Асосоҳои бунёдии баҳисобгирии муҳосибӣ. Истифодабарандагони ахбороти муҳосибӣ. Предмет ва методи баҳисобгирии муҳосибӣ. Тавозуни муҳосиби, моҳият ва мазмуни он.

Чунонки дар боло хотиррасон шудем, аломатҳои фарқку­нандаи ахбори ҳисобгирӣ ва ахборе, ки дар дигар намуди ҳисобгирӣ ташаккул меёбад, айнан ба асосҳои бунёдии ҳисоб­гирии муҳосибӣ такя мекунад. Дар асоси он ҳар як корхона стратегияи фаъолияти хоҷагии худро дар бозори муайяни маҳсулот, кор ва хизмат такмил медиҳад.

Асосҳои бунёдии ҳисобгирии муҳосибӣ дар худ тала­ботҳои роҳдодашуда ва гузошташударо дорад ва онҳоро истифода мебарад.

Номгӯи талаботҳои роҳдодашуда:

  • Ҷудо кардани моликияти субъекти иқтисодӣ;
  • Духелагӣ (Навишти дутарафа);
  • Лаҳзаи арзиш;
  • Фаъолияти давомнок;
  • Ҷудо кардани хароҷоти ҷории истеҳсолот ва маблағ­гузорӣ ба активҳои ғайригардишӣ;
  • Истифодабарии пайдарпайии афзалияти интихобгардида;
  • Сабти муваққатии амалиётҳои хоҷагӣ дар баҳисоб­гирӣ;
  • Мутобиқати даромад ва хароҷот;
  • Эҳтиёткории (мулоҳизакории) субъекти иқтисодӣ;
  • Мавҷудияти ченаки пулӣ;
  • Ҷамъбасти даврияти ҳолатҳои иқтисодӣ;

Аз ин асосҳои  бунёдии номбурд дар амалия «Ҷудо кардани моликияти субъектҳои иқтисодӣ» ва «Мавҷудияти ченак­ҳои пулӣ»-ро бештар истифода мебаранд. Истифодабарии ин асос­ҳои бунёдӣ дар навбати худ, мазмуни талаботҳоеро, ки дар назди баҳисобгирии муҳосибӣ гузошта шудаанд, тағйир наме­диҳад. Ин талаботҳо иборатанд аз:

  • Возеҳӣ (фаҳмоӣ);
  • Беэътимодӣ;
  • Бетарафӣ;
  • Мукаммалӣ;
  • Қиёспазирӣ (Муқоисаи нишондиҳандаҳои баҳисоб­ги­рӣ бо нақшавӣ);
  • Мулоҳизакорӣ;
  • Сабти ҳуҷҷатҳои ҳолатҳои иқтисодӣ;
  • Бамавридӣ;
  • Бартарии мазмун бар шакл;
  • Ҳаққоният;
  • Муҳимият;
  • Мувозинати байни даромад ва хароҷот, аз ҷумла фоида ва зарар;
  • Мувозинати байни тавсифномаҳои сифатӣ.

Предмети баҳисобгирии муҳосибӣ воситаҳои субъекти иқтисодӣ аз рӯи мавҷудияту ҷойгиршавӣ ва манбаи ташак­кулёбӣ, истифодабарӣ бо намуди сармояи хусусӣ, қарзӣ ва инчунин равиши ҷараёни хоҷагӣ (таъминот, истеҳсолот ва фурӯш) ва натиҷаҳои фаъолияти хоҷагидорӣ мебошанд. Дар баробари ин баҳисобгирии муҳосибӣ яке аз илмҳои иқтисодӣ буда, предмети умумии онро қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ ташкил медиҳанд.

Мазмуни предметро моҳияти иқтисодии объектҳои баҳи­собгиранда таъмин мекунад.

