Тафтиш ва назорат. Давраҳои асоси ва методикаи гузаронидани тафтиш.

 Тафтиш ва назорат. Давраҳои асоси ва методикаи гузаронидани тафтиш.

3.1.Фарқи тафтиш аз аудит. Ҳадаф, вазифа ва намудҳои тафтиш. Ӯҳдадори ҳуқуқ ва масъулияти тафтишгар.

3.2. Давраҳои асоси ва методикаи гузаронидани тафтиш.тарзи тартибдиҳии санади тафтиш.

3.3. Хусусиятҳои тафтиш ва санҷишҳое, ки по супоришҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида мешаванд.

3.4. Фарқи тафтиш бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз тафтишҳои нқшавӣ

 

3.1.Фарқи тафтиш аз аудит. Ҳадаф, вазифа ва намудҳои тафтиш. Ӯҳдадори ҳуқуқ ва масъулияти тафтишгар.

 

Максади тафтиш тарзу амалҳои шахсони мансабдор мебошад. Талабот ба  санҷишҳои аудиторӣ бештар барои ташкилотҳое муҳим мебошад, ки дар онҳо коргарон қатъан мувофиқи равандҳои тиҷоратии тасдиқшуда кор мекунанд. Санҷишгар аз рӯйи ҳуҷҷатҳои тамоюлӣ амалҳои кормандонро ҳангоми иҷрои раванди тичоратии мушаххас ошкор менамояд. Ҳоло санҷиши (аудити) раванди тартибдиҳии ҳисоботи мухосиботӣ ва андоз бештар пахн шудааст.

Санҷишгар масъулияти шахси мансабдорро нишон медихад. Аз рӯйи натиҷаи кори тафтишгар барои қабул кардани қарор оид ба вазифааш мувофиқат кардани шахси мансабдор, чавобгарии моддӣ ва ҷиноятии он маълумот ҷамъоварӣ намудан мумкин аст. Санҷишгар ҷанбаҳои сусти равандҳои тиҷо­ратиро ошкор менамояд. Аз рӯйи натиҷаҳои кори вай тағйир додани қоидаҳои равандҳо ё ҷиддитар намудани риояи талаботи марбут ба онхо  масъалгузорӣ мешавад.

Ҳуҷҷатҳои махсуси меъёрие, ки дар онхо талабот нисбат ба амали тафтишгар сабт шуда бошанд, вуҷуд надоранд. Фаъ­олияти санҷишгар бо ҳучҷҷатҳои махсусе, ки стандартҳои фаъолияти сачишгар ном гирифтаанд, ба танзим дароварда шудаст.

Тафтишгар фаъолияти молиявӣ ва хочагиро тафтиш мекунад. Санҷишгар ҳисоботи муҳосиботӣ ва молиявиро ме­санҷад. Вазифаи тафтишгар муайян кардани асоснокӣ ва максаднокии амали шахсони мансабдор мебошад. Вазифаи санҷишгар аз пешниҳод намудани ақидаи касбӣ оид ба ҳисоботи ташкилот иборат аст.

Тафтиш шахсони гунаҳгор ва сабабҳои амалҳои бесамар ва қонунвайронкуниро ошкор мекунад. Аз рӯйи натиҷаҳои тафтиш оид ба чораҳои таъсиррасони карорҳо кабул карда мешаванд, парвандаро ба мақомоти тафтишотӣ додан мумкин аст. Дар рафти санҷиш дар асоси меъёру қоидаҳои муқаррар­намудаи низомнома ба ҳисобгирии муҳосибӣ ва дигар ҳуҷҷатхои меъёрӣ мувофиқат кардани равандҳо санҷида мешаванд.

Аз рӯйи ҳуҷҷатҳои  санҷишие, ки ақидаи манфӣ доранд, дар бораи тағйир додани равандҳо дар мақоми  баҳисобгирӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳои ибтидои карорҳо қабул карда мешаванд.

Меъёрҳои ахлоқиро санҷиш (аудит) баррасӣ намуда, нисбати шахсони мансабдор муайян намудани гунаҳкории он­ҳоро манъ мекунанд.

 

3.2. Давраҳои асоси ва методикаи гузаронидани тафтиш. тарзи тартибдиҳии санади тафтиш.

Раванди тафтиш якчанд давраи пайдарҳами тафтиш мебошад.

Давраи якум–тайёрӣ ба тафтиш то рафтан ба объект – омӯзиши маводди марбут ба объекти тафтиш. Интихоб ва дастурдиҳии мутахассисони ба бригадаи тафтишотӣ дохилшаванда.

