Мулоқот дар доираи нақша чорабиниҳо дар самти рушди фаъолияти экспертизаи судӣ

Дар доираи нақша чорабиниҳо ва рушди фаъолияти экспертизаи судӣ вохўрии муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Асадулло Қурбон, директори Марказ Раҳмонзода Муҳаммадбашир Саъдулло, бо намояндаи шуъбаи байналмилалии Мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА (INL) дар шаҳри Душанбе Brian Gillespie, менеҷери барномаи шуъбаи назоратии маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ Кишвар Назаршоев баргузор гардид. Дар доираи вохўри масъалаҳои таъмини таҷҳизотҳои замонавӣ, сарфарбар намудани мутахассисон барои табодули таҷриба ба кишварҳои хориҷ ва дигар масъалаҳои экспертизаи судӣ мавриди муҳокима қарор додашуд. Дар баробари ин аз ҷониби намояндагони Сафорати ИМА (INL) дар шаҳри Душанбе барои бозҳам беҳтар намудани сифати азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ҷомадони криминалистӣ  тақдим карда шуд.



Яндекс.Метрика