- 30.04.2024
- Сохта шуд: Sudexpert
- Гурӯҳ: Медиа, Новости
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ОМИЛИ ТАШАККУЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД
Маърифати ҳуқуқӣ таърихи хосе дорад, зеро эҳтироми амиқи қонун ва иҷрои дақиқи он аз ҷониби ҷомеа дар ҳар давру замон таъкиду ёдрас ва манзури давлат мегашт. Ин амр худ баёнгари тамаддуни ҷаҳони антиқаи Ғарбу Шарқ ва ёдрас гаштан аз тарбияи ҳуқуқӣ мебошад. Аз ин хотир, беҳтарин лаҳзаҳои пурарзиши таърихӣ тарбияи ҳуқуқиро ба давлатҳои Юнон ва Руми антиқа, Бобулистон, Хитой ва дигар тамаддунҳо мансуб медонанд. Дар ин давр нақш ва манзалати омӯзиши қонун ҳамчун васоити танзимгари муносибатҳои муҳими ҷомеа мавқеи худро дарёфтааст.
Мавқеъ ва манзалати тарбияи ҳуқуқӣ дар таърихи давлатҳои Шарқи Қадим низ ҷой дошт. Дар миёнаи асри 3 то мелод таҳсил дар макотибҳои Шоҳигарии Бобулистон бо номи “Академияи марказӣ” дар қатори омӯзиши фанҳои математика, грамматика, мусиқӣ, тиб ва ибодат фанни таълими ҳуқуқ ба таври ҳатмӣ ҷорӣ гардида буд ва омӯзиши он характери оммавӣ дошт.
Минбаъд масоили тарбияи ҳуқуқӣ дар Фаронса, Италия, Англия ва ИМА таҷдиди назар гардидааст. Тарбияи ҳуқуқиро дар ин давлатҳо ҳаммаслаки тарбияи сиёсӣ ва ахлоқӣ маънидод мекарданд.
Таърихи начандон зиёди даврони соҳибистиқлолӣ собит менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва гузариш аз як сохт ба сохти дигари идоракунӣ масъалаи ташаккул ва баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро бо дарназардошти сохти нави идоракунии давлатӣ ҳадафи асосӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст.
Дар шароити инкишофи давлати ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, махсусан дар партави муаррифии аҳолӣ бо арзишҳои нави ҳуқуқӣ аҳамияти хосса пайдо менамояд.
Тавре Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ишора намуданд: “Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад”.
Тарбияи ҳуқуқӣ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат дар шароити амалишавии ғояҳо ва арзишҳои ҳуқуқӣ мебошад. Он қисми таркибии тарбияи ахлоқию маънавии шахс, воситаи наздик гардонидани ҳар як узви ҷомеа бо арзишҳои ҳуқуқии аз ҷониби умум эътирофшуда ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, тарбияи ҳуқуқӣ омили муҳимми рушди ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти амиқ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дар охири асри 20 ва ибтидои асри 21 барало мушоҳида мегардад.
Дарки зарурии маърифати ҳуқуқӣ ва афзунгардии нақши он дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирӣ аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуби зидди ҷомеаи инсонӣ, аз қабили қонуншиканиҳо дар иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 апрели соли 1997 №691 “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 1997 №883 “Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва фаъолияти ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ” дарҷ гардидааст. Дар ин замина шурӯъ аз ибтидои солҳои 2000-ум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозии сиёсати тарбияи ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуд.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаётии ҷомеа, махсусан соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ табоддули амиқеро ба вуҷуд овард.
Ташаккули маърифат ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ масъалаи калидии давлату ҳукумат ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи хосса равона карда шуда, дар ин замина як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул гардидаанд.
Ҳамзамон, масоили беҳтар гардонидани сатҳи маърифат, фарҳанг ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ пайваста дар ҳар як Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ гардида, маҳаки бунёдии ҳар як ниҳоди амалкунанда ба ҳисоб меравад. Дар ин замина як қатор барномаҳо, консепсияҳо ва стратегияҳо амал мекунанд, ки танҳо баҳри ноил шудан ба як ҳадаф – баланд бардоштани сатҳи фарҳанг ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳисси эҳтироми риояи қонун ва тамоми арзишҳои ҳуқуқӣ равона карда шудааст.
Бояд дарҷ намуд, ки таҷдиди шаклу усулҳои тарбияи њуќуќї дар шароити ташаккули љомеаи иттилоотї пеш аз ҳама, васеъ намудани имкониятњои технологияњои иттилоотию коммуникатсиониро таќозо менамояд. Рушду инкишофи ҷомеа, ҷустуҷӯи технология восита ва усулҳои навтарини тарбия ва таълимро талаб мекунад.
Бояд гуфт, ки дар ин замина омодагии шахс ба шароити нави иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва пайдо намудани решаҳои ташаккули ҷаҳонбинии он дар таносуб бо арзишҳои нави ҳуқуқӣ, ки имрӯз бо мушкилоте мувоҷеҳ шудааст, нақши тарбияро дар тамоми сатҳи ҷомеа афзун менамояд. Зеро тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педогогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Он ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани инсон ба ҷараёни зиндагии воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона карда мешавад.
Дар ҳақиқат, таъмини ислоҳоти самтҳои мухталифи фаъолияти ҳаёти ҷомеа, қабули санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ чун амсоли тарбия, махсусан тарбияи ҳуқуқии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, домангир шудан ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштан ба устуворгардии мавқеу манзалати истиқлолияти кишвар, боз ҳам тақвият мебахшад.
Гузашта аз ин, нақши тарбияи ҳуқуқӣ ҳамчун омили муҳими пешрафти ҷомеаи навин дар тағйир ва ташаккули тафаккури шахс, эътирофи арзишҳои нави ҳуқуқӣ афзалиятнок буда, дар таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо мавқеи кофӣ пайдо кардааст.
Дар адабиёти ҳуқуқӣ, қонунэҷодкунӣ, татбиқи ҳуқуқ, шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ ҳамчун се самти муҳимтарини сиёсати ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад. Қайд карда мешавад, ки сиёсати ҳуқуқӣ дар асоси эҷоди меъёрҳои нав, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳое, ки барои амалигардонии тарбияи ҳуқуқӣ муаззафанд бунёд ёфтааст.
Ҳамин тариқ, зикр бояд кард, ки тарбияи ҳуқуқӣ барои ҷомеаи демократӣ ва таъмини волоияти ҳуқуқу тартибот нақши калидиро сазовор мебошад.