Давраи дуюм – фаъолияти ибтидоӣ, ҷойи тафтиш, тартиб додани нақшаи супоришҳо барои бригадаи тафтишгарон ва нақшаҳои кории шахсӣ. Гузаронидани инвентаризатсияи ногаҳонии пурраи њама намудҳои дороиҳои моддӣ ва ҳисоббаробариҳо. Таҳқиқи маҷмӯии фаъолияти хоҷагии объекти тафтишшаванда бо иштироки мутахассисон.

Давраи сеюм – таҳлил ва баҳодиҳии нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти молиявию хоҷагӣ дар асоси маълумоти тавозун.

Давраи – чорум тафтиши  амиқи ҳаматарафаи ҳуҷҷатии амалиётҳои хоҷагӣ бо ёрии усулу тарзҳои ба ҳамдигар ало­қаманди тафтишот.

Давраи панҷум – ҷамъбасткунӣ ва ба расмиятдарории маводди тафтиш, гурӯҳбандии вайронкориҳои ошкоргардида аз рӯйи фаслҳои санад, тартиб додани санадҳои ҷузъӣ ва гуногун, ведомостҳои шаклӣ (типӣ) ва махсуси вайронкориҳо ва навиштани санади асосии тафтиш.

Даври шашум – баҳодиҳии мазмуни натиҷаҳои тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагӣ, тартиб додани пешниҳод оид ба беҳсозии кор ва муҳокима кардани он дар ҷой ва ташкилоти болоӣ.

Давраи ҳафтум – ташкил намудани назорат аз болои иҷ­роиши қарорҳое, ки аз рӯйи маводди тафтиш қабул карда шудаанд.

Ҳамин тариқ, ин давраи асосӣ ва пайдарҳамии тафтиши маҷмӯӣ аз нақшаи тафтиш, ки барои ҳамон сол бо тақсимкунӣ ба семоҳаҳо тартиб дода мешавад, оғоз меёбад. Вай эълон карда намешавад ва дар он шахсонеро, ки тафтиш мегузаронанд, номбар намекунанд.

Тафтиш давра ба давра ба нақша гирифта мешавад. Ду давраи асосӣ – таҳияи барнома ва нақшаи тафтиш мебошанд.

Барномаи тафтиш. Барои тафтиш фармоишгар супориш медиҳад. Фармоишгарон метавонанд маъмурият, соҳибмул­кони ташкилот, мақомоти давлатӣ бошанд.

Тафтишгарон супоришро гирифта, барномаи тафтишро тартиб медиҳанд, ки он фаслҳои зеринро дар бар мегирад: мақсади тафтиш, масъалаҳои тафтиш, воситаҳо ва шароитҳое, ки  барои гузаронидани тафтиш заруранд, муҳлат ва ҷойи тафтиш,  ҳайати тафтишгарон, шакли ҳуҷҷаткунонии тафтиш.

Барнома дар асоси маводди дастурии амалкунанда ва таҷрибаи андӯхтаи мақоми тафтишотӣ таҳия карда мешавад. Барномаро сардори мақоми тафтишотӣ ё фармоишгар тасдиқ мекунад. Дар барнома муқаррароти фаслҳои дар боло номбурдашуда муфассал нишон дода мешавад.

Нақшаи тафтиш. Дар асоси барнома тафтиш тартиб дода мешавад, ки он ба хусусияти ташкилоти мушаххас, сохтори идоракунии он, мавқеи географии амвол, реҷаи (графики) кор вобаста аст.

Нақшаи тафтиш бояд тавсифоти муайян дошта бошад.

Таъсирбахшӣ. Дар нақша бояд барои иҷрокунандагон, муҳлати чорабиниҳои тафтишотӣ дастурҳои аниқ мавҷуд бошад. Чунин нақша барои назорат бурдан ба самарабахшии кори тафтишгарон имкон медиҳад.

Аниқӣ. Масъалаҳои  барномаи тафтиш  дар нақша то ҳадде аниқ карда мешаванд, ки муҳлати иҷро ва таъйин намудани тафтишгаронро муайян намудан мумкин бошад. Масалан, дар барнома тафтиш кардани ҳолати нигоҳдории дорои­ҳои моддӣ, масолеҳи нимтайёр дар истеҳсоли анҷомнаёфта, маҳсулоти тайёр пешбинӣ шудааст; масъалаҳои барномаро дар нақша ба тариқи зайл инъикос намудан мумкин аст:

а) Тафтиш кардани бо анборҳо таъмин будани ташкилот ва ҳолати онҳо.

б) Ошкор намудани вайронкориҳо дар гардиши ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ ва пур кардани қайдгиракҳои баҳисобгирии муҳо­сибӣ.

в) Тафтиш кардани риоя шудани тартиби муқарраршудаи дар анборҳо нигоҳдории маҳсулоти тайёр.

