Ҳувияти миллӣ, ватандӯстии шаҳрвандон

Ҳувияти  миллӣ, ватандӯстии шаҳрвандон

Ташаккули ҳувияти миллӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Миллати тоҷик, ки се даҳсоларо таҳти сиёсати оқилонаву одилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипарӣ намуда истодааст, ба муваффақиятҳои беназир ноил шуд, ки саҳми шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон  низ дар ин дастовардҳо назаррас мебошад. Ин гуфта аз суханони Пешвои миллат маншаъ мегирад, ки борҳо фармудаанд: «Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони бонангу номуси мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, яъне ояндаи давлату миллат мебошанд».

Дар тӯли солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти имрӯзаи мо, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ қадар дигаргуниҳои куллӣ бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат, дарёфт намудани роҳҳои рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба амал омадааст.

Нодида гирифтани амалишавии ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зина ба зина ҳал гардидани дигар мушкилоти мавҷудаи сокинони мамлакат ва рӯз аз рӯз ободу зебо гардидани минтақаҳои гуногуни давлати тоҷиконро танҳо душманони дохилию хориҷии кишвари мо ба худ раво диданашон мумкин аст. Ҳамчун шоҳиди бевоситаи воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта суханони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро бобати он ки дар он солҳои барои мардуми тоҷик даҳшатбор хатари аз байн рафтани давлат вуҷуд дошту имкониятҳои молиявии мамлакат хеле ночиз буданд.

Танҳо тавассути сиёсати оқилонаи пешгирифтаи Роҳбари тозаинтихоби кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Иҷлосияи тақдирсози ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии мамлакат интихоб гардида буд ва хиради азалии мардуми тоҷик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои ороми сиёсӣ барқарор гардида, пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ, ки он низ чуноне Президент борҳо таъкид намуданд, таҳмилӣ буд, гирифта шуд.

Шукрона аз он бояд кунем, ки имрӯз давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф намуда, воридшавии Тоҷикистон ба чандин ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷиҳати рушди бонизоми иқтисодию иҷтимоии мамлакат мусоидат менамояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти иҷтимоию маънавии халқи Тоҷикистон, ки ба эҳёи худшиносиву дарки ҳувияти миллии тоҷикон сахт марбут аст, хизматҳои басо бузурги таърихӣ анҷом додаанд. Руҳияи қавии меҳандӯстӣ ва андешаи ватанпарвари ин шахсияти таърихӣ мояи ибрат ва ифтихори тоҷикон, бахусус ҷавонон мебошад.

Муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон бо бунёди давлати миллӣ тағйироти бузургро дар кишвар ба вуҷуд оварда, баҳри рушди Тоҷикистон уфуқҳои тозаро кашф намуданд. Бо заҳмату ҷонбозиҳо миллати тоҷикро ба асли хеш баргардониданд, асолати фарҳангиро ба вуҷуд оварданд. Руҳияи миллии ҷомеаро ташаккул дода, баҳри пойдории арзишҳои неки инсонӣ, сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ, хештаншиносӣ, забон ва шуури миллӣ ҳамчун унсурҳои асосии ҳастии миллат тадбирҳои судманд андешиданд.

Дар ҳамин ҳошия мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар, ки 21 майи соли 2021 баргузор гардид, ҳамчун падидаи ҳувиятсоз дар рушди мафкуравӣ, ҷаҳонбинӣ ва бедории миллии ҷавонон таъсири созгор гузошта, онҳоро ба омӯзиши таъриху фарҳанг, илму дониш, ватандӯстӣ, ҳимояи истиқлолияту озодӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва рушди босуботи кишвар муътақид сохтааст.

Ташаккули ҳувияти миллӣ ва ватандӯстии шаҳрвандони мамлакат яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Зеро дар оғози Истиқлоли давлатӣ, ҳарчанд Ҳукумат заминаҳои бедории сиёсию иҷтимоии шаҳрвандонро фароҳам оварда буд, аммо набудани нерӯи созмондиҳандаи миллӣ, ки метавонист орзуву ормони гурӯҳҳои гуногуни ҷомеаро ба як ниёзи миллӣ мубаддал кунад, кишварро ба вартаи задухӯрдҳои дохилӣ кашид. Аммо хиради азалии халқи тамаддунофари тоҷик имкон дод, ки таҳти роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин буҳрони сиёсӣ раҳоӣ ёбем ва сулҳу суботро ҳамчун воситаи таҳкими ваҳдати комил интихоб карда, ба рушди минбаъдаи кишварамон роҳи васеъро боз намоем.

Дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ бо таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва ба ин васила моил сохтану сӯистифода намудан аз қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ равона шудааст, тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ, зиракии сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ бисёр муҳим аст.

