ТАСНИФИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

Ҳасанзода Сайдалӣ Ҳасан,

сармутахассиси шуъбаи хатшиносии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАСНИФИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

            Тасниф (классификация)–и низоми мафҳумҳои ба ҳам тобеъ дар ин ё он соҳаи дониш ё ин ки фаъолияти инсон аст, ки дар асоси баҳисобгирии нишонаҳои умумии объектон ва робитаи қонунии байни онҳо таҳия гардида, барои муайяннамоӣ дар объектони гуногуншакл имкон дода, сарчашмаи дониш дар бораи онҳо ба шумор меравад. Конститутсия ва санадҳои байналмилалӣ ҳуқуқу озодиҳо, хислат ва мазмуни гуногун доштаро эълон менамоянд, ки мутобиқ ба ин тасниф ва низомнок намудани онҳо аҳамияти бағоят назаррасро касб мекунанд. Аммо, дар назарияи ҳуқуқи инсон таснифоти ягонаи ҳуқуқ ва озодиҳо ҷой надошта, аз рўи асосҳои комилан гуногун амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, гурўҳе тасниф гардидани ҳуқуқ ва озодиҳоро ба ҳуқуқҳои асосии инсон ва ҳуқуқҳои асосии шаҳрванд пешниҳод менамоянд. Фарқияти гурўҳи аввал аз гурўҳи дигар дар он зоҳир мегардад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои ба гурўҳи аввал шомилшаванда хислати на позитивӣ, балки табиӣ дошта, дар маҷмўи худ як навъ муқаррароти болоидавлатӣ баррасӣ шуда, ба инсон, хилофи давлат ва ҳуқуқ аз боло ато гардидааст. Ҳуқуқҳои табиӣ (ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсият ва ғ.) ба инсон аз рўзи таваллуд мансуб буда, наметавонанд аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ тўҳфа ё бегона карда шаванд. Ҳуқуқҳои позитивӣ, яъне ҳуқуқҳои шаҳрванд – ҳуқуқи инсон чун аъзои ҷомеаи сиёсӣ буда, дар ин сифат аз ҷониби давлат пешниҳод мегарданд, ки мутобиқ ба ин метавонанд маҳдуд гарданд. Асоси навбатии таснифи ҳуқуқи инсон тақсимоти онҳо аз рўи асоси пайдоиш ва рушд, ба таври дигар асоси генератсионӣ ба шумор меравад. Дар доираи ин таснифот наслҳои ҳуқуқи инсон фарқ карда мешаванд, ки зери мафҳуми он давраҳои асосии рушди ҳуқуқи инсон дар робита бо ташаккули тасаввурот дар бораи мазмуни ҳуқуқ, ки сазовори эътирофи онҳо ба сифати ҷудонашавандаанд, фаҳмида мешавад.

       Насли аввали ҳуқуқи инсонро арзишҳои анъанавии либералӣ, ки дар раванди амалишавии инқилобҳои буржуазӣ пайдо гардида, баъдан дар амалия ва қонунгузории давлатҳои демократӣ мушаххас ва васеъ гардонида шуданд, ташкил медиҳанд. Дар ин ҷо сухан дар бораи ҳуқуқҳои шахсӣ (маданӣ) ва сиёсӣ, ба монанди ҳуқуқ ба озодии виҷдон, баробарӣ дар назди қонун, ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва амнияти шахсият, ҳуқуқ ба озодӣ аз дастгиркунии худсарона ва дигарҳо меравад. Ҳуқуқҳои мазкур озодии «негативӣ»-ро ифода намуданд: онҳо давлатро ўҳдадор намуданд аз дахолат ба озодии шахсӣ худдорӣ намуда, барои иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии давлат шароити мусоид фароҳам орад. Ҳуқуқҳои насли якум бо санадҳои байналмилалӣ ва миллӣ ҳамчун ҳуқуқи бегонанашаванда эътироф гардида, мавриди маҳдудсозӣ қарор гирифта наметавонанд. Онҳо иникоси худро дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (ЭУҲБ) ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (ПБҲШС) ёфтаанд.

