Истиқлолият муқаддастарин дастоварди миллат

Истиқлолият муқаддастарин дастоварди миллат

Истиқлолият неъмати бебаҳоест, ки дар асоси он  миллатро метавон шинохт ва танҳо дар сурати доштани он, ҳар як халқ дорои ватани худ мегардад. Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тамаддунофари тоҷик баъди гузаштани садсолаҳо муяссар гардидааст. Халқи тоҷик, ки бо доштани фарҳангу тамаддуни оламшумул доимо мавриди истибдоди бегонагон қарор мегирифт баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба ҳамагон нишон дод, ки тоҷикон ҳанӯз аз даврони қадим вуҷуд доштанд ва маҳз њамчун як миллати тамадунофар дар кулли дунё маҳсуб меёфтанд. Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ равон намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар як фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии  миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият, орзуву ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.         Ҳангоми дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ қарор доштани Тоҷикистон ҳанӯз аз даврони охирҳои солҳои 80-ум аввалин ҷунбишҳо дар ИҶШС ба амал омаданд, ки миллати мо аз ин дар канор намонд. 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шурои, Олии ҶШС Тоҷикистон, бори аввал “Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Шуравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ ” қабул карда шуд. Аммо ин ҳуҷҷат истиқлолияти комили мамлакатро таъмин карда наметавонист. Билохира 9 сентябри соли 1991 вакилон дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати “Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуданд. Ин ҳуҷҷат истиқлолияти ҷумҳурии Тоҷикистонро қонунан ба ҷаҳониён шинос намуд.  Пўшида нест, ки дар ҳудуди кишвар баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҷанги шаҳрвандӣ шуруъ гардид. Вале мардуми шарифи тољик бо дастгирии Сарвари давлатамон, муњтарам Эмомалї Рањмон кушиш ба харљ намуд, ки аз ин оташи дањшат бароянду рў ба ободии кишвар нињанд ва тавонистанд он фољиањои дањшатангезро паси сар намуда ќадам  ба суи сулњу осоиш нињода, бањри  пешбурди давлатамон камари њиммат банданд. Ҳукумати навтаъсис корро барои пешбурди давлат аз сифр шуруъ намуд. Қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ташкили мақомоти ягонаи қонунгузорӣ баҳри қабули қонунҳои соҳаҳои мухталиф дар ҷомеа дарак аз таъсиси ҳукумати навбунёд медод. Қабул гардидани санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ баъди таъмин гардидани фазои сулҳ барои давлату Ҳукумат дастрас гардид. Барои ноил гардидан ба пешравиҳо баъди соҳибистиқлолӣ ин қабул намудани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дониста мешавад, зеро ҷамъият дар асоси доштани роҳнамо ва роњбари оќилу доно ба пешравиҳо ноил гардида метавонад.  Қадами ҷиддӣ дар ин роҳ қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Қабули Конститутсияи кишвар аз ҷониби халќи тоҷик, интихоби умумихалқии Президенти кишвар, қабули рамзҳои давлатӣ таъсиси артиши миллї, қушунҳои сарҳадӣ, ва дигар рамзњои  ќабулнамуда аз мустаҳкам гардидани пояҳои истиқлолият дарак медод. Баъди ин  барномаҳои зиёд вобаста ба пешрафти соҳаҳои мухталифи давлатдорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расонида шуд, ки ин ҳама баҳри некуаҳволии мардум равона гардид. Қайд кардан зарур аст, ки дар баробари доштани истиқлолияти миллӣ барқарор будани ваҳдату ягонагӣ дар ҳудуди кишвар аҳамияти  хеле муҳим дорад, зеро давлатҳои мутамаддин дар асоси мафкураи ваҳдати миллӣ пешрафт менамоянд. Халқи тоҷик бо дастгири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиҷлолӣ анъанаҳои неки миллиро тақвият дода,  барномаҳои ояндаи худро дар асоси беҳтарин бозёфтҳои тамаддуни сиёсатмадорӣ ва қонунгузории ҷаҳони муосир бунёд намуд. Ҳиссиёти якдилӣ, мутаҳидӣ, ватандустӣ ва меҳнатдустии тамоми халқамонро метавон барои ноил шудан ба дастовардҳои беназир ва ҳифз гардидани арзишҳое, ки дар асоси истиқлолият ба даст омаданд, истифода намоем. Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд. Дар замони муосир кишвари мо баҳри пешрафт ҳадафҳои стратегии худро таъсис додааст, ки ноил гардидан ба ин ҳадафҳо метавонад, кишвари азизи моро ба рушди марҳилаи ҷадид ворид намояд. Марҳилае, ки дар он амнияти шаҳрвандон пурра таъмин гардидааст ва тамоми ҷабҳаҳои давлатдорӣ баҳри пешрафти љомеа вориди барномаҳои бузурги сиёсӣ гардидаанд. Воқеан, ҳангоми дастёби ба ҳадафҳои стратегии давлат дар тамоми соҳаҳо мо ба комёбиҳои арзиши ҷаҳонӣ дошта ноил мегардем ва ин ҳама замоне ба вуқуъ хоҳад омад, ки мо тавонем истиқлолияти миллии худро дар чунин як вазъияти ҷаҳони мураккаб ҳифз намоем.

Бахшида ба ҷашни 32 солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Марказ аз ҷониби директор Раҳмонзода Муҳаммадбаши Саъдулло  бо СИПОСНОМАИ Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда хизматҳои шоён дар самти фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ ва сатҳи баланди ҳамкорӣ бо мақомотҳои таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ мувофиқи моддаи 61 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нуритдинзода Баҳриддин Нуритдин -Сардори филиали Марказ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд

Зеваршоев Ёрабшо Нуралишоевич- Сардори филиали Марказ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ

Каримзод Шамсулло Ибодулло- сардори шуъбаи иқтисодӣ

Солеҳзода Давлатбек Уроқ- сардори шуъбаи криминалистӣ

Рабизода Абдуҷоми Салом- сармутахассиси шуъбаи молшиносӣ

Рустамзода Баҳодур Рустам-сармутахассиси шуъбаи техникаи компютерӣ ва видеоовозшиносӣ

Қаландаров Сайдали Ҳасанович-сармутахассиси шуъбаи хатшиносӣ

Гулҷонова Манзура Нусайриевна сармутахассиси филиали Марказ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ

Расулов Фирдавс Тоирович- мутахассиси пешбари филиали Марказ дар шаҳри Бохтари вилояти хатлон

Икромова Шаҳодат Наврузовна – мутахассиси пешбари филиали Марказ дар шаҳри Бохтари вилояти хатлон

Ҷураев Ғайрат Илҳомович-мутахассиси пешбари филиали Марказ дар шаҳри  Хуҷанди вилояти Суғд

Фаризаи Ғулом-мутахассиси шуъбаи кадр ва коргузории Марказ  сарфароз гардонида шуданд.

32- юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи Шумо муборак бошад!

 

 

 



Яндекс.Метрика