ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-АСОСИ ИНКИШОФИ ҚОНУНГУЗОРӢ

          ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-АСОСИ ИНКИШОФИ ҚОНУНГУЗОРӢ

Воқеан, ваҳдати миллӣ заминаи асосӣ барои тамоми соҳаҳои давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик осон ба даст наомада дар талофии ҷонфидоиҳои фарзандони фарзонаи сарсупорӣ миллати тоҷик ба даст омадааст. Ваҳдати миллӣ, сармояи асосии даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Замоне, ки халқи тоҷик баъди ҳазорсолаҳо соҳиби давлатдории худ гардид, ба оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ кашида шуд, ки ин ҳазорон нафарро ба коми марг кашид ва давлату ҳукуматро қариб ба нестӣ оварда расонид. Ягона роҳи халосӣ аз чунин вазъияти ба амал омада барқарор гардидани сулҳи сартосарӣ дар кишвар ба ҳисоб мерафт. Зеро  вазъияте, ки дар давлат ҷараён дошт тарафи ғолиб надошт, чунки ин ҷанг байни як миллат ба амал баромада буд дар мафҳуми як миллат мавҷуд будани тарафи мағлубу ғолиб бемаъноянд. Ваҳдати миллӣ баъди кушишҳои зиёди халқи тоҷик хосса, роҳбари дурандеши мо Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқ муяссар гардид. Пешвои миллат дарк намуданд, ки ягона роҳи барқарор намудани вазъият ин роҳи музокирот мебошад. Баъди чандин маротиба ташкили гуфтушунидҳо ва вохӯриҳо бо роҳбарони гурӯҳҳои мухолифи давлат 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” баста шуд, ки ин умеде буд, барои миллати ранҷдидаи тоҷик. Баъди соҳиб гардидан ба ин ганҷи бебаҳо, яъне ваҳдати миллӣ роҳбарияти давлату ҳукумат аз пайи азнавсозии давлат ва барқарории вайронаҳо гардиданд, зеро ягона чизе, ки аз ҷанг боқӣ мемонад ин нобуд гардидани аҳолӣ ва мавҷуди вайронаҳо мебошанд.              Мусаллам аст, ки баҳри пешравӣ дар тамоми соҳаҳо  хеле муњим аст, то танзимоте дар он ҷой дошта бошад. Баъди имзои “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” шароити қабули қонун ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар тамоми соҳаҳо муҳайё гардид. Аввалин коре, ки роҳбарияти кишвар  анҷом дод, ин баргардонидани гурезаҳо ба ватани аҷдодии худ буд, нафароне, ки аз сабаби ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ манзилҳои зисти худро тарк карда буданд, бояд ба хоки ватани аслии худ оварда мешуданд. Чунки ба пешравӣ замоне ноил мегардидем, ки агар миллат сарҷамъ мебуд, худ маънои ваҳдат ва ягонагӣ низ дар ҳамин нуҳуфта буд. Аз як гиребон сар баровардани як миллат ва дар зери як парчам талош намудан баҳри пешрафти давлат ин маънои ваҳдати миллиро дар худ таҷассум менамуд. Барои баргардонидани мардум ба хоки аҷдодии худ Ҳукумати кишвар барномаҳои гуногунро роҳандозӣ намуд ва тавонист дар асоси онҳо бисёре аз мардумро ба хонаҳои худ баргардонад ва хонаву манзили зисти онҳоро аз нав сохта ба истиқоматкунандагонашон пешниҳод намояд.

Баъди он, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гардид қабули санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ва дар заминаи онҳо инкишофи давлатдорӣ шурӯъ гардид. Барои миллати тоҷик ин марҳила ниҳоят душвор буд, зеро аз Ҳукумати пештара яъне Иттиҳоди Ҷумҳурии Шуравӣ барои миллати тоҷик мерос ё сармояе нарасида буд. Ва халқи тоҷик ҳамаро аз нав шуруъ намуд, замоне  ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон таъсис ёфт дар буҷети давлат маблағе мавҷуд набуд ва корхонаву ширкате, ки дар ҳудуди кишвар таъсис дода шуда буданд, ҳангоми алангаи ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба нестӣ оварда буданд. Ҳукумати навтаъсис корро барои пешбурди давлат аз сифр шуруъ намуд. Қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ташкили мақомоти ягонаи қонунгузорӣ баҳри қабули қонунҳои соҳаҳои мухталиф дар ҷомеа дарак аз таъсиси ҳукумати навбунёд медод. Қабул гардидани санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ баъди таъмин гардидани фазои сулҳ барои давлату Ҳукумат дастрас гардид.  Маҳз дастоварди замони Ваҳдати миллӣ мебошад, ки имрӯз миллати тоҷикро ҷавонони созанда бо дастовардҳои назаррас дар байни дигар мамлакатҳои ҷаҳон муаррифӣ намуданд. Бисту шаш сол аст, ки мардуми тамаддунофари тоҷик рӯзи ваҳдати миллиро ҳамчун иди умумихалқӣ, рӯзи ваҳдату ягонагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ботантана  мегиранд. Сулҳу ваҳдат ганҷи бебаҳо буда, ҳифз намудану пойдор нигоҳ доштани он вазифаи ҳаётан муҳими ҳар як сокини мамлакат ба ҳисоб меравад, махсусан ҷавонони саодатманди  даврони истиқлолият ин масъулияти бузургро ба уҳда доранд, зеро ҷавонон меваҳои даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб ёфта, аз неъмати сулҳу ваҳдат фараҳманд гардидаанд ва дар чунин як шароити мусоид ба воя расида истодаанд.