          Насли дуюми ҳуқуқи инсон дар ҷараёни муборизаи халқ ҷиҳати беҳтарсозии сатҳи иқтисодӣ, баландбардории вазъи фарҳангӣ (ҳамчун ҳуқуқҳои «позитивӣ» номбаршаванда) ташаккул ёфтааст, ки барои амалишавии онҳо фаъолияти ташкилотӣ, нақшавӣ ва дигар шаклҳои фаъолияти давлатӣ оиди таъмини ҳуқуқҳои зикргардида талаб карда мешаванд. Дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX либерализми нав вазъи ногувори марбут ба поляризатсияи бозудии ҷомеаи буржуазиро баҳодод намуда, ақидаи ислоҳоти иҷтимоии ҷамъиятиро пешниҳод намуд, ки ислоҳоти мазкур барои сусттар намудани муборизаи камбизоатон ва дороён даъват ба амал оварда шуда буд, ки бо ин барои насли дуюми ҳуқуқи инсон замина гузошта шуд. Нақши ҳалкунанда дар эътирофи категорияи мазкури ҳуқуқҳо мансуб ба ИҶШС аст. Доираи васеи чунин ҳуқуқҳо дар Конститутсияи (Қонуни асосии) ИҶШС соли 1936 таҷассум гардида буданд, гарчанде бархе аз онҳо (масалан, ҳуқуқ ба таҳсил) ба сифати барнома ҳанўз дар Конститутсияи (Қонуни асосии) ҶШСФР соли 1918 иброз шуда буданд. Иникоси минбаъдаи меъёрии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ – ҳуқуқ ба меҳнат ва озодии интихоби меҳнат, таъминоти иҷтимоӣ, истироҳат, ҳифзи модар ва кўдак, таҳсил ва монанди инҳо дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, бахусус Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (ПБҲИИФ) соли 1966 ба вуқўъ пайвастанд, ки онҳо дар рушди минбаъдаи ҳуқуқҳои мазкур ва васеъшавии доираи онҳо қадами ҷиддӣ гузоштанд.

Дар давраи баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ насли сеюми ҳуқуқи инсон ба ташаккулёбии худ шурўъ намуд, ки хусусияти хоси насли мазкури ҳуқуқи инсонӣ дар мансуб набудани онҳо ба шахсиятҳои алоҳида ва амалишавии онҳо аз ҷониби гурўҳи одамон зоҳир мегардад. Ба ҷумлаи ҳуқуқҳои мазкур, аз ҷумла ҳуқуқи халқ ба худмуайянкунӣ шомил шуда метавонад. Нуқтаи назари мазкур аз ҷониби ҳуқуқшиносони алоҳида иброз гардида буд, ки онҳо ба ҷумлаи насли сеюм танҳо ҳуқуқҳои дастаҷамъонаи ба ҳамрайъӣ асос ёфтаро дохил карда буданд: ҳуқуқ ба инкишоф, сулҳ, истиқлолият, худмуайянкунӣ ва ғ. асоси ҳуқуқҳои мазкур дар шартномаҳои байналмилалӣ вогузор гардидааст.

