Шӯъбаи экспертизаи судӣ-хатшиносӣ
- 09.12.2016
- Сохта шуд: admin
- Гурӯҳ: Шуъбаҳо
Экспертизаи судӣ хатшиносӣ – яке аз намудҳои васеъи экспертизаи кримналистӣ мебошад,
Бори аввал соли 1960 Озмоишгоҳи марказии илмию тадқиқотии экспертизаҳои судӣ дар назди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон таъсис ёфт.
1967 гурӯҳи экспертҳо ва шӯъбаҳо, аз он ҷумла шӯъбаи экспертизаи хатшиносӣ ташкил ёфт, то ба ҳол арзи вуҷуд дорад.
Шӯъбаи судӣ-хатшиносии Марказ амалиётҳои зеринро иҷро менамояд: ташхиси ҳусни хат ва имзо, таҳқиқҳои махсус – ҳолатҳои мастӣ, беморӣ, пиронсолӣ, бо тарзи тақлид бо ҳуруфоти чопӣ иҷро намудан, бо дасти чап иҷро намудан ва муайян намудани ҳолатҳоро муқарар менамоянд.
Вазифаҳои асосӣ ва Самтҳои асосии фаъолияти экспертизаи судӣ –хатшиносӣ:
- дар асоси қарор ва таъиноти мақомотҳои суд, прокуратура ва дархости шахсони воқеъӣ, гузаронидани таҳқиқотҳо доир ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва шаҳрвандӣ;
- истифода бурдан аз адабиётҳои соҳавӣ ва шабакаи интернтӣ, кор карда баромадани тарзу усулҳои нав, доир ба гузаронидани таҳқиқот;
- ошкор кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир кардани ҷиноятҳо мусоидат мекунад ва кор карда баромадани пешниҳодҳои пешгирикунандаи ҳӯқуқвайронкунӣ;
- расонидани ёрии методӣ ба коркунони мақомоти суд ва тафтишот;
Кормандони шӯъбаи судӣ-хатшиносӣ барои кормандони мақомоти суд, таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ дар мавзӯҳои мухталиф маърӯза ва семинарҳо мунтазам мегузаронанд, то ки онҳо бо имкониятҳои муосири намудҳои гуногуни таҳқиқот ва санҷиш, қоидаҳои расмикунонии ҳуҷҷатҳои санҷиш шинос карда шавад.
Забони тоҷикӣ пас аз ба мақомоти давлатӣ соҳиб гардидан ҳамаҷониба такмил ёфта, бо ин забон дар сатҳи баланди ҳукумативу давлатӣ ҳуҷҷатҳои расмии дохиливу хориҷии кишварамон таҳия ва дастраси ҳамагон гаштааст.
Экспертҳои шӯъбаи судӣ-хатшиносии Марказ мафҳумҳои экспертизаи хатштносиро аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума карданд.
Кормандони Марказ ҳамаи хулосаҳои худро танҳо бо забони тоҷикӣ таҳия намуда ба мақомотҳо пешниҳод менамоянд.