Расидан ба чунин   дастовардҳо танҳо замоне имконпазир мегардад, агар фарзанди фарзонае, аз байни халқ баҳри ободии Ватан камари ҳиммат бандад ва роҳбарӣ ва намояндагии миллатеро дар дунё ба уҳда гирад. Тавре ки донишманди аврупоӣ Бернард Шоу дар хусуси ҳуввияти як миллат чунин ибрози андеша намудааст, ки “Симои миллатро олими беҳамто, варзишгари ногузир ва сиёсатмадори арзанда муаррифӣ менамояд.” Тақдир барои миллати сарсупори тоҷик роҳбаре мисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ато намуд, то ки ин халқи аз зулми таърих ҷафодида тавонад аз нав ҷон бигирад.  Тавре, ки Пешвои миллат дар яке аз аввалин баромадҳояшон изҳор карда буданд, ки “..Ман корамро аз сулҳ оғоз хоҳам кард..” ва воқеан ҳам тавонист чунин корро анҷом диҳад. Аввалин  амале, ки Пешвои миллат анҷом дод ин овардани сулҳу ваҳдат ва сарҷамъ намудани миллат буд. Баъди имзои созишномаи сулҳ ва баргардонидани гурезагон  ба Ватан Пешвои миллат мардумро барои сохтану обод гардонидани вайронаҳо ва пешравии давлат даъват намуданд. Бо лутфи Эзид дубора миллати тоҷик эҳё гардид, ва роҳи пешравии давлат дар фазои истиқлолият муҳайё гардид. Барқарор гардидани сулҳу ваҳдат тавонист ормонҳои чандинсолаи миллати тоҷикро дар худ таҷассум намояд. Ормонҳое, ки зулми таърих аз ин миллат паноҳ карда буд, бо барқарор гардидани сулҳ амалӣ гаридани онҳо имконпазир гардид. Имрӯз дар фазои мураккаби ҷаҳони муосир ҳар як фарди ҷомеаи Тоҷикистонро лозим аст, то ки ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ расида, онро чун сармояи дарёфтнашуданӣ нигоҳдорӣ намояд. Махсусан ҷавонони даврони соҳибистиқлолиро лозим  аст бо дарки вазъияти ҷаҳони муосир, ки хатари аз байн рафтани миллатҳои гуногуни дунёро бо истифода аз фарҳангу тамаддун ва арзишҳои давлатдорӣ таҳдид менамояд, зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд ва пайваста дар ҳифзи арзишҳои умумимиллӣ бошанд.   Дар ин замина худшиносии миллӣ ва қадрдонӣ аз  ҳуввияти худу миллати худ амали аввалиндараҷае маҳсуб меёбад, ки ҷавонон метавонанд анҷом бидиҳанд. Ин амалҳоро мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ тавассути таҳсил, фаъолияти босамар ва хизмати содиқона ба халқу ватан ва дӯстдории ҳар як мавзеи ватани биҳиштосоямон метавонем анҷом бидиҳем.   Ҳар яки моро зарур аст, то ки дастоварди сисолаи миллати тоҷикро қадрдонӣ намоем ва барои муаррифии ҳар чи бештари халқи худ дар арсаи байналмилалӣ бо истифода аз фазои сулҳ ва ягонагӣ ҳарчи бештар талош варзем. Ҳарчанд, ки дар ин муддати кам ҷавонони мо тавонистанд бо дастовардҳои мухталиф дар арсаҳои гуногун дар сатҳи байналмилалӣ ноил шаванд, аммо баҳри пешрафт боз талош варзидан лозим аст.  Рӯзи ваҳдати миллӣ ба ҳар яки мо, сокинони бовиқори тоҷикистонӣ муборак бод, бошад, ки доимо дар фазои сулҳу оромиш умр ба сар барем. Ба дастовардҳои нав ба нав ноил гардем ва ба ҷаҳониён ҳуввияти аслияти таърихии худро исбот намоем.



Яндекс.Метрика