- 07.12.2016
- Сохта шуд: admin
- Гурӯҳ: Шуъбаҳо
Соли 1961 дар лабораторияи криминалистии факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон гурӯҳи ташхиси автотехникӣ ташкил шуд, ки ҳамагӣ аз ду нафар корманд: Оврутский Иля Яковлевич ва Калядин Борис Прохорович иборат буд. Соли 1967 гурӯҳи ташхиси автотехникӣ ба шӯъбаи ташхисҳои автотехникӣ табдил дода шуд, ки нахустин роҳбараш Оврутский Иля Яковлевич таъин мегардад.
Соли 1993 шӯъбаи автотехникӣ ба шӯъбаи таҳқиқи муҳандисию техникӣ (инженерно-технических исследований) табдил дода шуд ва ба тобеияти шӯъба, кормандони шӯъбаҳои муҳисобӣ (бухгалтерӣ), сохтмонӣ, молшиносӣ, худмаблағгузорӣ шомил шуданд. Соли 1997 шӯъбаҳои муҳисобӣ (бухгалтерӣ), сохтмонӣ, молшиносӣ, худмаблағгузорӣ аз нав таъсис ёфта, шӯъбаи таҳқиқи муҳандисию техникӣ (инженерно-технических исследований) боз ба шӯъбаи автотехникӣ мубаддал гашт. Аз соли 2010 шӯъбаи автотехникӣ, шӯъбаи экспертизаҳои судии техникаи нақлиёт номида шуд.
Айни ҳол дар ҳамаи филиалҳои Марказ истеҳсоли экспертизаҳои автотехникӣ ба роҳ монда шудааст.
Шӯъбаи экспертизаи судии техникаи наклиёт экспертизаҳои зеринро анҷом медиҳад:
- таҳқиқи ҳолатҳои рух додани садамаҳои нақлиётӣ бо усулҳои (риёзӣ) математикӣ;
- таҳқиқи ташхиси ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, қисмҳо ва ҷузъҳои эҳтиётии онҳо;
- экспертизаи нақлиётӣ-трасологӣ (пайшиносӣ);
- нархгузорӣ ба воситаҳои нақлиёт, қисмҳо ва ҷузъҳои эҳтиётии онҳо; (экспертизаи воситаҳои нақлиёт бо роҳи баҳогузорӣ, автотовароведческое);
- экспертизаи комплексӣ;
- таҳқиқ оиди барқарор кардани рақамҳои аслии бордон ва муҳаррики воситаҳои нақлиёт;
Барои пешгирӣ намудани ҷиноят корҳои профилактикӣ бурда мешаванд. Аз ин сабаб, яке аз паҳлӯҳои дигари фаъолияти шӯъбаи автотехникӣ, профилактикаи ҳуқуқвайронкуниҳо – тадқиқот дар асоси донишҳои махсус ва муайян кардани ҳолатҳое ( сабаб ва шароитҳое) мебошад, ки ба қонунвайронкуниҳо мусоидат менамоянд ва кор карда баромадани роҳу усулҳо ва омилҳое, ки ин камбудиҳоро ошкору бартараф менамоянд.
Коршиносони автотехникӣ чунин ҳолатҳоеро ки ба содиршавии ҷиноят, яъне садамаи роҳу нақлиётӣ оварда мерасонанд, муайян менамоянд:
- нуқсонҳои сохтмонӣ ва камбудиҳо оид ба технологияи тайёр намудани воситаҳои нақлиёт;
- носозиҳои техникии воситаҳои наклиёт, ки дар раванди истифодабарӣ, таъмир ва хизматрасонии техникӣ ба вуқӯъ омаданд;
- камбудиҳо дар ташкили ҳаракат дар қитъаҳои муайяни роҳ (набудани аломатҳои роҳ, чароғи раҳнамо ё дигар намуди танзимшавии роҳ, ё ин ки истифодабарии
- нодурусти онҳо);
- амалҳои пиёдагардон ё ин ки дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ки ба содиршавии садамаи роҳу наклиётӣ мусоидат намуданд;
- аз ҷихати техникӣ қаноатбахш (ғайриқаноатбахш) набудани ҳолатхои роҳ;
- амалҳои ронандагон, ки иҷрои талаботи техникии бехатарии ҳаракатро таъмин накарданд;
- истифодабарӣ ва таъмири воситахои нақлиёт ва дигар камбудихои ташкилию техникӣ;
- камбудиҳо дар ташкили хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёте, ки ба шахсони воқеӣ тааъллуқ доранд;
- истифодабарии воситаҳои нақлиёти аз ҷихати техникӣ носоз , ки ба содиршавии садамаи роҳу нақлиётӣ мусоидат менамоянд;
Фаъолияти методӣ бо мақомоти судию тафтишоти ва прокуратура ба роҳ монда шудааст. Барои коркунони мақомоти суду тафтишот дар мавзӯъҳои мухталиф лексияҳо таҳия карда фиристода мешаванд, то ки онҳо бо имкониятҳои муосири намудҳои гуногуни санҷиш, қоидаҳои расмикунонии ҳуҷҷатҳои санҷиш шинос карда шаванд.