Бо мақсади амалӣ намудани талаботи банди 13 Низомномаи Шўрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии судии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи Шўро 28 майи соли 2024 баргузор гардид.

Бо максади амалӣ намудани талаботи банди 13 Низомномаи Шўрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии судии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006 тасдиқ шудааст, ҷаласаи    Шўро 28 майи соли 2024 дар Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлия Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони Раёсати ташхисҳои криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ-судӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистн, Агентии стандартизасия, метрология сертификатсия ва назорати савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, лабараторияи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лабараторияи Кумитаи давлатии  амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистоништирок намуданд.

Дар ҷаласаи Шўро масъалаҳои;

  1. Интихоби котиби Шўро (тибқи банди 7 низомномаи Шўро);
  2. Ҳисобот оид ба қарорҳои қабулгардидаи Шўрои қаблӣ вобаста ба «Гости давлатӣ», қабули «Қоидаҳо оид ба нигоҳ доштан ва интиқол додани далелҳои шаъӣ», «Фармоиши сардори Марказ №80, аз 11 апрели соли 2006»;
  3. Пешниҳодњо ба нақшаи корӣ Шўро барои нимсолаи дуюми соли 2024, мавриди муҳокима қарор дода шуд.


Яндекс.Метрика