г) Ошкор намудани далели талафёбии маҳсулоти тайёр дар анборҳо.

д) Ошкор намудани нигаҳдории маҳсулоти ба ҳисоб гирифтанашуда.

 

3.3. Хусусиятҳои тафтиш ва санҷишҳое, ки бо супоришҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида мешаванд.

Барои тафтишҳои муқаррарӣ ва тафтишҳои бо супориши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронидашаванда он чиз умумӣ мебошад, ки дар ҳамаи мавридҳо моҳияти фаъолияти тафти­шотӣ – ҷанбаи амалиётии истифодаи усулҳои санҷиши ҳуҷ­ҷатӣ ва вокеӣ бетаъғйир боқӣ мемонад. Ин ба давраҳои тафтиш ва тартибдиҳии ҳуҷҷатҳо тааллуқ дорад. Ваколатҳои тафтишгар ҳамчун шахси салоҳиятдоре, ки дониши махсус дорад, боқӣ мемонанд. Худи пешбурди тафтиш аз ҷумлаи қонуну қоидаҳои маъмурию ҳуқуқи мебошад. Вале тафтише, ки бо супориши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида мешавад, хусусиятҳои хосси худро дорост. Асоси  ҳуқуқӣ барои гузаронидани тафтиш бо ташаббуси муфаттиш моддаи 70 Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ, мақоми тафтиши пешавкии системаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қонун дар бораи милитсия мебошад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳуқуқ доранд таъйин кардан ва гузаронидани ҳама намудҳои тафтишро талаб намоянд. Дар ин маврид тафтише, ки бо талаби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида мешавад, усули асосӣ, гоҳо ягонаи ҷамъоварии далелҳо аз рӯйи парвандаи ҷиноятӣ барои тафтиши минбаъдаи фаъолияти молиявию хоҷагии ташкилот мебошад. Бо ёрии тафтиш далелҳои сохтакориҳо дар ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ ва қайдҳои баҳисобгирӣ ва шахсони дар ин кор гунаҳкор муайян карда  мешаванд.

Тафтише, ки дар робита ба парвандаи ҷиноятӣ таъйин карда мешавад, аз тафтиши нақшавӣ бо ҳамаи вазифаҳои дар назди тафтишгар гузошташуда фарқ мекунад. Тафтиш дар робитаи зичи тафтишгар бо муфаттиш, ки усулҳои нисбатан самарабахши гузаронидани тафтишро тавсия медиҳад, гузаронида мешавад. Барои гузаронидани тафтиш муфаттиш, одатан, ба ташкилоти болоӣ бо қарори далелнок муроҷиат мекунад. Дар он намуди тафтиш (пурра ва ҷузъӣ), ба кадом соҳаи фаъолият диққати махсус додан ва дар кадом муҳлати фаъолияти хоҷагӣ гузаронидани тафтиш нишон дода мешавад. Вазифаи тафтишгар бояд аз маводди парвандаи ҷиноятӣ сарчашма гирад, воситаҳо ва усулҳои тафтиш мушаххас ва иҷрошаванда бошанд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар баъзе ҳолатҳо муфаттишон барқарор кардани баҳисобгирии миқдори дороиҳоро дар ҳамон корхонаҳо талаб менамоянд, ки дар он ҷо чунин баҳисобгирӣ бурда намешавад (аз ҷумла дар корхонаҳои савдои чакана ва корхонаҳои хӯроки ҷамъиятӣ).

Натиҷаҳои тафтиш аз бисёр ҷиҳат ба муносибати мутақо­би­лаи тафтишгар ва муфаттиш вобаста мебошад. Муфаттиш бо рафти тафтиш шинос шуда, бояд мунтазам дар бораи маводди нави тафтиш пешакӣ иттилоъ диҳад, барои иҷро кардани вазифаҳои гузошташуда равона созад ва ба тафтишгар дар шинос шудан бо ҳуҷҷатҳои зарурие, ки дар ҳамин ташкилот ва берун аз он мавҷуданд, ёрӣ расонад. Дар мавриди зарурӣ вай аз оғози тафтиш амнияти ҳуҷҷатҳоро таъмин намуда, онҳоро мӯҳр мезанад. Вай ҳамроҳи тафтишгар ногаҳонӣ сар кардани тафтиш, дар як вақт гузаронидани инвентаризатсия дар ҳамаи объектҳоро таъмин менамояд, аз шахсони мансабдори алоҳида маълумотнома – баёнот талаб мекунад.

