ҲУҚУҚИ ИНСОН ВОЛОТАРИН АРЗИШИ ҲАСТӢ

                 Дар дунё тамоми арзишҳое, ки мавҷуд мебошанд маҳз ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошанд. Инсон ягона мавҷуде мебошад, ки тамоми коинот барои ӯ офарида шудааст. Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие, ки дар тамоми ҷаҳон қабул мегарданд ҳама баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои инсон пешбинӣ гардидаанд. Тавре ки медонем ҳуқуқҳои инсон аз ҷониби давлате, ки дар он зиндагӣ менамояд, кафолат дода мешаванд, аммо инсон новобаста аз маҳалли истиқоматаш дорои ҳуқуқҳои мухталиф мебошад, маҳз ба он хотир ки ӯ инсон аст.  Тавре, ки маълум аст инсон волотарин мавҷуди ҳастӣ мебошад, аммо замоне ба ин неъмат дастёб мегардад, ки агар ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамчун шахсият эътироф гарданд. Ҳуқуқи инсон мафҳуми мураккабу гуногунҷабҳа дорад, ки онро бо мафҳуми ягона таъриф додан имконнопазир мебошад. Танҳо бояд қайд намуд, ки дар тамоми ҷаҳон ҳуқуқи инсон набояд бар ивази манфиатҳои миллӣ баҳо дода шавад. Ҳуқуқи инсон яке аз арзишҳои муҳимтарини фарҳанги ҷаҳонӣ мебошад, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ алоқамандӣ доранд. Таълимот дар бораи ҳуқуқи инсон ва тадбиқ гардидани он дар ҳаёти ҷамъиятӣ таърихи дуру дароз дорад. Инсон бояд дар ҳама ҳолат ҳуқуҳои якдигарро ҳимоя намояд.  Зеро танҳо инсоният метавонад бо ҳимоя намудани ҳуқуқҳои якдигар боиси пешрафти якдигар шаванд. Инсоният худро дар ҳамон маврид комилан озод ҳис менамояд, ки тамоми ҳуқуқу озодиҳои он кафолат дода шуда бошанд. Тамоми инсонҳое, ки ба дунё меоянд дорои ҳуқуқҳое мебошанд, ки онҳоро давлат кафолат медиҳанд.

Дар таърихи инсоният аввалин бор нажоди ориёӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон қадам бардоштааст. Аввалин бор Куруши Кабир, яъне  соли 539 пеш аз милод баъди васеъ намудани ҳудудҳои ишғолнамудаи худ ба одамони муқимии мавзеҳои ишғолкардааш ин имкониятро медиҳад, ки ба кадом оине мехоҳанд пайравӣ намоянд. Аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар низ, ки тақрибан 2500 сол пеш қабул гардидааст, ба ин шоҳаншоҳи ориёӣ Куруши Кабир тааллуқ дорад. Давлати таъсидодаи Куруши Кабир дар доираи принсипҳои иҷтимоӣ таъсис дода шуда буд ва худи ӯ низ аз миёни шоҳони қадима ҳамчун сарвари адолатпеша, инсонпарвар, боинсоф ва хирадманд эътироф гардидааст. Эъломияи таърихии ӯ дар таърихи инсоният яке аз боарзиштарин қадамҳо дар самти ҳуқуқи инсон буд. Ин эъломияе буд, ки метавонист тамоми  ҳуқуқу озодиҳои инсонро новобаста  аз дину мазҳаб дар тамоми ҷаҳон ва махсусан дар кишвари таъсиснамудаи худ тадбиқ намояд.  Метавон гуфт, ки ба ҳайси аввалин санад дар миқёси байналмилалӣ ин эъломияи Куруши Кабир шоҳаншоҳи ориёнажод ба ҳисоб меравад. Яъне, ҳанӯз дар он замон дарк гардида буд, ки инсоният дорои ҳуқуқҳое мебошад, ки маҳдуд намудани онҳо мафҳуми татбиқи фаъолияти дигар соҳаҳоро бемафҳум мегардонад. Зеро инсон ва мавҷуд будани вай якҷоя бо ҳуқуқу озодиҳояш бавуҷудорандаи дигар мафҳумҳо мебошад. Тамоми динҳои ҷаҳонӣ низ инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро дар мадди аввал гузоштаанд, ки ин бори дигар аз мавқеи инсон дар ҷаҳон дарак медиҳад. Арзише, ки инсоният дорад дар тамоми дунё дорад, аз тарафи ҳама эътироф гардидааст.  