Табрикоти директори Маркази Ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Рўзи Вахдати миллиро барои Шумо табрик ва таҳният гуфта, бароятон рўзгори обод, саломатию сарбаландӣ ва комёбиҳои беназирро орзу менамоям.  27 июни соли 1997 ба таърих ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ватандориву ватандўстӣ, сулҳу ваҳдат, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он ҳамчун арзиши миллӣ барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз аст. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем.  Имрӯз мо бояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият расем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем. Боиси ифтихору сарбаландист, ки ба шарофати истиқлолият ва сулҳу суботи комил мо ба марҳалаи рушди устувор ворид гардидем ва ҳоло барои рӯзгори орому осуда шароити мусоид фароҳам омадааст.

Бигзор Ваҳдати миллӣ ҳамчун сабақи таърихӣ ва армуғони беназири таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон барои наслҳои оянда ва дар арсаи байналмилалӣ ҷовидону побарҷо бимонад.

Бо  эҳтиром,

Директори марказ                      Раҳмонзода М.С.



Яндекс.Метрика