Нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба натиҷаи фаъолияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он

8 августи соли 2023 дар бинои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишасти матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2023 нишасти матбуотӣ, бо намояндагони воситаҳои ахбори омма, вобаста ба натиҷаи фаъолияти Вазорат ва сохторҳои он баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ  саволҳо самти гуногуни фаъолияти Вазорати адлия Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифт. Инчунин яке аз паҳлўҳои саволҳо дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ бо тариқи ғайринақдиро  дар бар гирифт.

 



Яндекс.Метрика