Ҷаласаи Шўрои хамохангсозии байниидорави дар нимсолаи якуми соли 2021

Бо маќсади амали намудани талаботи банди 13 Низомномаи Шўрои хамохангсозии байниидорави оид ба масъалахои экспертизаи давлатии судии  Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон, ки бо Ќарори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 3 апрели соли 2006  тасдиќ шудааст, чаласаи  навбатии Шўро санаи 17 июни соли 2021   дар толори мачлисгохи бинои Маркази чумхуриявии экспертизаи суди ва криминалистии Вазорати адлияи,  баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Шӯро масъалаҳои Тартиби гузаронидани экспертизаи комплексӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаи диншиносӣ, сиёсатшиносӣ забоншиносӣ, равоншиносӣ ва дигар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни баромади худ муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Асаддуло Қурбон  қайд намуд, ки яке аз мушкилотҳо ҳангоми гузаронидани экспертизаи судӣ комплексӣ ин ҷалби мутахассисони дигар мауассисаҳои давлатӣ мебошанд, ки риоя гузаронидани экспертизаи мазкур бо ҷалби онҳо ба вуҷуд меояд. Масалан бояд қайд намуд, ки ҳангоми ҷалбшудани мутахассисон  бояд аз муассисаҳои эксперти, ки Қонунгузорӣ муқаррар кардааст, ҷалб шаванд. Аммо ин ҳолатҳо дар ин масир сарфи назаршуда мутахассисон аз дигар муассисаву ташкилот ҷамб мешаванд, ки дар муассисаҳои эксперти кору фаъолият намекунад.

Инчунин зимни баромади худ Айдарбеков А.Қ., сардори шуъбаи техникаи компютерӣ ва видео овозшиносии марказ қайд кард, ки мутобиқи моддаи  214 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  1. Экспертизаи комплекси дар холатхое таъин карда мешавад, ки барои тахкикот маълумоти сохахои гуногуни дониш зарур бошад. Он аз тарафи коршиносони дорои ихтисосхои гуногун дар доираи салохиятнокии онхо гузаронида мешавад.
  2. Дар хулосаи экспертизаи комплекси бояд зикр гардад, ки хар як коршинос кадом тахкикотро ба кадом кисмро анчом дод ва ба чи хулоса омадааст.
  3. Хар як коршинос хамон кисми хулосаро имзо мекунад, ки дар он тахкикоти ў инъикос ёфтааст.
  4. Хулоса (хулосахо)-и умумиро коршиносоне мебароранд ки дар баходихии натичаи хосилшуда салохият доранд. Агар далелхои аз чониби яке аз коршиносон (коршиносони алохида) мукарраркардашуда асоси хулосаи нихоии комиссия ё як кисми он бошад, он бояд дар хулоса зикр шавад. Дар сурати ихтилофи назар байни коршиносон натичаи тахкикот мувофики талаботи кисми 3 моддаи 213 Кодекси мазкур ба расмият дароварда мешавад.
  5. Агар экспертиза ба муассисаи эксперти супорида шуда бошад, ташкили тахкики комплекси ба зиммаи рохбари он муассиса гузошта мешавад.

Аммо бар баъзан ҳолатҳо экспертҳои дигар муассисаҳои эксперти дар хулосаи экспертизаи судӣ-комплексӣ танҳо ақидаи эксперт пешниҳод менамоянд, ки ин хилофи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

 

 

 



Яндекс.Метрика