Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии судӣ

Мубрамияти маърузаи баррасишаванда ба он масъалаҳое равона гардидааст, ки дар фаъолияти имрӯзаи коршиносони судӣ ба низоми муайян даровардани онҳо боиси арзёбии хулосаи коршинос ва дар асоси он татбиқ гардидани адолатӣ судӣ  мегардад. Мутаассифона дар фаъолияти кории экспертон айни ҳол баъзан нўқсонҳое ба назар мерасанд, ки фаъолияти кории  экспертонро коста мегардонанд. Аз ҷумла дар ин фаъолият масъалае, ки то имрӯз дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба танзим дароварда нашудааст, ин “Тарзу усули қабул ва муҳлати нигоҳ доштани далелҳои шайъӣ” дар муассисаҳои экспертӣ мебошад. Соҳаи дигаре, ки ба фаъолияти коршиносон алоқамандӣ дорад ва татбиқ намудани як зумра ҳуҷҷатҳои расмӣ ба ин соҳа сабаб мегардад то хулосаи пешниҳодшуда бо асосҳои ба эътиборгирифта шуда мавриди тадбиқ қарор гирад ин қабул намудани  гости давлатӣ оиди “Силоҳи сард” ба ҳисоб меравад. Инчунин духурагӣ ё худ зиддияти меъёрҳои қонунгузорӣ дар самти экспертиза оиди шакли хулосаи эксперт ба низоми ягона дароварданро тақозо менамояд.

Тарзу усули қабул ва муҳлати нигоҳ доштани далелҳои шайъӣ   бевосита дар доираи илмҳои криминалистика ва мурофиаи ҷиноятӣ мавриди омўзиш қарор мегирад. Аммо дар мурофиаи ҷиноятӣ вобаста ба тарзу усули қабул ва нигоҳ доштани далелҳо дар муассисаи экспертӣ меъёри  ягона мавҷуд намебошад.

Дар мавриди гузаронидани ташхисҳои криминалистӣ аз руи объекти пешниҳодшуда тарзу усули нигоҳдории объект бояд тавре ба роҳ монда шавад, хусусиятҳои алоқамандии объект ба парвандаи тафтишӣ аз байн наравад. Объектҳои ба муассисаи экспертӣ воридшаванда бояд мутобиқ ба меъёрҳои мурофиавӣ нигоҳдорӣ шуда, баъди муҳлати анҷоми ташхис ба мақомоти онро пешниҳод намуда баргардонида шаванд.

Дар таҷрибаи ташхисҳои судӣ баъзан ба назар мерасад, ки объектҳое, ки аз ҷониби тарафи таъинкунандаи экспертиза ба муассиса ворид мегарданд, ҳангоми додани хулоса ва хислати маъмурӣ пайдо намудани парванда оиди баргардонидани объект  беэътиноӣ аз ҷониби тарафи таъинкунанда зоҳир гардида, бо сабабњои гуногун дар якчоягии бо хулоса объекторо нагирифта,  баъди гузаштани ваќтњои зиёд талаби объекти пешниҳодшударо менамояд.   Сабаи ин њолатро  дар он мебинем, ки нисбати муҳлати нигоҳдории объект дар муассисаҳои экспертии амалкунанда меъёри муайян дар қонунгузорӣ ва ё дастурамале, ки масъулияти тарафҳоро ҳангоми нигоҳдории далел муайян намояд, мавҷуд намебошад.

Мутобиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афкори умумэътирофшудаи олимону донишмандони маъруфи соњаи мурофиаи ҷиноятӣ, аслан, ҷараёни исботнамоии далелҳо ба се зина тақсим мешаванд: ҷамъоварии далелҳо, тафтиши далелҳо, баҳо додан ба далелҳо. Дар ҳар кадом зина  тартиби нигоҳдории далелҳо бояд дуруст  ба роҳ монда шавад. Баҳри дуруст ба роҳ гузоштани тартиби қабул ва нигоҳдории далелҳо танҳо ҳуҷҷати расмии ҳуқуқӣ метавонад низоми муайянро дар ин самт ба танзим дарорад.

Дар сарчашмаҳои боэътимод ва адабиётҳои зиёди илмӣ аз ҷониби доираи муайяни олимони ватаниву хориҷӣ оид ба мазмуну моҳияти тарзу усули қабул  ва муҳлати нигоҳ доштани далелҳои шайъӣ   дар умум  андешаҳои гуногун баён шудаанд.  Тарзу усули қабул ва муҳлати нигоҳ доштани далелҳои шайъӣ  дар давраи гузаронидани экспертизаи судӣ ин фаъолияти мурофиавии шахсони ваколатдор ба ҳисоб рафта, аз нигоҳи мурофиавӣ қабул ва муҳлати нигоҳ доштани далелҳо ҳамчун як амали зарурии мурофиавӣ  бояд ба  ҳисоб равад.

