Аз ошкорсозии чиноят дар раванди гузаронидани экспертизаи суди-хатшиноси, то шинохти хислати инсоният.

Аз ошкорсозии чиноят дар раванди гузаронидани экспертизаи суди-хатшиноси, то шинохти хислати инсоният.

Экспертизаи давлатии суди яке аз самтњои асоси ва мухим дар рохи ошкор кардани чиноят мебошад. Тачриба нишон медихад, ки хама гуна чиноят танхо бо рохи таъин ва гузаронидани экспертиза исботи худро меёбад. Дар зимн, хатшиносии суди аз бахшхои мухими илми криминалистика ба хисоб меравад, ки тавассути он инкишофи малакаи хатти – харакатии шахс мавриди омўзиш ќарор мегирад ва он усулу роххои халли масъалахои ташхиси суди хатшиносиро мавриди омўзиш ќарор медихад.

Дар солхои охир шумораи чиноятхо дар бахши молияви ба таври назаррас афзоиш ёфта, тасарруфи маблаѓхо бо истифодаи хуччатхои ќалбаки, кафолатхои ќалбакии бонки ва «шустушўи» маблагхое, ки бо рохи чиноят ба даст омадаанд, васеъ пахн шудааст.

Дар айни замон, хангоми баррасии чиноятхои дар сохаи иќтисоди содиршуда хазорхо хуччатхо њамчун далели шайъи гирифта мешаванд. Дар ин холатхо объекти тадкикот, яъне сабти дастнависњо ва имзохо дар хисобномахо, борхатхо, хисоботхо, расидхо ва ѓайрахо ба хисоб мераванд. Хангоми баррасии парвандахои граждани низ асли будани сабти дастнависхо ва имзохо дар шартномахо, ваколатномахо, васиятномахо, инчунин дигар мукотибахои кори ва шахси мавриди бахс ќарор мегиранд. Аз гуфтахои боло маълум мегарданд, ки экспертизаи хатшиноси яке аз маъмултарин намуди экспертиза хангоми баррасии парвандахои чинояти, граждани ва иќтисоди ба шумор меравад.

Омўзиши хусни хат решаи амиќи таърихи дорад. Хатто дар замонхои ќадим одамон хусни хат ва хислати шахсро дар алоќаманди бо хам меомўхтанд. Дар яке аз номахояш император Нерон ќайд кардаст, ки «Ман аз ин одам метарсам, зеро хусни хати ў табиати хиёнаткориашро нишон медихад». Инчунин таърихшиноси Руми Светони хасисии Император Августро тавсиф карда кайд кардааст, ки; «Ў калимахоро ба хамдигар бисёр наздик менавишт ва хатто дар зери хатхо низ ќайдхо мегузошт». Ин хусусиятхоро хамчун порчае аз аввалин тахќиќотхои графологи, ки то замони мо омада расидаанд, метавон гуфт. Аммо дар замони асрхои миёна хама дастовардхои чамъшуда нобуд гашта буданд. Давраи дуюми эхё гаштани илми графалогия ин соли 1622 мебошад, ваќте ки китоби итолян К.Балдо «Чи тавр табиат ва хислати инсонро бо назар кардан ба харфе, ки ў навиштааст, омўхт» аз нашр баромад. Аммо, пас он ки Людовики 15 тавсифи хусни хати худро аз чониби графологхо ќабул кард, ба ў хаќиќате, ки онхо ба ў наќл карданд, писанд наомад ва амр дод, ки хама графологхо аз Фаронса ронда шаванд.

Баъди чандин солхо таърих боз такрор шуд, аммо дар кишвари дигар Иттиходи Шурави Академик В.Бехтеров дар кулуарах съезда бо равоншиносон ва асабшиносон дар бораи натичахои ташхиси номаи Сталин суханрони кард, ки дар онхо чунин суханхо мавчуд будан: «Ин як хусни хати шахси хашмгин бо маънои таъќиб аст».

Баъди ин воќеъа академик бо сабабхои номаълум вафот кард ва дар мамлакат графология хамчун илми дуруѓин эълон шуд.

Императори Фаронса Наполеон бошад, дар тули хаёташ хусни хаташро чанд маротиба иваз намудаст, ки олимон онро то хафт (7) маротиба шумурданд. Дар мисоли овардашуда дида мешавад, ки хусни хати ў аз имзояш ба кулли фарќ мекунад.

Хусни хати А.С. Пушкин бошад одатан «курсив» номида мешавад. Аммо хусни хати ў на ба муаллимон ва на ба пайравонаш писанд буд.

Дар чахон ду (2) хел хусни хати якхела вучуд надорад, хамчунон мисли ду (2) хислати якхела. Хатто агар ба нигохи аввал ба назар расад, ки хусни хат ва хислати одамон мисли ду ќатраи об монанданд, ин тавр нест, онхо инфиродианд.

Бинобар хамин, агар инсон кушиш кунад, ки хусни хаташро таѓийр дихад, коршиноси пуртачриба бо муќоиса намудани хусни хати одди бо таѓийрдодашуда унсурхои умумии онро муайян намуда, шахси ичрокунандаро ошкор менамояд.

Дар замони муосир (хозира) дар давлатхои пешрафта ба сохаи графология таваччухи хосса доранд. Дар Иёлоти Муттахидаи Амрико ва аксарият давлатхои аврупо дар факултахои равоншиноси хусни хатро меомўзанд. Дар кишвари мо илми хатшиноси танхо дар факултетхои хуќуќшиносии муассисахои оли омўзонда мешавад. Вале, мутаассифона, ба криминалистон мохияти равонии муаллифи хусни хат имиќ омўзонда намешавад.

Хусни хати одамонро вобаста ба хусусиятњои гуногунашон ба хатхои зебо,нофахмо, ороиши, калон, хурд, кач, ноустувор, номуайян ва ѓайрахо раддабанди кардаанд. Гуфта мешавад, ки аз хусни хат дар бораи шахс маълумоти бисёр гирифта мешавад. Олимон исбот карданд, ки байни хусни хат ва хислати шахс алоќамандии муайян вучуд дорад. Хангоми навиштани харакати дастхо тавассути майнаи сар идора карда мешаванд. Аз ин рў, дар хусни хат таассуроти равандхои рўхии шахс дарч мегардад.

Тахлилхои графологи дар асоси як ќатор параметрхо (унсурхо) гузаронида мешавад: хам самти хараќат (ба тарафи рост, чап, боло ва поён), хусусиятхои ичрои харфхо, майл, дарачаи фишурдани даст ва хам чойгиршави дар вараќ мухим аст. Дар мачмўъ, дар асоси хамаи ва дигар параметрхо тавсифи инфироди ба вучуд меояд.

 

 



Яндекс.Метрика