          Ҳуқуқи насли сеюм – ҳуқуқҳои коллективӣ буда, ҳуқуқи «нав»-и фардӣ нестанд. Боиси шубҳа нест, ки дар амалигардии чунин ҳуқуқҳо шахси алоҳида ширкат меварзад, лекин ширкати мазкур на бо вазъи шахсӣ, балки бо мавқеи он чун аъзои умумияти алоҳида робита дорад.Асоси дигари таснифоти ҳуқуқи инсон тақсимоти он вобаста ба универсалӣ будан ва мустаҳкамгардии онҳо дар конститутсия ва меъёрҳои байналмилалӣ ба шумор меравад. Вобаста ба таснифоти мазкур ҳуқуқи инсонро ба ҳуқуқи асосӣ (конститутсионӣ) ва муштоқӣ ҷудо намудан мумкин аст. Ба сифати ҳуқуқҳои асосӣ ҳуқуқҳое баромад менамоянд, ки онҳо дар конститутсияи давлат ва ҳамчунин дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон мустаҳкам гардидаанд. Ҳуқуқҳои муштоқӣ ҳуқуқҳое мебошанд, ки аз ҳуқуқҳои асосӣ тавлид мегарданд. Масалан, моддаи 18 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнопазирии шахсиятро кафолат медиҳад. Дар асоси ҳуқуқи мазкури конститутсионӣ ҳуқуқҳои дигари дар қонунгузории ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ ва дигар қонунгузориҳои алоҳида мустаҳкам гардида, ба монанди ҳуқуқ ба муроҷиат, овардани шикоят, тафтиши судии қонунӣ ва асоснок будани ба ҳабс гирифтан ва амсоли инҳо пайдо мегарданд.

Асоси навбатии таснифоти ҳуқуқи инсонро имконияти маҳдудсозии муваққатии онҳо ташкил медиҳад, ки дар доираи он ҳуқуқҳои мутлақ ва ҳуқуқҳои нисбӣ фарқ карда мешаванд. Маҳдудияти ҳуқуқӣ – бо ҳуқуқ муқаррар намудани сарҳади амали субъектонро дар назар дорад; ин худдорӣ намудан аз рафтори ғайриҳуқуқиро ифода мекунад, ки барои қонегардии манфиати контрагент (дар маънои васеи он) ва манфиатҳои ҷамъиятӣ дар ҳимоя ва ҳифз нигаронида шудааст. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми мавҷудияти ҳолатҳои алоҳида ҳуқуқи инсон мумкин аст маҳдуд карда шаванд. Бо назардошти мафҳуми додаи маҳдудияти ҳуқуқӣ зери мафҳуми ҳуқуқҳои мутлақ ҳуқуқҳое фаҳмида мешаванд, ки онҳо дар ҳеҷ гуна ҳолат ва маврид наметавонанд мавриди маҳдудсозӣ қарор гиранд. Ҳуқуқи мутлақро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ озодӣ аз шиканҷа ва озодӣ аз ғуломӣ ташкил медиҳанд. Ҳуқуқҳои боқимонда гурўҳи ҳуқуқҳои нисбиро пурра менамоянд, ки онҳо мумкин аст дар ҳолатҳои алоҳидаи бо қонунгузорӣ муқарраргардида, бо риояи талаботҳои муайяншуда маҳдуд карда шаванд.

Яке аз асосҳои таснифоти муҳими ҳуқуқи инсон тақсимоти он вобаста ба мазмун ва хислати муносибатҳои танзимшаванда ҳисоб мегардад. Тақсимоти мазкур ба муносибатҳои байниҳамдигарии инсон бо давлат ва байни худи фардият асос меёбад. Аввало, шахсият ҳамчун шахси ҷисмонӣ барандаи ҳуқуқ ва озодиҳои муайяни шахсӣ мебошад. Сониян, шахсият чун аъзои ҷомеаи сиёсӣ барандаи ҳуқуқ ва озодиҳои муайяни сиёсӣ аст. Ва ниҳоят, охирон, шахсият ҳамчун аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ барандаи ҳуқуқ ва озодиҳои муайяни иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад. Таснифоти мазкур гарчанде ҳадди ниҳоӣ ба шумор наравад ҳам, таҳлили ҳуқуқ ва озодиҳои мушаххасро осон намуда, барои фаҳмиши бутунии нисбии ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар як гурўҳ кўмак менамояд. Мавриди зикр аст, ки таснифоти ёдрасгардида ба мазмуни шартномаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон асос меёбанд.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурўҳбандии ҳуқуқу озодиҳои инсон гузаронида нашудааст, лекин аз рўи мазмуни мантиқии он чунин гурўҳбандиро аз рўи асосҳои зерин мушоҳида намудан мумкин аст:

  • ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ;
  • ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ;
  • ҳуқуқ ва озодиҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ.

