Вохўрӣ бо намояндагони Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахотири ҳамкорӣ ба рушди соҳаи экспертизаи судӣ ва криминалистӣ

Вохўрӣ бо намояндагони Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахотири ҳамкорӣ ба рушди соҳаи экспертизаи судӣ ва криминалистӣ

Бояд зикр кард, ки дар сохтори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ  фаъолият мекунад, ки он дар ҷумҳурӣ маркази асосии илмию методӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии судӣ мебошад.

Аҳаммияти экспертизаи судӣ дар ошкор намудани асрори ҷиноят ва дар муайян намудани ҳақиқату воқеият оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ,  гражданӣ ва маъмурӣ ниҳоят назаррас аст.

Аз ин лиҳоз, барои рушди соҳаи экспертизаи  давлатии судӣ ва  табодули дониш  вохўрӣ бо муовини роҳбари шуъбаи мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии  Сафарати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  дар Ҷумҳурии Тоҷикстон Майкл Коппер бо ҳайати гурўҳи кории марказ дар намояндагии директори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ  Раҳмонзода М.С, баргузор гардид.

Дар рафти сўҳбат масъалаҳои рушди ҳамкорињои минтақавӣ, омўзиши байни коршиносони судӣ дар самти фаъолияти корӣ баланд бардоштани сифати хулосаҳо дар сатҳи байналмилалӣ муҷаҳҳаз намудани лабараторияҳои марказ бо технологияҳои зарурии замони муосир масъала гузорӣ карда шуд.

Барои ҳамкориҳои мутақобила ва дастгириҳои доимӣ дар самти экспертизаи судӣ арзи сипос ба намоядагони Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карда шуд.

 



Яндекс.Метрика