Таърихи пайдоиш, ташаккули хусусиятҳои минтақавӣ ва шаклҳои ҳозираи коррупсия.

Пайдоиши коррупсия таърихан аз замони пошхӯрии сохти ҷамъияти ибтидоӣ ва пайдошавии нахустин давлатҳо, вақте функсияи идоракунӣ фоидаовар мегардад, шурӯъ мешавад. Ин раванд дар халқҳои гуногун хусусиятҳои худро дорад. Усулҳои дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба амал омадани истеҳсолот ба шаклҳои сохти давлатию иҷтимоӣ таъсир расонда, ба ташаккули амсилаҳои барои ин минтақаҳо хоси коррупсия мусоидат кардаанд. Дар мамлакатҳои аврупоӣ ҷомеаи ибтидоӣ ба сабаби ташаккули давлат ҳамчун дастгоҳи ҳокимияти синфи ҳукмрони мулкдор, ки барои кафолати амнияти моликияти хусусиаш мекӯшид, пароканда шуд. Дар ҳифозат будани моликияти хусусӣ ба таҳкими минбаъдаи индивидуализм ва озодии шаҳрвандӣ, ки дар мустақилияти муайяни фард аз ҳокимияти сиёсӣ, дахлнопазирии шахсият, дахолат накардани давлат ба иқтисодиёт ва рақобати озод, имконияти соҳибихтиёрӣ ба моликияти худ ва ғайра таҷассум ёфт, мусоидат намуд. Чунин амсилаи ташаккулёфтаи аврупоии коррупсия бо сатҳи пасти он ва аз ҷониби ҷомеа чун нодурустии рӯирост қабул шудани вай тавсиф мегардад. Чунин навъи коррупсияро иқтисодӣ меноманд, ки он гуногунранг будани хизматҳои пасипардагӣ аст, яъне амалҳои коррупсионӣ кам буда, хеле махфианд. Дар мамлакатҳои Шарқ дар натиҷаи нисбатан дарозмуддат будани хоҷагии обшинагӣ ва моликияти коллективӣ раванди пайдоиши институтҳои ҳокимият дар заминаи набудани кафолати моликияти хусусӣ ба амал омадааст. Афзалиятмандии усули давлатии истеҳсолот дар тамоми давраи токапиталистии Осиё, вақте моликияти хусусӣ ба он дараҷае ҳифозат надошт, ки озодии шаҳрвандӣ, мустақилияти фард ва дахлнопазирии шахсиятро таъмин намояд, сабаби он фарқияти принсипиалӣ дар анъанаҳо ва институтҳое гардид, ки дар Шарқ ва Ғарб вуҷуд доштанд ва имрӯз низ аз бисёр ҷиҳат вуҷуд доранд. Набудани механизмҳои боздорандаи ҳукуматҳо аз зулму истибдод, номуайянии салоҳиятҳо ва беназоратии амалдорони давлатӣ, ба сифати қоида қабул гардидани низоми ҳадядиҳӣ (инъомбахшӣ) ҳангоми қабул ба вазифа, қонунӣ гардидани порахӯрӣ (аз буҷет маош нагирифта, аз ҳисоби халқ хӯрдану пӯшондани «хизматчиёни давлатӣ») коррупсияро ба шакли мавҷудияти давлат дар Осиёи тоинқилобӣ табдил доданд. Ҳарчанд Инқилоби халқии Бухоро (соли 1920) ба режими асримиёнагии ҷаҳолатпарастӣ хотима бахшида, солҳои ҳокимияти шӯравӣ ва истиқлолияти миллии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ сохти имрӯза ва принсипҳои давлатдориро таҳким бахшиданд, бо вуҷуди ин гузашта нақши худро дар шуур, фарҳанг, одатҳо ва анъанаҳои халқҳои ин мамлакатҳо гузоштааст. Бинобар ин барои рушди амсилаи Осиёгии коррупсия қабули он аз ҷониби ҷомеа чун зуҳуроти вобаста ба таърих, анъанаҳо ва муносибатҳои иҷтимоӣ хос аст. ?Фикр кунед, ба ташаккули хусусиятҳои миллии амсилаҳои коррупсия дар давлатҳои аврупоӣ ва шарқӣ боз кадом сабабҳои таърихӣ таъсир расондаанд? Коррупсияи ҳозира бо шаклҳои зоҳиршавӣ ва хусусиятҳояш тавсиф мешавад, бинобар ин онро бо асосҳои гуногун метавон баррасӣ ва тавсиф кард. Меъёрҳои нисбатан паҳншудаи таснифи коррупсия инҳоянд: марҳилаҳои болоравии коррупсия, соҳаҳои паҳншавии он ва соҳаҳои хадамот. Чунончи, аз рӯи марҳилаҳои болоравӣ коррупсия ба се навъ тақсим мешавад: 1) маҳдуд (коррупсия асосан дар сатҳи баланди ҳокимият таркиб ёфта, ба соҳаҳои васеи ҳаёти иҷтимоии ҷомеа таъсир намерасонад); 2) паҳншуда ё маъмул (коррупсия зуҳуроти хеле васеъ паҳнгашта мегардад, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро мегирад, қариб ҳамаи корҳо бо ёрии пора сурат мегиранд); 3) вайронкунанда (коррупсия то ба сатҳе мерасад, ки сохти ҷамъиятиро вайрон мекунад). Коррупсия аз рӯи соҳаҳои паҳншавӣ ба инҳо тақсим мешавад: коррупсия дар бахши давлатӣ ва коррупсия дар бахши хусусӣ. Аввалӣ кирдорҳои коррупсионии ашхоси мансабдори мақомоти ҳокимият ва идоракунӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идораҳои давлатии ҳарбиён, мақомоти маҳаллии худидоракунӣ, дигар муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатиро фаро мегирад. Дуюмӣ низ метавонад ҷой дошта бошад, зеро кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ҷамъиятӣ метавонанд ба захираҳои ба онҳо мансубнабуда соҳибихтиёрӣ кунанд ва имконият доранд, ки аз ин салоҳиятҳо бо мақсади ситондани фоида ва зараррасонӣ ба манфиатҳои ин ташкилотҳо истифода кунанд. Аз рӯи соҳаҳои хизматрасонӣ шаклҳои зерини коррупсияро фарқ мекунанд: 1) дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ; 2) дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ; 3) дар соҳаи андоз ва гумрук; 4) дар мақомоти қудратӣ; 5) дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ; 6) дар соҳаи маориф; 7) дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ; 8) дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайра.

 



Яндекс.Метрика