- 15.05.2024
- Сохта шуд: Sudexpert
- Гурӯҳ: Медиа, Новости
Директори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлия Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода М.С. ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлия Саломзода Исфандиёр Салом тибқи нақшачорабиниҳои вазорат 14 майи соли 2024 бо намояндагони ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон вохўрӣ ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидан ба анҳом расониданд. Дар вохўрӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтироми мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузоштан ироа карда шуд.