Гарчанде дар як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ махсусан дар моддаи 79-и КМҶ ҶТ тартиби нигоҳ доштани далелҳои шайъӣ,  моддаи 80-и КМҶ муҳлати нигоҳ доштани далелҳои шайъӣ ва қисми 5 моддаи 185 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ё ҳалномаи суд   ва ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ,  нигоҳ доштани далелҳои шайъӣ пешбинӣ гардида бошад ҳам, аммо дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки хосса ба тартиби қабул ва нигоҳдории далалҳои шайъӣ вобастагӣ доранд, муқарраротҳо ё меъёри муайяне оиди қабул ва нигоҳдории далелҳо пешбинӣ нагардидааст. Махсусан дар санадњои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки фаъолияти экспертизаи давлатиро ба танзим медарорад аз ҷумла дар  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ” ва низомномаву оиномаҳои ин муассисаҳо  муқаррарот оиди қабул ва таъмини нигоҳдории онҳо меъёр мавҷуд намебошад, ҳол он ки  муассисаҳои эксперти яке муассисаҳое мебошанд, ки бо хулосаи худ ба ҳайси далел эътироф намудани объектро муайян менамоянд ва яке аз муассисаҳое, мебошанд, ки бевосита ба тартиби қабул ва нигоҳ доштани далелҳои шайъӣ алоқамандӣ доранд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки тамоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомотӣ қонунгузор таҳия ва қабул мегарданд, санадҳои зерқонунӣ бошанд, метавонанд аз ҷониби Раиси шаҳру ноҳияњо, Роҳбарони вазорату кумитаҳо ва идораҳои давлатӣ қабул карда шаванд. Бо назардошти ин меъёри конститутсионӣ санадҳои зерқонуние қабул карда мешавад, ки дар баъзан ҳолатҳо мавриди амал қарор гирифта мешаванд. Имрӯзҳо, ки тартиби нигоҳдории далелҳои шайъӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад мақомотҳо ва муассисаҳои дахлдорро зарур аст, дар ин самт меъёри муайян роҳандозӣ намоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин масъала фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №5-112, аз 23 апрели соли 2014 Дастурамал “Дар бораи тартиби гирифтан, азназаргузаронӣ, таҳқиқ, нигоҳ доштан ва супоридани далелҳои шайъӣ, ашёҳои арзишнок ва дигар молу мулк аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ” тасдиқ шудааст, ки   дастурамали қабулгардида метавонад тартиби расман муносибат намудан бо далелҳоро аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратураи ҶТ танзим намояд.

Муассисаи экспертӣ яке аз муассисаҳои мебошад, ки ба он ҳамарӯза объектҳои дорои таъиноти хусусияти барои ҳаёт ва саломатӣ хатарнок ва ё арзишнок ҳамчунин нақши муҳими мурофиавӣ дошта  ба монанди воситаҳои заҳролудкунанда,   силоҳҳои оташфишон, воситаҳои тарканда,  воситаҳои нашъадор, қоғазҳои қимматнок ворид мегарданд. Тартиби қабул, нигоҳдорӣ ва супоридани онҳо бояд дар асоси меъёрҳои мурофиавӣ ба роҳ монда шаванд. Аммо ин талаботҳо дар меъёрҳои амалкунандаи мурофиавӣ дида намешаванд.

Баҳри ба низоми муайян даровардани тартиби қабул ва нигоҳдории далелҳои шайъӣ дар муассисаҳои экспертӣ ҷорӣ намудани низоми ягона дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ё таҳя ва қабул намудани ҳуҷҷати расмӣ дар муассисаҳои экспертӣ зарур аст.

Дигар масъалае, ки дар фаъолияти экспертизаи судӣ ҳалталаб мебошад, ин қабули гостҳои давлатӣ дар самти экспертизаи силоҳи сард ба ҳисоб меравад. Ҳангоми баровардани хулоса амал намудан аз рўи  ҳуҷҷати расмӣ аз ҷумлаи ГОСТИ давлатӣ   яке аз тартиби холисона муқаррар намудани ҳолати объектҳои ба экспертиза пешниҳод шуда ба ҳисоб меравад. Зеро предмете, ки ба экспертиза пешниҳод мешавад бо риояи талаботҳои ҳуҷҷатҳои расмӣ объекти содирнамоии ҷиноят эътироф мегардад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар тамоми давлатҳои ИДМ  оиди силоҳҳои сард гостҳои давлатӣ қабул гардидаанд. Махсусан дар ФР оиди силоҳи сард 8-ГОСТИ давлати қабул карда шудааст.   Дар гузаронидани ташхисҳо оиди муқаррар намудани силоҳи сард ва додани хулоса танҳо муқарраротҳои дар гостҳои давлатӣ пешниҳодшуда имконпазирии хулосаи холисонаро таъмин менамояд.

