ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИИ ҲИФЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

 Ҳама сола 5 октябр  Ватани мо Иди забони давлатиро таҷлил менамояд, ки он яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини мо ба ҳисоб меравад. Забон таҳкурсие аст, ки бинои ахлоқ, фарҳанг ва ҷаҳонбинии миллат дар асоси он эъмор мегардад. Аз ин рӯ, забони тоҷикӣ ҷавҳари ҳувият ва тафаккури миллии тоҷикон маҳсуб ёфта , танҳо тавассути забон мо метавонем хотираи таърихии мардумро ҳифз намоем ва ҳамбастагиии худро бо мероси ҳазорсолаи маънавии миллати худ эҳсос кунем. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъд аз баррасиҳои тӯлонӣ ниҳоят рӯзи 1 октябри соли 2009 аз тарафи Маҷлиси Намояндагон ва 3 октябри аз тарафи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва он 5-октябри соли 2009 аз тарафи Президенти кишвар имзо шуд.

— Забони давлатӣ забонест, ки давлат ба воситаи он бо шаҳрвандони худ, бо аҳолии кишвар робита барқарор карда, гуфтугӯ мекунанд;

— Санадҳои қонунгузорӣ ва меъёриву ҳуқуқӣ, санадҳои расмӣ, суратмаҷлисҳои ҷаласаҳо ба воситаи он қабул мешаванд;

— Кори мақомоту идора, коргузорӣ, судҳо ва муросилоти расмӣ ба ин забон сурат мегирад;

  • Забони давлатӣ забони эълону реклама, забони мақолаву овезаҳои расмӣ, муҳру тамғаҳо, санадҳои тиҷоратӣ, шохисҳои молҳои саноатии ватанӣ, аломати роҳҳо, номи хиёбону кӯчаҳо, майдону гулгаштҳо мебошад;

— Забони таълим дар макотиби миёнаву олӣ забони давлатӣ буда, донистани он барои тамоми шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад;

— Забони аксарияти рӯзномаву маҷаллаҳо, радиову телевизион низ бояд забони давлатӣ бошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали қадам ниҳодан ба арсаи сиёсии Тоҷикистон ба ҳифз ва гиромидошти забони тоҷикӣ афзалияти стратегӣ доданд ва қайд карда буданд, ки “Забони мо бо Истиқлоли ватани мо пайванди ногусастанӣ дорад. Яъне, вақте ки ватани мо озод ва мустақил будааст, забони мо ҳам шукуфо ва истиқлол доштааст ва баръакс. Гузашта аз ин, аз ҳамон ибтидои пайдоиш забон яке аз ангезаҳои асосии ҷунбишҳои истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ буд. Барои ниёгони мо мафҳуми Ватан ва забон ҳамеша ҳаммаъно будааст. Таърихи давлатдории ориёӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои бостонии мо ҳамеша кӯшиш ва ҷаҳду ҷадал мекарданд, ки барои устувор сохтани пояҳои давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардану мустақкам намудани давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз унсури забонӣ истифода бурда, барои рушду тараққӣ ва густариши забони модарии хеш тадбирҳои мушаххас андешанд. Агар ба давраҳои дури таърихи забони худ назар кунем, мебинем, ки гузаштагони мо барои равнақу эътибор ва инкишофи забони худ чӣ фидокорӣ ва чӣ кӯшишҳое ба харҷ доданд, ки то забони модарии хешро ба пояи забони расмии давлатӣ бароварданд”. Воқеан, паёмҳои Пешвои миллат дар баробари рушди тамоми самтҳои фаъолияти инсонии Тоҷикистони маҳбуб омили муҳимми  такомули забони мо низ гардидаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикиро “Шево ва шоирона” гуфта, муҳаббат ба забонро ба “мисли модар ва Ватан” дониста, ҳифзи онро “Ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон” зарур шуморидааст. Ягон Паёме нест, ки Пешвои миллат дар бораи забон ва мақоми он, арҷ ва эҳтироми забони ноби тоҷикӣ сухан накарда бошад. Ин мароми Пешвои миллат имрӯз дар ҷомеа ба сифати сиёсати давлатӣ шинохта шудааст. Муҳаббати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба забон то ба ҷоест, ки онро дар Паёми соли 2019 «Ойинае» маънидод кардааст, ки дар он «Симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад».

Албатта, ба ҳамагон маълум аст, ки забон ҳамчун нахустунсури ваҳдати миллӣ, сарвати бебаҳои фарҳангӣ, яке аз шохисҳои асосӣ-шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллатҳоро пеш аз ҳама ба воситаи он мешиносанд. Осори тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи мардуми мо ба воситаи ин забон ба ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ дохил мешавад. Бинобар ин дар шароити имрӯза забон яке аз унсурҳои асосии ҳифзи ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ буда, ҳифзу ҳимоя ва нигаҳдории он на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аст.

Шуъбаи судӣ-хатшиносии Маркази ҷумҳуриявии

экспертизаи судӣ ва криминалистии

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 



Яндекс.Метрика