Баромад дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ

 

Фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ  дар ҷараёни мурофиа дар парвандаҳои маъмурӣ, гражданӣ, ҷиноятӣ ва ғ ба амал бароварда мешавад.

Тартиби судӣ фаъолияти суд дар омодасозӣ ва таъин намудани экспертиза, инчунин фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ,  граждани ва ҷиноӣ вобаста ба омода намудани маводҳо барои баррасӣ дар суд фаҳмида шавад. Санҷишро мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, ки қонунгузор чунин ваколатро ба онҳо додааст мегузаронанд.  Ҳангоми гузаронидани санҷиш барои муайян кардани мавҷудияти ҳуқуқвайронкунӣ, моҳияти он ва қабули қарори ниҳоӣ дар баъзан ҳолатҳо ба истиснои ҳолатҳои ҳатмӣ экспертиза таъин   карда метавонад.Таъин намудани экспертиза, ҷамъоварӣ ва фиристодани мавод ба муассисаи экспертӣ аз ҷониби мақоме, ба амал бароварда мешавад, ки маводи истеҳсолии он таҳти тафтишот қарор дошта эҳтиёҷ ба  ёрии илму фан, санъат ё ҳунар касбҳои махсус   барои муайян кардани ҳолатҳои воқеӣ зарурат ба амал бароварда мешавад. Дар асл ташкил ва истеҳсоли экспертиза дар муассисаи давлатии экспертизаи судӣ аз ҷониби роҳбари муассисаи экспертӣ ва коршинос ё гурӯҳи коршиносоне, ки ба экспертиза супорида шудаанд, амалӣ карда мешавад. Ҳама маводи экспертиза ба номи роҳбари муассисаи экспертизаи судӣ фиристода мешавад. Экспертизаи дақиқро кӣ мегузаронад? Роҳбари муассисаи экспертӣ муайян мекунад. Дар аввал кофи будани маводи гирифташударо (намунаҳо барои тадқиқот) барои додани хулосаи асоснок ва саволҳои гузошташуда  дар таъиноти маҷлиси суди, мактуб ва қарори (муайянкунии) таъин кардани экспертиза муайян мекунад. Дар ҳолате, муайян карда шавад, ки маводҳои барои пешниҳод кардани хулоса кофӣ намебошад, ӯ метавонад онҳоро ба  мақомоти (шахси) таъинкунанда бе иҷро баргардонад. Ӯ ҳатто метавонад ҳангоми мавҷуд набудани  коршиносии соҳаи дахлдор дар муассисаи экспертӣ ва ё набудани таҷҳизот барои таҳқиқот, маводро бе  ичро баргардонад. Агар маводҳо ба зиммаи коршинос ё комиссияи соҳаи мушаххас барои гузаронидани экспертиза вогузор шуда бошад, онгоҳ  вай ё онҳо  метавонад аз гузарондани экспертиза даст кашад, агар  дониши зарурӣ ё кофи  надошта бошад ё набудани таҷҳизот ба гузарондани тадқиқоти дахлдор иҷозат надиҳад.

 



Яндекс.Метрика