Нақши коршиноси судӣ дар парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба ҷиноятҳои мубориза алайҳи хариду фуруши одамон

Нақши коршиноси судӣ дар парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба ҷиноятҳои мубориза алайҳи хариду фуруши одамон

Фишурда: Дар мақола оид ба нақши экспертизаи судӣ дар рафти ошкорнамоии ҷиноятҳо ба муқобили савдои одамон ва нақши экспертизаи судӣ  ба ин раванд баррасӣ гардидаанд. Нуқтаи назари муаллиф оид ба ҷинояткории дар самти савдои одамон, инчунин, тартиби тадқиқоти ин намуди ҷиноятҳо маълумот  оварда шудааст.

Вожаҳои калидӣ: хулосаи коршиноси судӣ, донишњои махсус, ҷиноятҳои савдои одамон.

 Инсон дар ҳама давру замон волотарин мавҷудот эътироф мегардид. Ва риоя гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон боиси барқарор  гардидани низоми ҷомеа ва тадбиқ гардидани дигар ҳуқуқу озодиҳо мегардад.Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун волоторин санади ҳуқуқӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар радифи аввал мегузорад. Мутобиқи моддаи 5-и Конститутсияи кишвар “инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.”[1] Аз ин меъёри конститутсионӣ бармеояд, ки волотарин арзиш, ки баҳри ҳифзи он тамоми санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ба тавсиб расонида шудаанд, ин риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун волотарин мавҷуди биологӣ ба ҳисоб мераванд. Аммо, мутаассифона баъзе аз инсонҳо баҳри манфиати худ ҳуқуқу озодиҳои якдигарро на танҳо ки маҳдуд, балки комилан онро аз арзиши инсонӣ берун ба мисли як ашё ба муомилот мебароранд. Инсон дар ҳама ҳолат дорои озодӣ аст, вале шароити иҷтимоӣ ва ё ҳам манфиатталабии баъзе аз гуруҳҳо сабаби чунин муомилотҳо мегардад. Мушкилии муайян намудани савдои одамон дар замони ҳозира яке аз масъалаи мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Ин намуди ҷиноят кирдое эътироф гардидааст, ки боиси поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсоният мегардад. Баҳри ошкор намудани ин намуди ҷиноят истифодаи дониши коршиноси судӣ аз аҳамият холӣ намебошад. Тавре ки ба мо маълум аст, экспертизаи судӣ дар айни замон дар ошкор намудани аксарияти ҷинояту ҷинояткорӣ нақши ҳалкунандаро ба иҷро расонида истодааст. Тавассути гузаронидани тадқиқоти экспертӣ механизми содир намудани ҷиноятҳо барои маќомоти тафтиш муайян карда мешавад. Воқеан агар ба марҳилаи тафтиши ҷиноятҳо нигарем баръало мушоҳида менамоем, ки аксарият ҷиноятҳо дар асоси хулосаи эксперт тартиби басту банди онҳо муайян карда мешаванд. Дар замони ҳозира донишњои махсуси коршниосони судӣ дар ошкорнамоии аксарияти ҷиноятҳо истифода карда мешавад. Новобаста аз мақоме, ки қонунгузорӣ ба хулосаи коршиноси судӣ вобаста ҳайси далел эътироф намудани он додааст, дар ифшосозии ҷинояткорӣ аз хулосаи коршиноси судӣ истифода бурда мешавад. Коршиноси судӣ субъекте мебошад, ки дорои дониши махсус буда, вобаста ба ҳолати кор ва ҷинояти содиргардида дорои манфиат нест ва танҳо дар асоси доштани дониши ҳуқуқии худ ва донишҳои махсусе, ки хос будани ӯро собит месозанд, барои ҳалли парвандаҳо дар раванди мурофиа ва ё ҳам дар давраи тадқиқот нақши ҳалкунанда дорад. Дар ҳоли ҳозир ҷинояткорон бо истифода аз техникаву технологияи замонавӣ намудҳои нави ҷиноятро ба вуҷуд овардаанд, ки баҳри ошкорнамоии онҳо истифода бурдан аз воситаҳои илми техникии криминалистӣ ва аз донишҳои махсуси коршиноси судӣ ба вуҷуд меояд. Асри навин ҷиноятҳоеро рўйи кор овард, ки қаблан дар содиргардӣ мушоҳида карда намешуданд, мисли ҷиноятҳо дар