Моҳияти танзими анъана ва ҷашну маросим

Моҳияти танзими анъана ва ҷашну маросим

Низоми муайяни кору зиндагӣ ва ба танзим даровардани масъалаҳои муҳими ҷомеа аз шартҳои зарурӣ ба ҳисоб меравад. Худи мақсади таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ ба як раванди пешрафта мубаддал гардонидан ва ба низом даровардани самти муайян мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо ташаббуси наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи кишвар дигаргуниҳои зиёдеро ба амал овард. Ин қонун баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва гирифтани пеши роҳи ҳар гуна хурофоту зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ зимни баргузории маъракаю маросимҳо мусоидат кард. Дар воқеъ, амали қонуни мазкур бори дигар собит намуд, ки дар раванди татбиқи ин санади муҳим мушкилиҳо тадриҷан аз байн рафта, барои беҳтар гардидани зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам гардид. Ин қонун моро водор месозад, ки ба хотири рўзгори нек ва зиндагии шоистаи наслњои оянда саҳм гузорем. Ёдовар мешавем, ки соли 2007 ба хотири баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии мардуми кишвар, ки дар роҳи он маъракаву маросимҳои серхароҷот монеаҳои ҷиддӣ эљод мекарданд, Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” қабул гардид ва он аз ҷониби аҳли ҷомеа хуш пазируфта шуд. Қабл аз қабули ин санади меъёрии ҳуқуқӣ, бо супориши Роҳбари давлат тавассути телефонҳои боварӣ, почтаҳои электронӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма фикру дархост, таклифу пешниҳоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷамъ оварда шуд. Бояд таъкид кард, ки бартарияти ташаббуси Сарвари давлат дар зару-рати қотеъонаи қабул кардани Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар он буд, ки Пешвои миллат аз нигоҳи манфиатҳои иҷтимоӣ ба мардум фаҳмонида тавонистанд, ки ҳамаи зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маъракаҳо ҳуз худнамоӣ ва шўҳратпарастӣ чизи дигаре нест. Хушбахтона, мардум оҳиста-оҳиста ин ҳақиқати бебаҳсро дарк наму-данд ва фоидаи танзимро дар беҳбуди ҳаёти рўзмарра ва буҷети оилавии худ эҳсос намуданд. Ба қавли Роҳбари давлат: “Бинобар ин, мо бояд, пеш аз ҳама, ба хотири таъмин намудани аҳли оила ва фарзандони худамон, фароҳам овардани шароит барои рўзгори осудаи мардумамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон ва ободии Ватани маҳбубамонбоз ҳам бештар заҳмат кашем ва дар ин ҷода тамоми саъю талош ва захирау имкониятҳоямонро сафарбар созем. Бо дарназардошти вазъи баамаломада дар ҷаҳони муосир зарур аст, ки мо ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ, пешгирӣ кардани зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва исрофи маводи ғизоӣ, аз ҷумла дар рўзҳои ид ва риояи ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ҷиддӣ муносибат кунем”. Қабули қонун рўйдоди воқеан таърихӣ дар ҳаёти мардуми тоҷик маҳсуб мешавад ва барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шу-дааст. Яъне, Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” тақозои замон буда, хуллас, ба андешаи Пешвои миллат: “Қобили зикр аст, ки тайи ин солҳо қонуни миллии мо дар ҷодаи ба мазмуну моҳияти аслиашон мутобиқ гардонидани расму ойинҳои суннатӣ ва ислоҳоти маънавии ҷомеа, яъне аз таъсири расму анъанаҳои бегона озод сохтани тафаккури мардуми киш-варамон нақши арзишманд бозид ва боиси хеле беҳтар шудани вазъи иҷтимоии сокинони мамлакат гардид”.

Шуъбаи экспертизаи судӣ-иқтисодии МҶЭС ва К ВА ҶТ:

 



Яндекс.Метрика