Дар ҳолати риоя гардидани ҳуқуқи инсон татбиқи дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ маъно пайдо менамояд. Чунки мақсади асосии тамоми санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ пеш аз ҳама ҳифзи ҳуқуқи инсон мебошад. Инсоният баъди аз сар гузаронидани ду ҳодисаи мудҳиш яъне, ҷангҳои якум ва дуюми ҷаҳон тавонист ба ин дастоварди беназир ноил гардад. Ин эъломия ягона санаде буд, ки тавонист ормонҳои чандинсолаи тамоми мардуми ҷаҳонро дар худ инъикос намояд. Ғайр аз ин таърих борҳо шоҳиди поймол гардидани ҳуқуқҳои инсон гардидааст. Инсон аз замони пайдоиш то ҳол барои пурра ба даст даровардани ҳуқуқҳои худ талош намудааст, аммо бо вуҷуди он натавонист пурра ба ин неъмати олӣ ноил гардад. Ҳуқуқи инсон яке аз арзишҳои волотарин мебошад, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мебошад, зеро тамоми соҳаҳо замоне мафҳум пайдо менамоянд, ки ҳуқуқи инсон дар он ҷомеа татбиқ гардида бошад. Баъди ҷанги дуюми ҷаҳон ва таъсис ёфтани Созмони милали Муттаҳид аввалин санади оламшумули ҳуқуқи инсон ин Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон мебошад. 10 декабри соли 1948 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид “Эъломияи ҳуқуқи башар”- ро қабул намуд. Инсоният асрҳои аср қабули чунин санади байналмилалиро орзу менамуд. Санаде, ки тавонад тамоми ҳуқуқҳои инсонро дар бар гирад. Риояи ин санади муҳими байналмилалӣ барои пешрафти кулли инсоният метавонад заминагузорӣ намояд.   Таъсири Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар дар ҷаҳони имрӯз беназир мебошад. Қабули ин санадро дар ҷаҳон бархе аз муҳаққиқон ҳамчун инқилоб баён намудаанд. Зеро ин санад тавонистааст, ки воқеан оид ба риояи ҳуқуқи инсоният таъсиргузор бошад. Ин санад тавонист тамоми ҳуқуқҳои асосии инсонро, ки дар асоси он шахсият метавонад ба дигар ҳуқуқ ва озодиҳои худ дастёбӣ пайдо намояд, дар худ инъикос намудааст. Ҳуқуқҳои инсон асоси амалӣ ёфтани зиндагии инсон мебошад. Инсоният замоне ба комёбӣ дастрасӣ пайдо менамояд, агар ҳуқуқҳои дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ инъикосёфта дар ҳаёти инсоният тавонанд татбиқ гарданд. Ҳарчанд пеш аз ин дар самти ҳуқуқи инсон санадҳои дигаре ба тасвиб расонида шуда бошанд ҳам, аммо, онҳо риояи ҳуқуқи инсонро вобаста ба манфиати миллӣ  ва ё ҳам нажодӣ баҳо дода буданд. Дар соли 1215 шоҳи англис Ҷон Магна Карта “Ҳукми Кабири Озодӣ” нашр кард, ки ҳадафаш бартарӣ додан ба адолат дар ҷаҳон буд. Баъди он соли 1789 маҷлиси миллии Фаронса Эъломияи ҳуқуқи мардҳо ва шаҳрвандон ва ду сол баъд дар соли 1791 аввалин Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Қонуни ҳуқуқҳоро ба тасвиб расонид. Фарқ дар байни санадҳо дар он буд, ки яке ҳуқуқҳои фаронсавӣ ва дигар ҳуқуқҳои шаҳрвандони Амрикоро ҳифз менамуд. Дар фарқият аз дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ Эъломияи ҳуқуқи башар  аввалин санаде, буд ки тавонист ҳуқуқҳои инсонро новобаста аз  миллат, нажод, халқият ва дину забон ҳифз намояд. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳуқуқи инсонро дар мадди аввал гузошта, дар модаи 1-уми он қайд гардидааст, ки “Тамоми одамон озод ва аз лиҳози шарафу ҳуқуқ ба ҳам баробар ба дунё меоянд. Онҳо соҳиби ақлу виҷдонанд ва бояд бо якдигар муносибати бародарона дошта бошанд.” Яъне, инсоният новобаста аз маҳалли зисту таваллуд бо ҳам баробаранд ва баробар ба дунё меоянд. Инчунин дар моддаи 2-юми Эъломияи ҳуқуқи башар қайд гардидааст, ки “Ҳар як инсон бояд бидуни тафовуте, махсусан аз лиҳози нажод, ранги