соҳаи техникаи компютерӣ ва амсоли инҳо. Дар ҷиноятҳо вобаста савдои одамон низ метавон аз нақши хулосаи коршинос ёдовар гардид. Тафтиши ҷиноят раванди басо мураккаб маҳсуб меёбад, ки барои ба даст овардани маълумоти воқеӣ истифодаи дониши махсус лозим мебошад. [2]Дар ошкорнамоии ҷиноятҳо ба муқобили савдои одамон матавон аз нақши экспертизаи техникаи компютерӣ ёдрас гардид. Чунки дар замони ҳозира фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти ошкорнамоии ва бартараф намудани ҷинояту ҷинояткорӣ бояд ба талабот ва вазъи ҷомеаи мутамаддини имрӯза ҷавобгӯ бошад. Муайян намудани ҷабрдидагони савдои одамон ҷараёни мушкил, ихтилофнок ва нозук мебошад. Истифода бурдани экспертизаи компютерӣ дар тафтиши ин намуди ҷиноят яке аз марҳилаҳои тадқиқот  мебошад. Бояд қайд намуд, ки объекти ин намуди экспертиза компютерҳои фардӣ, дастгоҳу таҷҳизотҳои шабакавӣ ва лавозимоте маҳсуб меёбанд, ки тавассути онҳо ба шабака пайваст шудан имкон пайдо менамояд. Бешубҳа барои ошкор намудани чунин маврид дониши махсус лозим мегардад. Бо гузаронидани экспертизаи компютерӣ дар раванди ошкорнамоии ҷиноятҳо вобаста ба савдои одамон маълумоти компютерии дар раванди исбот татбиқшаванда ошкор карда мешавад. Маълумоти компютерии дар раванди исбот татбиқшаванда гуфта, маълумоти воқеие фаҳмида мешавад, ки тавассути системаи компютерӣ коркард шудааст ва тавассути шабакаҳои телекоммуникатсионӣ интиқол дода мешавад. Ин маълумот барои қабул инсон дастрас мебошанд ва дар асоси онҳо тибқи муқаррароти қонун барои парвандаи тадқиқшаванда дорои аҳамият мебошанд. Чунин маълумотҳо дар воситаҳои гуногуни электронӣ чоп мегарданд. Барои муқаррар намудани чунин маълумотҳо хулосаи эксперти соҳаи техникаи компютерӣ зарур мебошад.   Ҷиноятҳо вобаста савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи амалиётҳои солҳои 1992-юм пайдо гардидаанд. Маҳз дар он давра барои хариду фуруши одамон замина ба вуҷуд омада буд, махсусан барои савдои кудакон. Дар ин замон гуруҳҳои калони ҷиноятї ташкил дода шуданд, ки баҳри манфиати худ чунин намуди ҷиноятро тайёр ва ба иҷро мерасониданд. Барои содир намудани чунин кирдори бадахлоқона ҷинояткоронро лозим аст, ки нақша содирнамоии амали худро тайёр намоянд. Баъзан вақт баъди тавассути фиребу найранг ва ё ҳам бо роҳи зуроварӣ розӣ намудани одамон ё худ объекти ин намуди ҷиноят гуруҳҳои ҷинояткор барои берун аз мамлакат содир намудани амалиётҳои ғайриинсонии худ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ баҳри берун намудани шахс аз ҳудуди кишвар, ва гуё шахсият ихтиёрона барои ба хориҷ сафар намудан розӣ шуда бошад, расмиёти гуногун ба иҷро расонида мешавад. Аз ҷумла, омода намудани ҳуҷҷатҳо вобаста ба берун баромадани шаҳрванд аз ҳудуди ҷумҳурӣ тартиби гуногуни ҳуҷҷатгузорӣ анҷом дода мешавад. Яъне, дар вақти анҷом додани чунин намуди ҷиноятҳо тариби дигар ҷиноят низ ба вуҷуд омаданаш мумкин мебошад. Чунончи ҷиноятҳо вобаста ба тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат, штамп, мӯҳр (моддаи 339-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва ё ҳам сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакӣ (моддаи 340-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) мумкин аст, содир карда шаванд.