Ҳуқуқи инсон вобаста ба хислати субъектон ба ҳуқуқҳои инфиродӣ ва ҳуқуқҳои дастаҷамъона тасниф мегарданд.

                  Ҳуқуқҳои инфиродӣ, чи хеле қаблан зикр гардид, ҳуқуқҳое эътироф мегарданд, ки аз ҷониби фардиятҳои алоҳида дар танҳоӣ амалӣ мегарданд, ки ба сифати онҳо ҳуқуқ ба меҳнат, таҳсил, озодии сухан ва монанди инҳо баромад карда метавонанд. Гурўҳи мазкури ҳуқуқҳои инсон дар худ ҳуқуқҳоеро иникос намуданд, ки барандагони онҳо метавонанд чунин ҳуқуқҳоро шахсан, бидуни иштироки шахсони дигар ба амал бароранд.

               Ҳуқуқҳои дастаҷамъона ҳуқуқҳое мебошанд, ки аз ҷониби доираи васеи субъектон – халқияту миллатҳо амалӣ мегарданд. Ҳуқуқҳои дастаҷамъона ҳуқуқҳои хислати муштоқӣ дошта эътироф мегарданд, зеро онҳо вобаста ба барқароргардии манфиатҳои умумият ё коллективҳои алоҳида ташаккул меёбанд.

Мавриди зикр аст, ки дар илми ҳуқуқи инсон нисбати ҳуқуқҳои дастаҷамъона нуқтаи назари ягона ҷой надошта, ба таври гуногун муайян карда мешаванд. Масалан, гурўҳе аз муҳаққиқон ба ҷумлаи ҳуқуқҳои коллективӣ ҳамчунин ҳуқуқ ба корпартоӣ, гузаронидани гирдиҳамоиҳо, маҷлисҳо ва монанди инҳоро шомил менамоянд. Онҳо ишора ба он менамоянд, ки ҳуқуқҳои мазкур наметавонанд аз ҷониби шахсиятҳои алоҳида дар танҳоӣ амалӣ карда шаванд. Гурўҳи дигар ба ҷумлаи ҳуқуқҳои дастаҷамъона ҳуқуқ ба сулҳ, соҳибихтиёрӣ, инкишоф, худмуайянкунӣ, ҳуқуқ ба муҳити зисти солим ва монанди инҳоро шомил менамоянд. Нигоҳи дуюм дар мавриди муайян намудани ҳуқуқҳои дастаҷамъона мазмуни чунин ҳуқуқҳоро пурратар иникос менамоянд. Ҳуқуқҳои дастаҷамъонаро ҳамчун ҳосили ҷамъи ҳуқуқҳои инфиродии ба умумиятҳо ё коллективҳои алоҳида шомилшаванда баррасӣ кардан нашояд. Ҳуқуқҳои мазкур моҳияти комилан дигари бо ҳадаф ва манфиатҳои ташкилотҳои коллективӣ муайяншавандаро доро мебошанд. Босалоҳиятии принсипи ҳуқуқҳои дастаҷамъона ба принсипи «худмуайянкунии халқ» ҳаёт мебахшад. Ҳуқуқи мазкур дар моддаи 1 ПБҲШС ва ПБҲИИФ мустаҳкам карда шудааст. Аз ҷумла, дар қисми 1 моддаи мазкур ҳуқуқ ба худмуайянкунӣ ва ҷанбаҳои асосии он: ҳуқуқи тамоми халқиятҳо ба «озодона муқаррар намудани вазъи сиёсии худ» (ҷанбаи сиёсӣ) ва ҳуқуқ ба таъмини озодонаи иқтисодӣ «инкишофи иқитисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ» (ҷанбаи марбут ба иқтидорҳо) эълон карда шудааст. Боиси қайд аст, ки ин ду ҷанба нисбати тамоми ҳуқуқҳои дастаҷамъона хос буда, маҳз тавассути онҳо риоя ва амалишавии ҳуқуқҳои дастаҷамъона таъмин мегарданд.

 



Яндекс.Метрика