Объекти баҳисобгирии муҳосибиро активҳои гардишӣ, ғайригардишӣ, уҳдадориҳо, сармояи худӣ ва қарзӣ, инчунин амалиётҳои хоҷагие, ки ҷараёни такрористеҳсолкуниро ба вуҷуд меоранд, ташкил медиҳанд.

Актив дар баҳисобгирии муҳосибӣ воситаҳои хоҷагие мебошанд, ки аз рӯйи намуд, таркиб ва ҷойгиршавӣ бо мақсади гирифтани манфиати иқтисодӣ дар натиҷаи истифодабарии он таъмин мегарданд.

Активҳои гардишӣ аз маблағҳои пулӣ, захираҳои истеҳ­солӣ, истеҳсоли нотамом, маҳсулоти тайёр, молҳо, қарзҳои дебеторӣ, маблағгузориҳои молиявии кӯтоҳмуддат ва ғ. иборатанд.

Ҳиссаи на чандон зиёди гардиши молу мулки субъект- ҳои иқтисодиро активҳои гардишӣ ташкил медиҳанд. Ин яке аз активҳои зудтар ба воситаҳои пулӣ табдилёбанда мебошад. Он қисми активҳои гардиширо, ки ба осонӣ ба маблағи нақдӣ табдил меёбанд, онро активҳои зудфурӯхташаванда меноманд. Ба ғайр аз «воситаҳои пулӣ дар хазина ва бонк», ба он «қоғазҳои қимматнок» ва «ҳар гуна қарзҳои дебеторӣ» дохил мешаванд. Баръакси он «Хароҷоти истеҳсолии нотамом» (минбаъд мухтасар – ХИНТ, ё ин ки ИНТ), «Захираҳои молу маводи қим­матнок» (ЗМК) активҳои гардишии душвор­фурӯхташаванда ба ҳисоб мераванд.

Активҳои ғайригардишӣ аз «Воситаҳои асосӣ», «Активҳои ғайримодӣ» ва «Маблағгузориҳои молиявии дарозмуддат» ва ғайра иборатанд.

Активҳои субъектҳои иқтисодӣ аз сармояи хусусӣ ва қарзӣ ташкил меёбанд.

Сармояи хусусӣ таркиби манбаъҳои ташаккулёбии намуд­ҳои гуногуни активро ташкил медиҳанд, ки аз ҳиссагузо­риҳои шахсӣ (ва ё шахсон) пайдо мегардад. Аз ин сабаб таъ­рифаш «Воситаҳои хусусӣ дар гардиши истеҳсолӣ» (тиҷоратӣ ва ғ.) ном гирифтааст. Ин таркиб аз сармояи ойинномавӣ, иловагӣ, захиравӣ ва фоидаи тақсимнашуда иборат аст.

Сармояи қарзӣ аз рӯйи муҳлати пардохт ба сармояи қарзии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат ҷудо мешаванд. Он дар намуди қарз, вомҳои (заёмҳои) бонкӣ, ҳар гуна қарзҳои корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, таъминкунандагон ва пудратчиён ва инчунин уҳдадориҳои пардохтанашуда оид ба такрор­истеҳсолкунӣ ва тақсимоти маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ дар назди кормандон оид ба пардохти музди меҳнат, ба буҷа оид ба андоз ва пардохтҳо баррасӣ мешавад.

Алоқамандии байни намудҳои ҷудогонаи актив ва ман­баъҳои ташаккулёбии он (пассив) бо ёрии амалиётҳои хоҷагӣ, сабти ҳуҷҷатҳо бо риояи талаботи муайян, амалӣ мегарданд. Ин алоқамандӣ дар доираи ҳаракати молу мулки субъекти иқтисодӣ ва ё манбаъҳои ташаккулёбии он ва ё ҳар ду якбора амалӣ мегардад. Яъне САРМОЯИ ХУСУСӢ + САРМОЯИ ҚАРЗӢ = ДОРОИҲО (АКТИВ).

                              

 

 

 

 

 



Яндекс.Метрика