- 07.12.2016
- Сохта шуд: admin
- Гурӯҳ: Шуъбаҳо
Соли 1975 дар Марказ ҳамагӣ як нафар эксперт –молшинос дар шӯъбаи криминалистии масолеҳ, моддаҳо ва маснуот фаъолият дошт. Аз соли 1983 гурӯҳи молшиносон аввал дар ҳайати шӯъбаи ҳисобдорӣ фаъолият доштанд. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрванди фаъолияти мақомоти тафтишии кишвар фалаҷ гардида барои гузаронидани экспертизаҳои ҳисобдорӣ эҳтиёҷ намонд ва ниҳоят шӯъбаи экспертизаи ҳисобдорӣ барҳам дода шуд ва аз соли 1993 гурӯҳи молшиносон дар ҳайати шӯъбаи автотехникӣ (инженерно –технических исследований) фаъолият доштанд.
Дар баробари густариш ёфтани низоми иқтисоди бозоргонӣ талабот ба экспертизаҳои молшиносӣ афзоиш намуд ва бинобар ин,соли 1997 гурӯҳи молшиносон дар ҳайати шӯъбаи автотехникӣ (инженерно – технических иследований) ҷудо шуда, дар Марказ шӯъбаи молшиносӣ таъсис дода шуд.
Аз соли 1997 то соли 2008 дар ҳамин шӯъба се намуд ташхис аз он ҷумла ташхиси молшиноси ,муҳосиби ва инжинери техники гузаронида мешуданд.
Соли 2008 аз тарафи Роҳбарият ҳар як шӯъба дар алоҳидагӣ ҷудо карда шуд:
- Шӯъбаи суди молшиносӣ;
- Шӯъбаи муҳандисию – сохтумонӣ;
- Шӯъбаи судии иқтисодӣ;
Шӯъбаи экспертизаи судӣ молшиносӣ экспертизаҳои зеринро анҷом медиҳад:
- Муайян намудани сифати мол;
- Муайян намудани арзиши амволҳои манқул ва ғайри манқул;
- Муайян намудани арзиши амволҳо бо назардошти истифодабарӣ ва хурдашавӣ;
Дар шӯъбаи судии молшиносӣ ҳафт нафар мутахассис кор ва фаъолият менамоянд.