Ташаббуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар самти экспертизаи судӣ

Намояндаи шуъбаи байналмилалии Мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА (INL) дар Душанбе 6 декабри соли ҷорӣ аз лабораторияи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал овард. Дар ин масир тибқи лоиҳаи таҳия намуда дар самти беҳтар намудани фаъолияти лабораторияи Марказ оид ба масъалаҳои экспертизаи судӣ-криминалистӣ таҷҷизотҳои замони муосир тақдим карда шуд.

Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сафорати ИМА (INL) дар Душанбе барои ҳамкориҳои судманд арзи сипос менамояд.



Яндекс.Метрика