ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ИФТИХОР АЗ ВАТАНДОРИСТ

ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ИФТИХОР АЗ ВАТАНДОРИСТ

Тоҷикистон кишварест, ки дар арсаи ҷаҳон шинохта шудааст. Ҳамчун  узви баробарҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид эътироф шуда, расман мақоми барҷастаи  байналмилалиро касб кардааст. Мардуми тоҷик дар таърихи шинохти халқу миллатҳои ҷаҳон, ҳамчун миллати соҳибтамаддун, бомаърифат, меҳмоннавоз ва соҳибҳунару соҳибкасб шинохта шудааст. Исботи гуфтаҳои болоро ба нигоштаҳои таърихшиносон, шоирону адибон, мақолу тадбирҳои халқӣ нисбат додан зарур  аст, зеро ки тадқиқотҳои илмие, ки ба шинохти миллати тоҷик  равона гардидаанд, ин миллатро новобаста ба сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодии давраҳои аз сар гузаронидааш соҳибҳунар эътироф кардаанд. Махсусан, дар китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров- Қаҳрамони Тоҷикистон паҳлӯҳои ҳунару ҳунармандии мардуми тоҷик хеле хуб таҷассум ёфтаанд. Адибони бузург ҳунарро боло аз симу зар дониста, дар ҳар давру замон таъкид бар он намудаанд, ки шахси соҳибҳунар дар ҳар давру замон соҳибэҳтиром буд, ҳаст ва мемонад. Дар мисраи Саъдии Шерозӣ “Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол…” ва байти Ҷомии бузургвор  “Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест, Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест” ин нукта хеле хуб равшан ва ҳадафрас баён гардидаанд.

Мо тоҷикон аз ҷумлаи он миллатҳое мебошем, ки марзу буми худро хеле дӯст медорем ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунем. Дар тули 33 соли истиқлолият мо ба дастовардҳои зиёде ноил гардидем. Аз ҷумла, дастоварди бузургтарини мо барқарор намудани сулҳу суботи комил ва Ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз бо шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.

“Таърих дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат, пешомадҳои давлатро равшан мекунад”-чунин таъкид доштаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Таърихи миллати тоҷик худ гувоҳи он аст, ки сарзамини Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо марзи ҳунару ҳунармандист. Кишвари тоҷикон чун як садаф дар рӯи замин бо зебогию ҳашамати худ ҳамаи он сайёҳонеро, ки ба сарзамини мо меоянд, тасхир менамояд. Аз ин рӯ, шумораи сайёҳон аз тамоми гӯшаи олам сол ба сол рӯ ба афзоиш аст. Ин сайёҳон ҳамчунин аз ҳунармандии тоҷикон воқиф мегарданд, зеро дар ҳар оилаи тоҷик нафаре дида мешавад, ки ба ҳунари бобоӣ дилбастагӣ дошта, дар ҳолатҳои фориғ аз кор рӯ ба ин ҳунар оварда, ба хотири поси  рӯҳи гузаштагон ва таъмини бошарафонаи рӯзгузаронии худ  аз асбобҳои онҳо истифода карда маҳсулеро меофарад, ки дар рӯзгори ҳаррӯзаи мо ба кор меояд. Ҳунарҳои чӯбтарошию кандакорӣ, кӯлолгарӣ, сангтарошӣ, оҳангарӣ, бофандагӣ, заргарӣ ва ғайра аз ҳунарҳое ба шумор мераванд, ки дар натиҷаи ба он машғул шудан чунин маҳсулотҳо рӯи кор меоянд: дару тиреза, дарвоза, кати хоб, сандуқ, гаҳвора, лавҳ, косаю табақ, қошуқу кафлез, зин, гарданбандҳо аз сангҳои ороишӣ, ҳунарҳои кашидадӯзӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, шерозбофӣ, қолинбофӣ, кӯзасозӣ, офтоба, лаълӣ, дос, табар, теша, бел, каланд, шохин (панҷшоха), занҷир, панҷара, наъл, изангӯ, гӯшвораю гарданбанд, қасаба, қулфи гиребон, ситораи сари кокул, чалаю даспона ва ғайра. Ин ҳама маҳсулоте, ки сохта мешавад, дар ҳаёти рӯзмарраи мо даркорӣ ба ҳисоб рафта, дар кули хонаи мардуми тоҷик аз офаридаи ин ҳунарҳо истифода мебаранд ва шароити хоҷагии қишлоқро бидуни истифода аз ин ҳама ғайриимкон ҳаст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзи қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба ҳунарҳои мардумӣ, ки бевосита дар ҳама ҳолат муаррифгари давлату миллат мебошанд, солҳои 2019-2021-ро “Соли рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон доштанд. Бо такя ба таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами кишвар моро лозим меояд, ки ин паҳлӯи сиёсати давлатиро дастгирӣ намоем ва тарғиби ташвиқи манзараҳои зебои диёр, табиати афсункори Тоҷикистонро ба роҳ монда, шумораи сайёҳонро, ки то соли 2017 намояндагони зиёда аз 146 давлати ҷаҳонро дар бар гирифтааст, афзун намоем.

