- 22.07.2023
- Сохта шуд: Sudexpert
- Гурӯҳ: Медиа, Новости
Коршиноси судии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар якҷоягии коршиносони судӣ аз Осиёи Миёна ба Гурҷистон сафари кории омӯзишӣ анҷом доданд.
Коршиносони судии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба муассисаҳои экспертизаи судии Гурҷистон дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо (LEICA), ки як платформаи муассир барои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва омӯзиш байни ҷомеаҳои коршиносони Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон тарҳрези шуда сафари корӣ анҷом доданд.
Тибқи лоиҳаи LEICA, ба ҳайатҳо намояндаи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон шомил буданд.
Ҳадафи сафар мусоидат ба табодули дониш ва ҳамкорӣ байни кишварҳои иштирокчӣ ва Гурҷистон, ки ба баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои судӣ ва пешбурди стандартҳои байналмилалии аккредитатсия равона шудааст, буд.
Дар Тбилиси ҳайатро директори Департаменти экспертизаи криминалистии Вазорати корҳои дохилӣ ва роҳбари Бюрои миллии криминалистӣ пешвоз гирифтанд. Дар ҷараёни сафар коршиносон аз Осиёи Миёна имкон пайдо карданд, ки бо лабораторияҳои судӣ шинос шуда, дар бораи фаъолияти онҳо маълумоти муфид гиранд.
Мавзӯи вижаи сафари омӯзишӣ боздиди ҳайат ба экспертизаи судии дар шаҳри Кутаиси, Батуми ва Тбилис буд.
Ҳамкасбони гурҷӣ таҷриба ва дониши худро дар бораи татбиқи системаи муосири бюрои экспертизаи судӣ дар кишвар мубодила карданд.
Ин барнома қадами муҳиме дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва мусоидат ба такмили пайвастаи муассисаҳои экспертизаи судӣ дар Осиёи Миёна гардид.
Лоиҳаи LEICA 1 сентябри соли 2020 оғоз ёфт ва то 31 августи соли 2024 давом мекунад. Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани иқтидори сохторҳои асосии давлатии Осиёи Миёна дар мубориза бо терроризм тавассути расонидани кӯмаки техникӣ дар сатҳи миллӣ дар асоси таҳлили амиқи ниёзҳои ҳар як кишвар, инчунин тренингҳои соҳавӣ дар сатҳи минтақавӣ мебошад.