Шӯъбаи экспертизаи судии техникаи ҳуҷҷатҳо
- 09.12.2016
- Сохта шуд: admin
- Гурӯҳ: Шуъбаҳо
Дар шӯъбаи ташхисҳои криминалистӣ асосан чор намуди ташхисҳои криминалистӣ гузаронида мешаванд: ташхиси техникии ҳуҷҷатҳо, ташхиси баллистикӣ , ташхиси трасологӣ ва ташхиси комплексии хатшиносӣ ва техникии ҳуҷҷатҳо.
Мутахассисони ШТК МҶЭС ва Криминалистии ВА ҶТ таҳқиқотҳои то судӣ ва судии ташхиси техникии ҳуҷҷатҳоро мегузаронанд.
Объектҳои асосии ташхиси техникии ҳуҷҷатҳо :
- Ҳуҷҷатҳо ва реквизитҳои онҳо (мӯҳр, тамға, матну имзо) (шиносномаҳо, шаҳодатномаҳо, васиятномаҳо, дипломҳо, аттестатҳо, варақаҳои корношоямӣ, шартномаҳо, ордерҳои хароҷоти хазинавӣ, борхатҳо, маълумотномаҳо ) мебошанд, ки далели шайъӣ буда ба аслӣ будани онҳо шубҳа пайдо шудааст;
- Воситаҳои техникӣ ва олотҳое, ки барои тартиб додани ҳуҷҷатҳо истифода шудаанд, объекти ин ташхис шуда метавонанд( мошинаҳои чопӣ,принтерҳо, олотҳои навишт);
- Ашьёҳое,ки ҳуҷҷат нестанд,вале барои ташхиси онҳо усулҳои ташхиси техникии ҳуҷҷатҳо истифода бурда мешаванд: маркаҳои аксизӣ , асъорҳо,ашьёҳо аз чуб, пӯст ва ғайра ,ки матнашонро барқарор кардан лозим аст;
- Борҷомаҳо аз қоғаз ва картон, ки навиштаҷот, мӯҳру тамға доранд;
Вазифаҳои асосии ташхиси техникии ҳуҷҷатҳо:
- Муайян намудани тарзи тайёр кардани ҳуҷҷатҳо;
- Муайян намудани вақти тайёр кардани ҳуҷҷатҳо ва қисмҳои алоҳидаи онҳо (вақти нисбӣ );
- Муайян кардани ҳолат ва тарзи ворид кардани ислоҳотҳо ба ҳуҷҷатҳо;
- Барқарор кардани мазмуни пештараи ҳуҷҷат;
- Муайян кардани он ҳолате , ки қисмҳои даридаи қоғаз ба як ҳуҷҷат тааллуқдоранд ё не;
- Идентификацияи (Муқоисаи) воситаҳои техникие, ки барои тайёр кардани ҳуҷҷатҳо ё барои ворид кардани ислоҳотҳо ба ҳуҷҷатҳо истифода бурда мешаванд;
- Муқоиса намудани олотҳо ва асбобҳое, ки барои тайёр кардани ҳуҷҷатҳо ё барои ворид намудани ислоҳотҳо ба ҳуҷҷатҳо истифода бурда мешаванд;
Асос барои гузаронидани ташхиси техникии ҳуҷҷатҳо: таъиноти суд, қарори муфаттиш ё шахси таҳқиқбаранда, мактуби шахси юридикӣ ва аризаи шахси воқеӣ оиди таъин намудани ташхиси техникии ҳуҷҷатҳо мебошад. Дар асоси ташхиси гузаронидашуда хулосаи хаттии эксперт тартиб дода мешавад. Дар асоси мактуби шахси юридикӣ ва шахси воқеӣ хулосаи мутахассис тартиб дода мешавад.
Шарти асосӣ : Ташхис танҳо аз рӯи ҳуҷҷатҳои асосӣ (оригинал) гузаронида мешавад. Аз рӯи нусхаҳо(ксеронусхаҳо) гузаронидани ташхис манъ аст.
Мӯҳлати гузаронидани ташхисҳо вобаста ба ҳаҷм ва мураккабии тадқиқот : аз 5 рӯз то 30 рӯз.
Тартиби пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои ташхисшаванда : тарафҳо маводҳоро ба воситаи суд, муфаттиш, шахсан ё ба воситаи шахси ваколатдор пешниҳод мекунанд.
Агар Шумо хулосаи ташхис доред ва мехоҳед,ки асоснокии илмӣ, сифат пуррагӣ ва холисона будани онро санҷед, метавонед ташхиси такрорӣ таъин кунед.
Дар шӯъбаи ташхисҳои криминалистӣ 5 нафар мутахассис кор мекунанд. Ҳамаи онҳо дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, якчанд тахассуси экспертӣ доранд. Кормандони шӯъба мутахассисони соҳибтаҷриба ва баландихтисос буда кӯшиш менамоянд экспертизаҳоро дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин ,бо сифати аъло , бо истифодаи таҷҳизот ва усулҳои нави илман асосноккардашудаи замонавӣ иҷро кунанд.