Тоҷикистон чун як узви соҳибихтиёри ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сатҳи байналмилалӣ обрӯю эътибори хоса дорад. Кишвари мо барои пешгирӣ аз терроризми ҷаҳонӣ бо кишварҳои дигар дар як саф қарор дорад ва худ, ки аз ин падидаи номатлуб зарар дидааст, тамоми қувваи мардуми кишварро барои пешгирӣ аз рушди терроризм ва экстремизм сарф мекунанд ва дар ин кор муваффақ ҳам ҳаст. Ин ҳама низ як дастоварди беназирест, ки кишваре бо мавқеи сазовори байналмилалӣ ва дипломатияи мардумияш дар тақдиру ҳаёти ҳар як сокини ҷаҳон бетараф нестанд.

Тоҷикистон чун кишвари дар ҳоли рушд дар арсаи иқисодиёт низ ба муваффақиятҳои назаррас соҳиб гардидааст. Амал кардани минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар гӯшаҳои гуногуни кишвар барои пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон мусоидати устувор  менамояд. Оғози кори НОБ-и Роғун барои боз ҳам рушд намудани соҳаи саноат кумак расонида, кишварро аз бунбаст ва норасоии қувваи барқ ба пуррагӣ раҳо намуд. Тоҷикистон имрӯз комилан аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ҳоло кушиш дорад, ки таъминоти аҳолӣ бо маводи хӯрока низ ба пуррагӣ таъмин гардад ва дар ин кор солҳои охир ба муваффақияти назаррасе ноил гардид. Соҳаи  хоҷагии қишлоқ рушд намуда, коркарди ашёи хом бештар дар дохили кишвар гузаронида мешавад, ки ин ба сохтмони корхонаҳои саноатӣ ва ба ҷои кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мусоидат менамояд.

Бояд ёдрас шуд, ки дар зиндаю поянда нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ нақши ҷашнҳои миллӣ хело ҳам калон аст. Масалан, ҳамасола ҷашни Наврӯз ба хотири зинда гардонидани оину суннатҳои ин ҷашни бузург намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда мешавад. Дар ин рӯз шаҳрвандони кишвар хушию хурсандӣ карда, бори дигар муҳаббаташонро ба Ватани худ иброз менамоянд. Ин анъана дар иди “Меҳргон”, “Сада” ва озмунҳои ҳунарӣ байни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз қабили “Бӯстон”, “Андалеб” густариш ёфта, аз тарафи масъулин ҳунари ҳунармандон қадршиносӣ гардида, завқу салиқаи ҳунармандонро ба касбу ҳунарҳои мардумӣ афзоиш медиҳад.

Имрӯз мо метавонем бо эҳсоси ифтихор таъкид намоем, ки асосҳои ҷомеаи демократиро ба вуҷуд оварда, дар ҷомеаи чаҳонӣ мақому мартабаи арзанда пайдо намудаем. Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ду боли тавоное мебошанд, ки Тоҷикистонро  ба парвозҳои баланд ҳидоят менамоянд. Пойдории Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар саросари кишвар ва тараққиёти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар натиҷаи хизмати бузургу қаҳрамононаи халқи хирадманд, сулҳдӯст ва бунёдкори тоҷик ба воқеият табдил ёфт.

Мо ҷавонон бояд ҳамеша зиракии сиёсиро пеш гирифта, дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоем ва дар ободони кишвари азизамон саҳмгузор бошем. Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Дар ин замина низ пос доштани дастовардҳо ва дарки воқеӣ намудани мафҳуми истиқлолият барои ҳар фарди бедордилу ватандор ифтихори волою беҳамто ҳисобида мешавад.

 

Сардори шуъбаи экспертизаи судӣ

хатшиносии Маркази ҷумҳуриявии

экспертизаи судӣ ва криминалистии

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон                          БЕКЗОДА  А.Ҷ.

 



Яндекс.Метрика