Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 марҳалаи нави рушди ҷомеаи муосир мебошад.

Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 марҳалаи нави рушди ҷомеаи муосир мебошад.

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 аз моддаи 1 боби 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Маҳз бо назардошти ҳамин нукта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид намуданд, ки ба ифтихори санаи бисёр муҳимми таърихӣ сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шавад.

Маърифати ҳуқуқӣ мафҳуми дар назари аввал мураккаб буда, дар асл моҳият, дарк ва фаҳмиши он мушкилӣ надорад — он иҷрои амалҳои ҳаррӯзаи ҳар шахс- шуруъ аз сокини муқаррарӣ то масъули сатҳи гуногуни роҳбариро дар доираи қоидаҳо, қонунҳо, инчунин риояи меъёрҳои умумибашарии қабулшуда талаб менамояд. Дар идомаи моддаи 1 Констутитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз таъкиди он ки Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, чунин омадааст: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».

Давоми 30 соле, ки Конститутсия бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид, аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати мамлакат тамоми қонунҳои зарурӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароит баҳри зиндагии боэътибор, шоиста ва арзандаи ҳар сокини мамлакат қабул шуда, дар ҳолати зарурӣ ба қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид шуданд. Зиёда аз ин бо назардошти рушду инкишоф ва пешрафти ҷомеа роҳбарияти олии мамлакат бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ тадбирҳои заруриро дар доираи Конститутсия амалӣ намуданд.

Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид намуданд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии давлатамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем».

Нуқтаи муҳимтарини дигар, ки аз тавъам донистани Соли маърифати ҳуқуқӣ бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ин «вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир — терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ» мебошад. Ба ифодаи дигар, таъмини амнияти мамлакат, суботи ҷомеа, бехатарии шахс моро водор месозад, ки бештар аз ҳар вақти дигар — ҳатто аз даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он — мусаллаҳ бо донишҳои замонавӣ бохабар аз бозиҳои геополитикии абарқудратони ҷаҳону минтақа, муттаҳид дар забону амал, муваффақ дар расидан ба ормонҳои миллӣ бошем.

Қабул гардидани қонунҳо баҳри зиндагии шоиста як тарафи амали воқеӣ аст, ки Ҳукумат дар симои парлумон иҷро намудааст. Тарафи дигар иҷрои босифат ва риояи пурраи қонунҳои қабулгардида мебошад. Дар ҳамин маврид мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ» ҳувайдо ва вориди майдон мешавад. Барои дарки маънӣ метавон аз мафҳуми маърифати экологӣ истифода бурд. Зимнан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонун дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» аз моҳи декабри соли 2010 қабул шудааст. Ҳадаф аз қабули ин қонун ташаккул додани тарбия ва фарҳанги экологӣ, созгории таъсири мутақобилаи инсон, аҳли ҷомеа ва муҳити зист, ташаккули шахси ҳаматарафа инкишофёфта буда, тибқи банди 5 моддаи 13 ҳамин қонун падару модар вазифадор мебошанд, ки кӯдаконро дар руҳияи муносибати ғамхорона ва масъулиятшиносӣ нисбат ба муҳити зист тарбия намоянд. Мо бояд дарк намоем, ки таъсир расонидан ба муҳити зист- ин таъсиррасонӣ ба зиндагии шахс аст ва ин таъсир мутақобила мебошад. Як намунаи дигар барои дарки осони маърифати ҳуқуқӣ метавонад маърифати оиладорӣ бошад. Эҳтироми падару модар, тарбияи дурусти фарзанд, риояи тартибу низом, дур будан аз амали бад, гуфтори зишту рафтори қабеҳ дар маърифати оиладории миллати тоҷик аз азал бо роҳи ирсӣ омада, муайян ва қабул шудааст. Ҳамчунин метавон аз маърифати исломӣ гуфт, ки тибқи он ҳар мусулмон рукнҳои динро ба ҷо меорад.

Маврид ба ёдоварӣ аст, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти олии мамлакат қарор дошт. Чунончӣ, 5 ноябри соли 2009 зимни суханронӣ ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буданд: «Эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқӣ тақозо менамояд».

 

Маълум аст, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон кори саҳлу осон нест, шахси аз ҷиҳати ҳуқуқӣ бомаърифатро наметавон дар як рӯз ё як солу панҷ сол тайёр намуд. Ин раванд дар ҳамбастагӣ бо оила, мактабу маориф ва иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа метавонад самари нек ба бор оварад.

Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 марҳилаи нави рушди ҷомеа бояд дониста шавад. Яъне, баъд аз тай намудани марҳалаҳои душвору мураккаби солҳои нахустини истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат бо қатъият раҳо ёфтан аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, муваффақона бартараф намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, босуръат гузаштан ба марҳалаи ободкорӣ ва созандагӣ, мавқеи устувор гирифтан дар доираҳои бонуфузи байналмилалӣ ва харитаи сиёсии ҷаҳонӣ, қабул гардидани санад ва қонунҳои ҷавобгӯ ба талабот акнун фурсати он расидааст, ки қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи қонунро дар сафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифаи аввалиндараҷа муайян намудаанд: «Таъкид менамоям, ки роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба риояи ҳатмии ойинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун эътибори доимӣ ва қатъӣ диҳанд».

Дар навбати худ роҳбарияти олии мамлакат баҳри таъмин намудани амнияти мамлакат амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ — таъмин намудани беҳтарин шароити зиндагиву хизмат, омода намудани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозонро зарур донистанд.

Бояд эътироф намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани зиндагии шоиста тамоми санадҳои ҳуқуқӣ таҳия, пешбарӣ ва қабул шудаанд. Роҳбарияти олии мамлакат баҳри таъмини амнияти давлат, пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии он, дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон устувор нигоҳ доштани мавқеи Тоҷикистон ҳамаи имкониятро истифода мебарад. Дар ҷавоб ба иқдоми Ҳукумати мамлакат сокинони мамлакатро мебояд дигар побанди андешаву мулоҳизаҳои замони гузашта набошанд. Балки барои гузаштан ба марҳилаи нави тараққиёти ҷомеа — марҳилаи ҳимоя аз ҳуқуқҳои худ барои иштирок дар ҳимояи манфиатҳои давлат ва саҳм гузоштан дар бунёди давлати миллии муосири пешрафта бо роҳи риояи қонунҳо қадами қатъӣ  гузоранд.



Яндекс.Метрика