Мизи мудаввар оид ба Тарбияи ватандўстии шаҳрвандон омили ташаккули худшиносии миллӣ

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “Олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату оинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Барои пойдории ин неъмати гаронарзиш бояд ҳисси худшиносии миллии ҷомеаро мустаҳкам намуд. Вақте ки бо ифтихору эътиқод аз таърихи куҳану қадим доштани миллату фарҳанги худ эълон мекунем, пас бояд ҳатман дар назар дошт, ки чӣ омиле боис гаштааст, ки ин ганҷи нодир асрҳои аср ҷодаҳои мушкилу сангинро паси сар карда, то замони мо расидааст. Ватандӯстӣ дар ҳамаи давру замонҳо яке аз хислатҳои неки инсоният ба шумор меравад. Имрӯз дар робита ба ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса дорад ва таълими ин масъала дар тамоми сохторҳои илмию таълимӣ, ба роҳ монда шудааст. Дар интиҳои соли сипаригардида Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” қабул карда шуд. Ќонуни ќабул гардида   барои имрӯзу фардои кишвари азизамон аҳамияти муҳим дорад. Шинохти рӯҳиву ҷисмонии инсон аз тарафи худи ӯ оғози хештаншиносии ибтидоияш мебошад. Илм исбот намудааст, ки худшиносӣ – аз ҷониби инсон шинохтани худ (ҷисман, фикран, эҳсосот, мавқеъ ва муносибаташ ба дигарон) ба ҳайси шахсияти хосу воҳид мебошад. Худшиносии фардӣ чун қуллаи баланди маърифати рӯҳии инсон се зинаро дар бар мегирад, худидоракунӣ, худназораткунӣ ва худтакомулдиҳӣ. Ба ақидаи коршиносон тарбияи худшиносӣ барои ҳар як халқу миллат махсусиятҳои худро дорад, ки ҷомеа бояд ҳатман онҳоро дар ин раванд ба эътибор гирад. Агар мафҳуми худшиносӣ инъикосгари истиқлолияти фардии шахс ҳисобида шавад, пас худшиносии миллӣ марбут ба қавм, миллат ва давлат аст. Талошу муборизаҳои Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Шириншо Шотемур, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон низ маҳз барои ҳимояи арзишҳои миллӣ, адабиёти миллӣ, суннатҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ равона гардидаанд. Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ барои фурӯзон кардани машъали худшиносии миллӣ дар талош аст. Мутаассифона, бисёр коршиносон, ки ба таҳқиқи асосҳои ватандӯстӣ машғуланд, маҷбуранд ин воқеиятро ёдоварӣ намоянд, ки дар даҳсолаҳои охир ниҳоди арзишии ҷавонон, ҳам аз нигоҳи мазмун (заиф шудани роҳнамои ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ) ва ҳам аз лиҳози шакл (дар радифи аввал қарор гирифтани арзишҳои инфиродӣ ва моддӣ) ба тағйироти ҷиддӣ дучор шуда, ташвишовар ба назар мерасанд. Фақат бо таъсиррасонӣ ба тафаккури ҷавонон, наметавон дар тағйири арзишҳои ҷавонон натиҷаи дилхоҳро ба даст овард. Танҳо бо усули таъсиррасонӣ ба тафаккур ва эҳсосот метавон дар афкори ҷавонон он арзишҳои ватандӯстиро ташаккул диҳанд, ки минбаъд таҳти шуури онҳо ҷой хоҳанд гирифт. Ҳамаи ин дар маҷмуъ, як навъи ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Тарбияи ватандӯстиро чун самти нисбатан мустақили кори тарбиявӣ баррасӣ карда, бояд баҳамалоқамандии онро бо дигар самтҳои тарбия (маънавӣ, ахлоқӣ, меҳнатдӯстӣ, эстетикӣ ва ғайра) таъкид намоем. Тарбияи ватандӯстӣ шахсро бо дигар самтҳои корӣ тарбиявӣ, наздику пайванд ва ҳамоҳанг месозад. Бо ҳамин роҳ мо метавонем ҳисси амиқи ватандӯстиро ба вуҷуд оварда, дар рушди ҳисси худшиносии миллии ҷомеа саҳмгузор бошем. Бо боварӣ метавон гуфт, ки рӯ овардан ба ин ганҷинаи беназири илму адаб  таҳкими ҳисси худшиносии миллии таъсирбахш хоҳад буд.

 

 

 

 



Яндекс.Метрика