Рафти ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии судии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсоли дуюми соли 2023

Бо мақсади амалӣ намудани талаботи банди 13 Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии судии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006 тасдиқ шудааст, ҷаласаи навбатии Шӯро 13 декабри соли 2023 соати 09:00 дар толори маҷлисгоҳи бинои Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи, дар суроғаи шаҳри Душанбе хиёбони Айни 127, баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур директори МҶЭС ва К Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода М.С., муовини якуми  сардори Раёсати криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода М., мутахассиси лабараторияи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Нормаҳмадзода Т.Н., сардори шуъбаи стандартикунонии Агентии стандартизатсия, метралогия, сертификатсия ва назорати савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пирзода Н, корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдалиев И.Ф, сардори лабораторияи гумрукии марказӣ Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадов С ва ҳайати кормандони МҶЭС ва К Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ҷаласаро директори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Муҳаммадбашир Саъдулло, кушода эълон намуд. Дар навбати аввал вобаста ба қабули Гостҳои давлатӣ дар бахши силоҳи сард ҳисоботи сардори шуъбаи экспернтизаи судии криминалитӣ Солеҳзода Давлат Уроқ шунида шуд. Аз ҷониби ў қайд карда шуд, ки оид ба супориши додашуда лоиҳаи Гости давлатӣ дар ду самт “Истилоҳҳои техникӣ ва таърифҳо” ва “Кордҳои сайёҳӣ ва махсуси варзиши” омода карда шудааст. Инчунин дар ҳисоботи худ қайд намуд, ки тайёр намудани “Қоидаҳои қабул, нигоҳдоштан ва баргардонидани далелҳои шайъи дар Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба зиммаи ман вогузор гардида буд, ки онҳо дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқи аз ҷумла конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ” ҳамзамон бо маълумотҳои илмии назариявӣ дар фанни криминалистика пешниҳод шуд.

Муовини аввали Раёсати ташхиси криминалистии Вазорати корњои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Муҳаммадюсуф вобаста ба қабули Гостҳои давлати ҳисоботи худро манзур намуда қайд намуд, ки масъулияти ба уҳдаи у гузошта шуда мавриди иҷро қарор гирифта оид ба кордҳо ва ханҷарҳои шикорӣ лоиҳа омода намудааст. Ҷиҳати иҷрои қарори Шӯрои қабли вобаста ба амри сардори Марказ таҳти №80 аз 11 апрели соли 2006 оид ба нагузаронидани ташхисҳои судии техникии ҳуҷҷатҳо ва хатшиносӣ аз руи ксеронусха дар таҳрири нав ҳисобот пешниҳод  карда шуд.

Пас аз ҳисоботҳо оид ба иҷрои қарорҳои Шӯрои қабли ба рузномаи дигари ҷаласа гузашта;

Сардори шуъбаи стандартикунонӣ Пирзода Назрулло маърузаи худро дар бораи меъёрҳои стандартиони пешниҳод намуда, инчунин қайд намуд, ки дар сурати ба пуррагӣ мутобиқ будани лоиҳаи Гости давлатӣ дар бахши силоҳи сард агентии стандартизация, метрология ва сертификатсия Ҷумҳурии Тоқикистон метавонад барои қабули онҳо дар бахши санадгузори кумак намоянд.

Пас аз ҷамъбасти масъалаҳои баррасишуда Раиси Шӯро, директори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Муҳаммадбашир Саъдулло барои кори Шӯрои оянда масъалагузорӣ намуда, кайд намуд, ки баҳри рушду нумуи  фаъолияти кории экспертон дар Шӯрои оянда масъалаҳои ҳалталаби фаъолияти эксперти мавриди муҳокима қарор гиранд.

Бо дарназардошти зикркардаҳои боло:

  1. Тибқи банди 7 низомномаи Шӯро дар ҳар ду сол иваз ва қабул намудани котиби Шӯро аз тарафи аъзоёни шуро ба роҳ монда шавад.
  2. Вобаста ба қабули Гостҳои давлатӣ дар бахши силоҳи сард, дигар меъёрҳои стандартиони оид ба силоҳи сард аз қабили силоҳи сарди ороишӣ, туҳфагӣ, сайёҳӣ ва варзишӣ тањия карда шавад.
  3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  №661 аз 30 декабри соли 2011 вобаста ба пардохти маблағи экспертиза аз нав бо тағйиру иловаҳо қабул гардида ва парвандаҳои ҷиноятие, ки баҳсҳои иқтисодидошта аз ҷониби даъвогар пардохт карда шавад.
  4. Ҷиҳати қоннок намудани фаъолияти экспертизаи судӣ қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ” тағйиру иловаҳо ворид карда дар таҳрири нав қабул карда шавад.

 

 



Яндекс.Метрика