Ҳар як фарди бо нангу миллати тоҷик бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат барои расидан ба даврони созандагӣ, қадамҳои устувор гузоштан дар шоҳроҳи сиёсиву иқтисодӣ ҳамдилу ҳаммароми Пешвои миллат мебошанд.

Барои инсоният сулҳ ва оромиш дар ҳама давру замон нақши арзанда дорад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат фарҳанги сулҳро таблиғ карда, хостори ваҳдату субот ва ҳамраъйию мутаҳиддии ҷавонон гардиданд ва аз зиёиён, олимону донишмандон, уламои дин ва аҳли ҷомеа даъват намуданд, ки ба ҳамагуна зуҳуроти хурофотпарастӣ, экстремизму терроризм ва дигар падидаҳои номатлуб мубориза баранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳимояи Истиқлолият ва пуштибонӣ аз Ватани аҷдодиро бо шинохти арзишҳои миллӣ, расидан ба қадри суботу оромиш ва сулҳу осоиш ҳамчун асоси пешрафти ҷомеа бо аз бар кардани донишу маърифат, савод, забондонӣ, тарбия ва омӯхтани сарнавишту таърихи миллат арзёбӣ намуда, зикр намуданд, ки «Истиқлолу озодӣ муқаддастарину азизтарин неъмат ва бузургтарину арзишмандтарин сарват барои ҳар як миллат ва халқ мебошад. Бинобар ин, мобояд шукронаи ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем. Зеро таҷрибаи ҳар давлате, ки роҳи рушди мустақилонаро пеш гирифтааст, нишон медиҳад, ки истиқлолу озодӣ ҳамеша ниёзманди ҳимояи ҷиддӣ аст».

«Ҳадафи мо, — зикр намуданд Пешвои миллат, аз тамоми тадбирҳои амалигардида ин аст, ки насли оянда, яъне фарзандони мо бесавод намонанд».

Оре, яке аз сабабҳои асосии рӯ овардани бархе аз ашхос ба хурофот ва ифротгароӣ маҳз бесаводист. Зуҳуроти номатлуб ва хатарноки зикршуда тафаккури мардуми бесаводро зудтар заҳролуд карда, онҳоро ба ҷаҳолат мебарад, ки зиндагии ҷомеаро тираву торик месозанд, боиси қафомонии давлат ва садди пешрафт мегарданд. Рӯ овардани баъзе аз шаҳрвандони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию пайравӣ аз фарҳанги бегона, экстремизми динӣ ва хусумат ба намояндагони дину мазҳабҳои дигар, ҷудошавии оилаҳои ҷавону низоъҳои оилавӣ падидаҳои номатлуби давраи ҳозира ба ҳисоб меравад, ки дар ҳамин замина зуҳур меёбад.

Бо сарварии Пешвои миллат давлатдории муосири мо, ки бо такя ба таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи миллат, забон, фарҳанг, анъана, урфу одат ва маданияти миллӣ ташаккул ёфта истодааст, барои ваҳдат, ягонагӣ, сулҳу субот ва татбиқи муҳимтарин арзишҳои рушди миллӣ: саҳмгузорӣ дар ҳифзи истиқлолият, ифтихори таърихию тамаддунӣ, ватандӯстӣ, ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, посдорию тақвияти забони давлатӣ, таҳкими ҳамзистии иҷтимоӣ ва ваҳдати миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини зиндагии шарафмандонаи мардум, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, тараннуми сиёсати сулҳомез мусоидат карда истодааст.

Бисёр муҳим аст, ки насли имрӯза ва оянда бояд таърихи кишвар ва миллатро бошуурона омӯзанд, зеро танҳо дар ин замина иттилоъ меёбанд, ки чӣ гуна фарзандони содиқи Ватан, бахусус бунёдгузори давлати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути хизматҳои ҷоннисорона дар ин 30 сол инқилобҳои маданӣ ва ислоҳоти иҷтимоиро дар мамлакат ба вуҷуд овардаанд ва онҳо дар бунёди давлатӣ миллӣ ва эҳёи миллати тоҷик чи натиҷаҳо ба бор овардааст.

Рушду устувории давлатдориро Пешвои миллат ба неруе, ки бар афкору андеша ҳукмрон аст, яъне илм, дониш, маърифат ва фарҳанг вобаста дониста, онҳоро ҳамчун омилҳои наҷотбахши давлати миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ арзёбӣ карданд.

Бо ин таълимоти хирадмандона Сарвари кишвар ҳидоят месозанд, ки мо ҳамон вақт ҳадафмандона, оқилона ва муваффақона давлати миллии худро рушд медиҳем ва онро ҳимоя карда метавонем, ки агар онро дӯст дорем, қадршиносу шукргузор бошем, хонем ва омӯзем.