пӯст, ҷинсият, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ё ақидаи дигар, асли миллат ё иҷтимоӣ, вазъи молӣ, хонаводагӣ ё вазъи дигар тамоми ҳуқуқ ва тамоми озодиҳоро, ки дар ҳамин Эъломия зикр шудаанд, дошта бошанд.” Вобаста ба ин метавон қайд намуд, ки баробарие, ки ин санад ба инсон додааст тамоми ҳуқуқҳои онро дар асоси мавҷуд набудани ягон навъи табъиз кафолат медиҳанд, ки дар асоси он ҳуқуқу озодиҳои инсон бояд ба тамоми аҳолии замин новобаста аз ягон навъи фарқият татбиқ гардад. Амале, ки бештар таърих шоҳиди он аст, ин мебошад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон бештар бо сабаби мавҷуд будани табъиз дар ҷомеа татбиқ нагардидаанд. Яъне, бо гузоштани фарқият дар байни мавҷудоти инсонӣ сабаб гардид, то ҳуқуқҳои инсон аз ҷониби худи инсоният бо истифода аз қудрати давлатдорӣ маҳдуд карда шаванд ва он арзиши аслие, ки ба ҳастӣ ва мавҷудияти инсон бахшида шудааст аз инсоният гирифта шавад. Дар тули таърих бо роҳи ташкил ва гузаронидани инқилобҳо баҳри ба даст овардани ҳуқуқҳои фитрии худ инсоният тавонист ҳуқуқҳои худро дар руйи санадҳо инъикос намояд. Таърих гувоҳ аст, ки табақаҳои гуногуни аҳолии ҷаҳон солҳои сол барои барқарор гардидани ҳуқуқҳои худ ва ба даст овардани озодие, ки табиати инсонӣ ба онҳо додааст мубориза бурдаанд. Махсусан табъизе, ки аз рӯйи нажод ва ҷинс нисбати инсоният дар таърих содир гардидааст, сабаб он шудааст, ки қисмати зиёди меъёрҳои санадҳо дар бахши ҳуқуқи инсон тадбиқи худро гум намоянд. Мутобиқи эъломияи умумии ҳуқуқи башар санадҳои дигари байналмилалӣ қабул гардидаанд, ки онҳо барои эътирофу эҳтиром ва ҳифзу пешрафти инсон ва ҳуқуқҳои инсон нақши бузург дорад. Санадҳои муҳими байналмилалӣ дар асоси Эъломияи ҳуқуқи башар қабул гардидаанд. Аз ҷумла, Паймони байналмилалӣ: Паймони байналмилалӣ “Дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ” ва Паймони байналмилалӣ “Дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ”, ки баҳри таъмини ҳуқуқҳои асосии инсон бахшида шудаанд, хеле муҳим мебошанд.  Дар асоси Эъломияи ҳуқуқи башар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфтаанд. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар санаде мебошад, ки аз тарафи аксарияти кишварҳои ҷаҳон эътироф гардидааст, ҳарчанд ки ин санад хислати маҷбурнамоӣ надорад.  Аксарияти кишварҳои ҷаҳон ин эъломияро эътироф намуда, меъёрҳои онро дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии худ таҷассум намудаанд. Махсусан дар Конститутсияҳои аксарияти кишварҳои ҷаҳон меъёрҳои ин санади байналмилалӣ инъикос ёфтаанд.  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд буда, дар он меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ таҷассум гардидаанд. Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ҳуқуқи маҳдуд намудани ҳуқуқу озодиҳои инсонро надоранд. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон новобаста аз сохти давлатдориашон ҳуқуқҳои инсон ва шахсият дар мадди аввал бояд гузошта шаванд ва аз манфиатҳои дигар самт воло гузошта шаванд. Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон рӯзи 10 декабр ҳамчун рӯзи қабули Эъломияи ҳуқуқи башар ва рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил мегардад. Воқеан ҳам ҷойи ҷашн аст, зеро баъди асрҳо арзиши инсон тавассути ин санад ба инсон баргардонида шуд.

Сардори шуъбаи нақлиёт                                  УСМОНОВ М.



Яндекс.Метрика