Мукофоти давлатӣ ба корманди Маркази Ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикисттон

Мукофоти давлатӣ ба корманди Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикисттон

Бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони касбу кори гуногуни мамлакат, ки нишондиҳандаҳои баланди касбӣ аз худ зоҳир намудаанд бо мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ қадршиносӣ намуданд. Дар ин радиф  сармутахассиси шуъбаи молшиносии Маркази љумњуриявии экспертизаи давлатии судї ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рабизода Абдуҷоми Салом бо мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ карда шуданд. Мукофотҳои давлатиро санаи 7 сентябри соли 2023 Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дар ҳузури муовини якум, муовинони вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанавор супориданд



Яндекс.Метрика