Бемуболиға маориф, забон, адабиёт, илм, фарҳанг ва иттилоот, ки дар шаклгирии ҷаҳонбинӣ, равия ва ақидаи шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон нақши муҳим дошта, тавоноии онҳоро меафзояд, симои давлати тоҷиконро дар байни кишварҳои ҷаҳон барҷаста месозад. Ин арзишҳои башарӣ, яъне фарҳанг ва адабиёт, ки омили пойдории ҳувияти миллат мебошанд, дар ташаккули ахлоқу одоб ва рафтору кирдори шахсию иҷтимоии ҷавонон таъсири амиқ мерасонанд. Ба ин хотир гуфтору пиндори онҳоро дар ҷамъият созмон медиҳанд. Ҳидояти Сарвари давлат ҳамин аст, ки ҷавонон ин мероси пурғановатро дар такомули маънавии худ мебояд ҳамеша самаранок истифода намоянд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабабҳои воқеии парокандагиву таназзул ва руйдодҳои таърихии ташаккули миллати тоҷикро шарҳ дода, назарияи худро, ки дар асоси омӯзишу таҳқиқи дар ин се даҳсола аз сар гузаронида хулоса кардаанд, баён доштанд, ки «танҳо сохти давлатдории миллӣ омили аслии пойдорӣ, истиқлолу озодӣ ва рушди устувор шуда метавонад».

Дар мулоқот масъалаҳои устувории ояндаи ин мактаби сармояи миллӣ, ки кафили бақои давлатӣ ва ҳастии миллии мо мебошад бо назардошти моҳияту мазмуни равандҳои сиёсӣ ва идеологии ҷаҳон мавриди таҳлили Пешвои миллат қарор қарор гирифта, таъкид намуданд, ки «шумо, ҷавонони азиз, бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму донишҳои муосир бошед, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кунед, ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли хеш содиқ бошед, сарзамини аҷдодиро самимона дӯст доред, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳимоя кунед, нангу номус ва ҳисси баланди миллии худро ҳифз намоед, эҳтироми падару модар ва пирону калонсолонро ба ҷо оваред». Чунин роҳнамоӣ аз ҷониби Пешвои миллат руҳияи ҷавононро аз таъсири хурофоту таассуб ҳифз намуда, ба таҳкими ҳиссиёти худшинсӣ ва боз ҳам ба корҳои созандагӣ моил гардидани онҳо боис гардид.

Ин ҳама таваҷҷуҳ ба ҷавонон ва дастгирву ғамхорӣ нисбати онҳо ояндаи кишварро умедбахш сохтааст. Зеро миллату давлате, ки дар бораи насли ҷавони худ андеша мекунад, дар асл ояндаи худро таъмин ва устувор месозад. Пешвои миллат боварӣ ва эътимод ба қишри ҷавони кишварро яке аз омилҳои муваффақият изҳор дошта, пешрафту шукуфоии кишварро бо саҳму ташаббуси ҷавонон пайванд донистаанд ва онҳоро дар татбиқи нақшаҳои созандаи имрӯз низ ҳамфикр мешуморанд, ки нишонаи бебаҳси рушди устувори ояндаи давлат аст.

Тавре Пешвои миллат баён доштанд: «Мо инро аз қадамҳои аввали соҳибистиқлолӣ, замоне, ки қувваҳои мухталиф борҳо кӯшиши шикаст додани давлати ҷавони тоҷиконро доштанд, равшану возеҳ эҳсос намудем ва барои таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа, ҳимояи муқаддасоти миллӣ ва рушди Тоҷикистони азизамон, пеш аз ҳама, ба ҷавонон такя кардем».

Дар мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавони кишвар, ки 21 майи соли 2021 доир гардид, манфиатҳои олию ниёзҳои ҳаётии мардуми Тоҷикистон, яъне ватандорӣ, истиқлолият, ваҳдат, субот, рушд, ободонӣ, зиндагии шоиста, илму маърифат ва эҳёи миллӣ дар меҳвар қарор гирифтанд.

Аз ин рӯ, пайравӣ ба Пешвои миллат маънои ифтихор доштан бо номи миллат, саҳмгузорӣ дар рушди ваҳдати миллӣ ва суботи устувори ҷомеа, боварӣ ба сиёсати созандаю ободкор ва умед ба ояндаи боэътимоди давлати миллӣ мебошад.

Аз шаҳрвандони бо нангу номуси миллат умед аст, ки дар ҳошияи таассурот аз ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давомдиҳандагони арзишҳои олии инсонӣ ва муҳофизи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ баҳри рушд, ваҳдат ва пешрафти кишвар саҳми боз ҳам сазовор мегузоранд.

 



Яндекс.Метрика