Шӯъбаи кадр ва коргузорӣ
- 15.02.2017
- Сохта шуд: admin
- Гурӯҳ: Шуъбаҳо
No Comments
Шуъбаи кадр ва коргузорӣ ҷузъи сохтори Марказ ҷумҳурявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар тобеияти бевоситаи он қарор дорад.
Дар шуъбаи кадр ва коргузорӣ 4-нафар мутахассисон,кор ва фаъолият менамоянд, ҳамаи онҳо дорои маълумоти олӣ-ҳуқуқшиносӣ мебошанд.
Мақсад аз фаъолияти шуъбаи кадр ва коргузорӣ таклиф ва пешниҳодҳо оид ба ҷобаҷогузории кадрҳо, пешниҳодҳо оид ба ишғолкунии мансабҳои озод, пешниҳод оиди ҷойивазкунии кормандони Марказ, оиди ташкили аттестатсияи мутахассисон, инчунин ба онҳо додани тахассуси эксперти судӣ мебошад.
Шуъбаи кадр ва коргузорӣ мувофиқи самти фаъолияташ дорои вазифаҳои асосии зерин мебошад:
- қабули маводҳои воридгашта аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;
- баргардонидани хулоса ва маводҳои иҷрошуда ба мақомоти номбаршуда;
- таъмини нигоҳдории парвандаҳои шахсии кормандони Марказ;
- таъмини тартиботи дохилии меҳнатии кормандони Марказ;