Экспертизаи фототехникӣ

Дар шароити рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва афзоиши ҷинояткорӣ, ки дар айни замон дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои аъзои ИДМ рӯй дода истодааст, тартиби ошкор кардани ҷиноят ва шахсонионҳоро содиркунанда дида мешавад. Ба ғайр аз ин далели зеринро ҳам бояд қайд кард, ки аксари ҷиноятҳо аз ҷониби ҷинояткорони алоҳида ва гурӯҳҳои ҷиноятие содир карад мешаванд, ки дорои таҷҳизоти муосири техникӣ ва саводи баланди муносибат бо техника ҳастанд.

Дар муқобили авҷи фарогири ҷинояткорӣ дар мамлакат бояд ба воситаи системаи самараноки таъминоти техникӣ-криминалистӣ дар фаъолиятҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва мурофиавии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муқобилият намуд, ки ба шароити нави мубориза бо ҷинояткорӣ мутобиқ ҳастанд.

Баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати тафтишоти ҷиноятҳо метавонад дар натиҷаи фаъолона ворид кардани комёбиҳои муосири илм ва техника ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба даст оварда шавад.

Яке аз шаклҳои истифодаи имкониятҳои воситаҳои илмӣ-техникӣ ва усулҳо дар ошкор кардан ва тафтишоти ҷиноятҳо ин такмили истеҳсолоти экспертизаҳои криминалистӣ аст. Бо падид омадани объектҳои нави дорои иттилооти муҳими криминалистӣ оиди далелҳое, ки тибқи парванда ба муқарраркунӣ ниёз доранд, масъалаи коркарди усулҳои нави тадқиқоти криминалистии онҳо аҳамияти вижа пайдо мекунад. Вобаста ба ин навъҳои нави ғайримаъмулии экспертизаҳои криминалистӣ ба вуҷуд омаданд, масалан, экспертизаи судии фототехникӣ.

Таҳлили таҷрибаи экспертӣ нишон медиҳад, ки дар солҳо охир миқдори экспертизаҳои иҷрошуда бетанаффус афзоиш меёбад, ки вазифаи онҳо тадқиқоти маводҳои аккосӣ ҳастанд. Масалан,  дар шарҳи МЭК ВКД Россия «Дар бораи вазъият ва натоиҷи корҳои бахшҳои экспертӣ-криминалистии мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 1999» афзоиши экспертизаҳои фототехникии анҷомёфта дар муқоиса бо соли 1998 12% ва дар муқоиса бо соли 1997 20,4%-ро ташкил додаанд. Лекин, чӣ хеле таҷриба нишон медиҳад, бисёре аз муфаттишон аз донишҳои махсус, ки барои азназаргузаронии тафтишотии маводҳои аккосӣ заруранд бархурдор наҳастанд, экспертҳо бошанд бештар бо назардошти вазифаҳои гузошташуда ва вижагии объектҳои таҳқиқшаванда, дар интихоби маҷмӯи беҳтари усулҳои тадқиқот ва баҳогузории натиҷаҳои корбурди онҳо душворӣ мекашанд. Ин пеш аз ҳама, аз тавзеҳи нокофии проблемаи мазкур дар адабиёти махсус вобаста аст. То ба имрӯз коркарди илмии маҷмӯи ҳамаи мушкилоти вобаста бо корбурди донишҳои махсус дар тафтишоти ҷиноятҳое, ки далелҳои шайъии онҳо маводҳои аккосӣ ҳастанд, мавҷуд нест. Вобаста аз сабабҳои дар боло зикршуда, ҳаҷми маълумоти хусусияти ташхисӣ ва ҳувиятшинохтӣ дошта кам мешавад, ки самаранокии истифодаи натиҷаҳои экспертизаҳои фототехникии гузаронидашударо дар тафтишот ва ошкоркунии ҷиноятҳо, махсусан ба тадқиқоти маводҳои аккосии ранга дахлдоштаро хеле паст мекунад. Шароити мазкур аҳамияти интихоби мавзӯи диссертатсионӣ ва муҳтавои онро муайн кардаанд.

Коркарди хусусии асосҳои назариявӣ ва методии тадқиқоти криминалистии маводҳои аккосӣ барои суратҳои ранга дар мувофиқат бо консепсияи илмии олимон-криминалистон В.К. Башка­тов, Р.С. Белкин, А.И. Винберг, Л.В. Винитский, Е.Н. Дмитриев, Л.Б. Мед­ведева, В.С. Митричев, Д.Я. Мирский, В.Я. Колдин, Е.Р. Российский, Э.А. Тросман, А.Р. Шляхов ва дигарон гузаронида шудаанд.

Дар айни замон вазифаи тадқиқоти маводҳои аккосӣ дар муқаррар кардани навъ, якҷинсии маводи муқавво ва қабати рӯшноиҳискунанда аст, оиди коршоямии маводҳои аккосӣ дар дарёфти тасвири аккосӣ ҳангоми истеҳсолоти экспертизаҳои фототехникӣ қисман ҳалли худро ёфтааст, ба туфайли ворид кардани усулҳои нави таҳлил ба таҷрибаи экспертӣ, ки асосан марбути маводҳои аккосии сиёҳу-сафед ҳастанд. Дар натиҷаи ин таҷрибаи тадқиқоти криминалистӣ дар ҳалли аксари масъалаҳое қодир аст, ки мақоми тафтишкунандаи ҷиноят дар доираи экспертизаи фототехникӣ баровардааст. Лекин, усулҳои корбурдшаванда имкони ҳал кардани вазифаҳои дар боло номбаршударо ҳангоми тадқиқоти маводҳои аккосии ранга намедиҳанд, дар ҳолатҳои набудани маводи бастабандӣ, рамзи БХ ва инчунин дар сурати ба тадқиқот ворид шудани қабати эмулсионии аз муқавво ҷудогашта ва дорои андозаи хаттии камтар аз 50 мм.

Дар робита бо ин тадқиқот дар коркарди воситаҳои илмӣ-техникӣ ва усулҳои ташхиси маводҳои аккосии ранга ҳангоми гузаронидани  экспертизаҳои фототехникӣ муҳим аст. Барои ҳал кардани вазифаҳои мазкур усулҳои хроматографӣ, ки гузаронидани тақсимот ва таҳлили омехтаҳои чандҷузъиро имкон медиҳанд, муҳим ҳастанд. Дар ин сурат объекти тадқиқот қабати эмулсионии маводҳои аккосии ранга ба ҳисоб меравад. Усулҳои мазкур имкон медиҳанд, ки навъи маводи аккосии ранга, якҷинсии қабати эмулсионии вай ва коршоямии маводии аккосӣ барои дарёфти тасвири аксӣ муайян карда шаванд. Ба ғайр аз ин, ба воситаи усулҳои мазкур муайян кардани он ки, оё маводи аккосии ба тадқиқот пешниҳодшуда дар зери таъсири рӯшноӣ қарор дошт ё на, имконпазир мегардад. Яке аз усулҳои дастрас фаврӣ дар байни усулҳои тадқиқоти хроматографӣ усули хроматографияи тунукқабат аст. Усули мазкур дорои иттилооти кофӣ аст, таҷҳизоти гаронарзишу мураккаб ва корманди баландтахассусро талаб намекунад.

 



Яндекс.Метрика