[3] Агар таркиби чунин ҷиноятҳо ба вуҷуд омада бошад, ошкорнамоии чунин маврид танҳо тавассути хулосаи коршиносони судӣ имкон пайдо менамояд. Барои муқаррар намудани ҷой доштан ва ё надоштани сохтакорӣ дар ҳуҷҷатҳо ба намуди экспертизаи судии техникии тадқиқоти ҳуҷҷатҳо зарурият пайдо менамоем. Дар ин намуди экспертиза ҳолатҳои ҷой доштани сохтакорӣ муқаррар гардида, меъёри вайрон гардидани қонунгузории ҷиноятии кишвар ошкор карда мешавад. Баҳри ошкорнамоии чунин ҳолат танҳо дониши коршиноси судӣ лозим мебошад, чунки танҳо шахсияти дорандаи чунин дониш ва малакаи махсус коршиноси судӣ мебошад. Дуруст аст, дар ошкорнамоии ҷиноятҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳар кадом вобаста бо салоҳияти худ нақши муайянро иҷро менамоянд, чї дар марҳилаи тафтиш ва ҳам дар тадқиқи парвандаҳо. Аммо бояд аз нақши махсус доштани хулосаи коршиноси судӣ низ ёдовар гардем.Мутобиқи моддаи 8–и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” ба ҳайси субъектони дигари давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баромад менамояд. Вазорати адлия мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, амалигардонии сиёсати давлатӣ ва танзими ҳуқуқиро дар соҳаи ҳуқуқэҷоднамоӣ, кумаки ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, тарғиби ҳуқуқӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ-криминалистӣ ва дигар соҳаҳои адлия таъмин менамояд. [4] Мавҷуд будани чунин меъёр дар қонуни соҳавӣ бори дигар аз ин шаҳодат медиҳад ки дар ошкорнамоии ҷинояти мазкур коршиносони судӣ дар канор набуда, баҳри ошкорнамоии ҷиноят ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони масъул тамоми сайъу кушиши худро ба истифода медиҳанд.Дар раванди ошкорнамоии ҷиноятҳо алайҳи савдои одамон аз асосҳи илми криминалистика васеъ истифода бурда мешавад. мисли айниятнамоӣ; Муайян намудани қурбониёни савдои одамон ҷараёни меҳнатталаб мебошад. Яъне, на ҳар шахсоне, ки ҷиҳати ёрӣ гирифтан муроҷиат менамоянд, қурбонии ин намуди ҷиноят мебошанд. Дар таҷриба ҳолатҳо фиребнамоӣ вобаста ба вонамуд намудани қурбонии ин намуди ҷиноят ба назар мерасад. Ва баҳри ин зарурияти таҳияи як қатор расмиёт ва механизмҳои махсус ба вуҷуд меояд. Мақсади таҳияи чунин расмиёт боварӣ ҳосил намудан ҷиҳати он, ки дар ҳодисаи ҷойдошта шахси мазкур дар ҳақиқат қурбонии ҳамин ҷиноят гаштааст ё не? Айниятнамоии қурбониёни савдои одамон ин маҷмуи амалҳои мақомоти салоҳиятдори давлатӣ, аз он ҷумла бо ёрии дигар ташкилоту мақомотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ. Ҷараёни айнияткунонӣ бояд бо дарназардошти эҳтироми ақидаҳо ва мустақилияти қурбонии айнияткунонидашаванда амалӣ гардонида мешавад. Бинобар ин ҷараёни айнияткунонӣ бояд қисми ҷудонашавандаи механизми ҳимояи қурбониёни ин ҷиноят маҳсуб ёбад. Омилҳое, ки ҷараёни айнияткунонии қурбонии савдои одамонро осонтар мегардонанд, инҳо унсурҳое, мебошанд, ки имконияти шинохти инсонро осон мегардонанд. Мисли синну сол, миллат, ҷинс, ҳуҷҷатҳо, ҷойи охирини қарордошта далели истифода гардидани зуроварӣ нисбати ӯ. Ҳамин тавр, дар асоси таҳлилҳои боло қайд кардан лозим аст, ки дар ошкорнамоии ҷиноятҳо вобаста ба савдои одамон зарурати таъин намудани экспертизаҳои криминалистӣ ба миён омада, он бо исифодаи донишҳои махсус бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ба расмият дароварда мешавад. Хулосаи коршиносони судӣ барои ошкор намудани сабабу шароитҳое равона мегардид, ки аз ошкор гардидани чунин сабабу шароитҳо натиҳаи тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ вобастагии сахт дошта, ҷиҳати татбиқшавии адолати судӣ заминагузорӣ менамояд.

Солеҳзода Давлат Уроқ

      Сардори шуъбаи криминалистии      

     Маркази ҷумҳурявии экспертизаи 

     судӣ ва криминалистии Вазорати        

      адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                              



Яндекс.Метрика