Мутаассифона айни ҳол дар ҶТ оиди силоҳи сард гости давлатӣ қабул карда нашудааст, мо ҳангоми додани хулоса оиди силоҳҳои сард танҳо аз маълумотҳои дар адабиётҳо мавҷудбуда истифода намуда, нишонаҳои махсуси дар силоҳхои сард вуҷуддоштаро бе ҳуҷҷати расмии тасдиқнамуда айён менамоем, ки ин ҳолат метавонад боиси вайрон гардидани  тартиби мурофиавии додани хулосаи коршиноси судӣ гардад.

Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ силоҳҳои сард ба  се гурӯҳи асоси яъне силоҳи сарди ҳарбӣ, силоҳҳои сарди варзишӣ ва силоҳҳои сарди ҷангӣ ҷудо карда шудааст. Дар асоси таснифбандии зикршуда нишонаҳои асосии силоҳҳои сард бо риояи талаботҳои сатандартӣ бояд ба роҳ монда шавад.

Дар ҳар як гурӯҳи алоҳидаи силоҳҳои сард гостҳои давлатӣ бо риояи талаботҳои ҳуқуқӣ қабул гардида, минбаъд дар гузаронидани тадқиқотҳо риояи талаботи гостҳои давлатӣ ҳамчун ҳуҷҷати расмии муқоисавӣ  эътироф карда шавад.

Фаъолияти ЭДС фаъолиятест, ки бо арзиши аз ҳама воло яъне ҳуқуқи инсон алоқамандӣ дорад ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ  аз ҷумлаи чунин фаъолият маҳсуб меёбад.

Таҳлили муқоисавии қонунгузории моддӣ ва мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки нисбат ба шакли хулосаи эксперт муқаррароти ягона пешбинӣ нагардидааст. Чунончи, қисми 2 моддаи 85 КМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, ки «Дар асоси таҳқиқоти гузаронидашуда ва ба инобат гирифтани натиҳаи он, эксперт аз номи худаш ё комиссияи экспертон дар шакли хаттӣ хулоса пешниҳод намуда, онро имзо менамояд». Қисми 1 моддаи 31 Конуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар менамояд, ки «ба сифати коршинос ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси дорои дониш ва малакаи муайян дар соҳаи илм, техника, санъат ва ё дигар касбҳои мухталиф, ки метавонад ба масъалаи баррасишаванда тавзеҳот диҳад, мумкин аст, даъват карда шавад. Масъалае, ки ба он коршинос бояд хулоса диҳад, аз тарафи судяи маърўзакунанда ё Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад». Агар КМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас дар шакли хаттӣ пешниҳод гардидани хулосаи экспертро пешбинӣ кунад, қонуни конститутсионии зикршуда нисбат ба он ҳолати номуайяниро муқаррар кардааст. Эксперт вобаста ба мазмун ва моҳияти муқаррароти қисми 1 моддаи 31 қонуни конститутсионӣ метавонад хулосаи худро чӣ дар шакли хаттӣ ва чӣ дар шакли шифоҳӣ пешниҳод намояд. Ҳолати ба ин монандро ҳамчунин қисми 1 моддаи 217 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар  таҷрибаи давлатҳои иттиҳоди мустақил хулосаи коршиноси судӣ танҳо дар шакли хаттӣ пешбинӣ шудааст.

Новобаста аз он, ки қонунгузории моддӣ ва мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шакли хулосаи эксперт кадом талаботро пешбинӣ менамояд, бо назардошти таҳлили мантиқии муқаррароти қонунгузории моддӣ ва мурофиавӣ хулоса кардан мумкин аст, ки эксперт дар ҳамагуна ҳолат уҳдадор аст хулосаи худро дар шакли хаттӣ пешниҳод намояд.

Бо дастрасии қ 2-юм, моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ” масъалаҳои муҳимтарини рушди экспертизаи давлатии судии дорои хусусияти байни идоравиро Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи судӣ баррасӣ ва амалӣ менамояд. Бо дастрасии муқаррароти пешбинигардида ва дар асоси таҳлилҳои бариасишуда зарурияти пешниҳодњои як қатор ҳолатҳоро лозим мешуморем:



Яндекс.Метрика