи тарақии худ ташаккул ёфта дар замони ҳозира самти муайяни илмии худро дорад ва назарияи илмии ӯ дар системаи илмии дониш,  дар соҳаи эксперти мақоми муайяне дорад.   Бо баробари соҳибистиқлолиро ба даст овардани Тоҷикистон зарурати аз нав кардани заминаҳои ҳуқуқии экспертизаи судӣ низ ба миён омад.
Бо назардошти аҳамияти донишҳои махсус дар рушди ҷомеъа ва давлат, инчунин тақвияти минбаъдаи адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал фаъолияти экспертизаи судӣ заминаи устувори қонунгузорӣ пайдо кард.  25 июли  соли 2005 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонун «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» қувваи амалӣ пайдо кард, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва вазифаҳои асосии фаъолияти экспертизаи давлатии судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятие, ки ҳангоми ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ба вуҷуд меояд, танзим менамояд. Ба қонуни номбурда аз  соли 2007 ва соли 2011  тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Ин санад дар фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ- санади муҳими ҳуқуқӣ буда, мувофиқ бо тарзи нави системаи ҷамъиятӣ мебошад.
То замони истиқлол  ҳамаи маҷмӯи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ  танҳо бо забони русӣ нашр мешуданд. Коршиносон низ хулосаро танҳо бо забони русӣ омода месохтанд.
Имрӯз дар шӯъба коргузорӣ ва гузаронидани экспертизаҳо пурра бо  забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст.
Соли 2014 шӯъбаи мавод модда ва маснуот ба шӯъбаи мавод маснуот ва экологӣ номгузори шуд.
Шӯъбаи экспертизаи судии- мавод маснуот ва экологӣ ба туфайли мунтазам баланд бардоштани сатҳи ихтисоси кормандони шӯъба имрӯз тадқиқи таркиши-техникӣ, нахҳо, лаку ранг ва маводи сӯзишворию молиданӣ, моддаҳои нашъадор, фулузот ва махлулҳо, моеъҳои спиртдор, хок ва ғайраро бо муваффақият ба ҷо меоварад.
Ҳар сол дар шӯъбаи экспертизаи судии-мавод маснуот ва экологии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ  зиёда аз 90 ташхис  гузаронида мешавад.
Аз замони таъсисёбӣ то имрӯз шӯъба бо лабаратория ва таҳҷизотҳои замонави хеле инкишоф ёфтааст. Ҳоло дар шӯъба 4 нафар мутахассисон фаъолият менамоянд, ки дар таҳким ва волоияти қонун дар ҷумҳурӣ саҳми арзандае мегузоранд.



Яндекс.Метрика