ПЕШВО ДОРЕМ, ДОРЕМ ИФТИХОР!

ПЕШВО ДОРЕМ, ДОРЕМ ИФТИХОР!

Дар роҳи расидан ба сулҳу ваздати миллӣ дар Тоҷикистон нақши фарзанди фарзонаи миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Аз ин рў, мутобиқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” ҳамасола 16-уми ноябр ҳамчун Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад.

Маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд.

Аз таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дида мешавад, ки шахсиятҳое буданд, ки дар марҳилаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба сари ҳокимият омада, зимоми давлатдориро ба дўши худ гирифтанд ва барои баланд бардоштани обрўю нуфузи давлати худ нақши муассир гузоштаанд.

Агар ба корномаи Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори барҷаста аз назари таҳқиқ нигарем, чунин натиҳагирӣ метавон кард, ки фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марди хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш муттаҳид ва ба қалби мардумаш шуълаи умедро бедор намуд.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.

Имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб эҳсос мекунанд, ки Пешвои миллат, сарфи назар аз ҳамаи мушкилоту монеаҳои мавҷуда, тамоми захираву имкониятҳоро барои беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ сафарбар менамоянд.

Моро зарур аст, ки дар партави сиёсати ин абармарди таърих кору фаъолияти пурсамар намоем ва барои расидан ба ҳадафҳои судманди миллӣ аз тамоми имконот истифода намоем.

Таҳлил намудани Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, аҳамияти бисёр муҳими сиёсӣ ва тарбиявӣ дорад. Бо таҳлил намудани ин рўз мардум, пеш аз ҳама нақши Президентро дар рушду инкишофи давлат дарк менамояд. Аз ҳамин лиҳоз, Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни бузурги миллӣ, тантанаи волоияти қонун, рўзи сипосгузорӣ ва маҳбубияти хоса ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Шамсулло КАРИМЗОД,

сардори шуъбаи экспертизаи судии иқтисодии МҶЭС ва К ВА ҶТ



Яндекс.Метрика