Чароғи маърифат бодо фурўзон

Чароғи маърифат бодо фурўзон

Низоми идоракунии давлатӣ ба таҳлил намудан ва дида баромадани шуури ҷамъиятӣ ба масъалаи нигоҳдошти раванди муайяни пешрафти ҷомеа нигаронида шудааст. Дарк намудани масъулияти шаҳрвандӣ ва дуруст роҳандозӣ намудани кору фаъолияти рўзмарраи қишрҳои мухталифи ҷамъиятӣ ба баланд гардидани фарҳанги аҳли ҷамоатчигӣ мусоидат менамояд.

Рушду равнақи соҳаҳои мухталиф ва ҳамзамон, расидан ба ҳадафҳои муайян дар сохторҳои мухталиф аз донистану аз худ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти фаъолият вобастагии зиёд дорад, ки дар маҷмуъ ҳамаи онҳоро маърифати ҳуқуқӣ ташкил медиҳад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият зарурати таҳия ва амали сохтани як ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ пеш омад. Ин заруратро хушбахтона, давлат ва Ҳукумати навини Тоҷикистон, таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз аз ибтидои ташкили ҳукумати конститутсионӣ дарк намуда, пайи амали намудани он шуданд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми паҳлўҳои зиндагии ҷомеаро фаро гирифт ва роҳҳову самтҳои инкишофро муайян намуд. Нуқтаи асоситарини тадбиқи ин ислоҳот қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 мебошад, ки таҷассумгари бақои давлату ҷамъият мебошад.

Бо назардошти ин гуфтаҳо ва ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд.

Дар ин бора, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, таҳти №668 ба имзо расид, ки мақсад аз қабули он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Дарвоқеъ, анҷом додани тадбирҳои зикргардида, арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ўро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд.

Ба қавли коршиносону мутахассисон, дар ҳама давру замон асоси пешрафти ҷомеаҳои мутамаддин риояи қонуну қоидаҳои адолатманишу инсонмеҳвар будааст. Рушди бонизоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро бе мавҷудияти тартиботи ҷамъиятӣ дар дохили давлат тасаввур намудан ғайриимкон аст. Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ, эҷоду таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии сарнавиштсозу адолатпарварро ба роҳ монда, дар заминаи он бо роҳҳои гуногуну мақсаднок маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии ҷомеаро бояд боло бурд.

Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Итминони комил дорам, ки ҷавонони ватандўсти мо минбаъд низ бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ, маърифати ҳуқуқӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани нуфузу обрўи Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва тақвияти пояҳои давлатдории миллии тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд».

Мо низ бо боварии комил гуфта метавонем, ки бо баргузории суњбату вохўриҳо бо аҳли ҷамоатчигӣ ва доир намудани ҷаласаҳо саҳми хешро дар тадбиқи гуфтаҳои Роҳбари давлат дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа мегузорем.

 

Шамсулло КАРИМЗОД,

сардори шуъбаи экспертизаи судӣ-иқтисодии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи ҶТ



Яндекс.Метрика