ИНКИШОФ ДОДАНИ ҲАМКОРИҲОИ МУТАҚОБИЛА ВА БА МУВОФИҚА РАСИДАНИ МАҚСАДҲО

ИНКИШОФ ДОДАНИ ҲАМКОРИҲОИ МУТАҚОБИЛА ВА БА МУВОФИҚА РАСИДАНИ МАҚСАДҲО

Санаи 10 июли соли 2023 бо даъват ва пешниҳоди Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намояндагии муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарпарасти соҳа Ҳакимзода А.Қ. директори марказ Раҳмонзода М.С. сардори шуъбаи криминалистӣ Солеҳзода Д.У. сардори шуъбаи кадр ва коргузорӣ  Гулзода Шамсиддин Тағой ва мутахассиси шуъбаи кадр ва коргузорӣ Наврузҷони Мамасаид вохўрӣ бо тариқи маҷозӣ бо намояндагони Академияи давлатии ҳуқуқшиносии шаҳри Саратови Федератсияи Россия (СГЮА) дар шахсияти Пермяков А.И. номзади илми ҳуқуқ, детсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ, Шапиро Л.Г. доктори илмҳои ҳуқуқ мудири  кафедраи криминалистӣ, Шиндина А.В. номзади илмҳои ҳуқуқ дотсенти кафедраи ҳуқуқӣ конститутсионӣ, Захарьязева И.Ю. номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи равандҳои ҳаками (арбитражи), Насибова А.С. номзади илмҳои таърих, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар  вохўрӣ масъалаҳои, пешбурди корҳои илмӣ оид ба преблемаҳои актуалӣ дар самти фаъолияти экспертизаи судӣ оид ба коркард таҳлили метод ва методика, гузаронидани семинар, конфронсҳои илмии назарявӣ, ташкил намудани курсҳои такмили ихтисос  дар соҳаи экспертизаи судӣ ва дигар чорабиниҳо  мавриди муҳокима қарор гирифт.

Тарафҳро ба мувофиқа расиданд, ки барои пешбурди самти фаъолияти корӣ дар ҳамкориҳои мутақобила омодаанд.



Яндекс.Метрика