Ҳангоми гузаронидани тафтиш объктивияти онро таъмин намудан, шахсони манфиатдорро барои шиносшавӣ бо амалиётҳое, ки дар онҳо вайронкориҳо роҳ дода шудаанд, ҷалб намудан зарур аст. Ба тафтишшаванда бояд имконият дода шавад: пешниҳод кардани дархости асоснок дар бораи бо шахсони дигар иваз намудани тафтишгарони ғаразнок; иштирок намудан дар гузаронидани тафтишот; додани баёнот дар рафти тафтиш ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ; хоҳиш намудани тафтиши иловагии ҳолатҳои ба парванда муносибатдошта; шинос шудан бо санади тафтиш ва оид ба он додани баёноти пурра.  Аз рӯйи натиҷаҳои тафтиш санад тартиб дода мешавад, ки дар он далелҳои ҷиноят ва шахсони гунаҳгор мухтасару аниқ инъикос карда, истифода шудани кадом усулҳои таҳқиқи маълумоти баҳисобгирӣ, чӣ тавр тороҷ кардан нишон дода, маблағи зарари раснонидашуда ҳисоб карда мешавад. Сохтори санади тафтиш бояд ба хулосаи эксперт-муҳосиб наздик бошад ва ба ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ асос ёбад. Муфаттиш маводди тафтишро қабул мекунад ва далелҳои дар онҳо дарҷёфтаро баҳо медиҳад. Агар аз рӯйи маводди тафтиш парвандаи ҷиноятӣ кушода шавад, он гоҳ ба санади тафтиш бояд замима карда шаванд:

маълумотномаи ташкилот дар хусуси баррасӣ намудани санади тафтиш ва баҳодиҳии он; баёноти шахсони мансабдор, далелҳои мушаххаси ҷиноят, камомад, вайронкунии низоми баҳисобгирӣ;

хулосаи тафтишгар оид ба ин баёнотҳо.

Ба муфаттиш инчунин пешниҳод карда мешаванд:

тавсифнома дар бораи шахсони мансабдор, шартнома оид ба кормандони аз ҷиҳати моддӣ масъул, маълумотнома дар бораи маоши онҳо, оид ба ҳар рӯз додани маблағ аз даромад, оид ба натиҷаҳои инвентаризатсияҳои гузашта.

 

3.4. Фарқи тафтиш бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз тафтишҳои нқшавӣ.

Фарқиятҳои асосии тафтиш бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз тафтишҳои нақшавӣ инҳо мебошад:

– вазифаҳои тафтишҳои нақшавӣ санҷидани қонунӣ будани амалиётҳои гузаронидашуда, риояи интизоми молиявӣ, дуруст ба роҳ мондани баҳисобгирии муҳосибӣ, эътимоднокии он, босифатии ҳуҷҷатҳо, назорат аз болои нигоҳдории захираҳои моддию пулӣ, дороиҳои ғайри гардон, қарзҳои кӯтоҳмуддат, дарозмуддат ва сармояи худӣ. Вазифаҳои тафтише, ки бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида мешавад, пеш аз ҳама, аз муқаррар намудан ва тафтиши далелҳои ҷиноятҳои иқтисодӣ ва қонунӣ будани амалиётҳои мушаххаси хоҷагӣ иборат аст. Мақсади асосӣ роҳи гузаронидани тафтиш ошкор намудани маълумоте мебошад, ки содиршавии ҷиноятро тасдиқ мекунанд:

– маъмурият ҳангоми таъйин намудани тафтиши нақшавӣ ба мақсади хоҷагӣ мувофиқ будани он, инчунин кӯшиши кумаки салоҳиятдор гирифтан дар муайянкунӣ ва бартарафсозии камбудиҳои дар фаъолияти корхонаҳои тобеи идора ҷойдоштаро ба эътибор мегирад. Корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъйин намудани тафтишро дар робита ба тафтиши ҷиноят талаб мекунад;

– тафтиши давлатӣ ё идоравиро мақомоти ваколатдори идоракунӣ таъйин мекунанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо қарори худ тафтишро таъйин намекунанд, балки аз мақомоти идоракунии ваколатдор таъйин кардани онро талаб менамоянд;

– санҷиши тафтишотӣ дар мавриди аввал хусусияти даврӣ, нақшавӣ дошта, одатан, дар як сол на камтар аз як маротиба гузаронида мешавад. Дар мавриди дуюм вай, одатан, бинобар ҳолатҳои махсуси аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ва судӣ ошкоргардидаи параванда хусусияти ғайринақшавӣ дорад;

– тафтиши аз ҷониби назорати давлатӣ ва маъмурӣ таъйин- гардида яке аз шаклҳои назорати минбаъдаи ҳуҷҷатии фаъолияти молиявию хоҷагии объект ё щахси тафтишшаванда мебошад. Барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин яке аз тарзҳои асоситарини ҷамъоварии далелҳои марбут ба истифодабарии маълумоти баҳисобгирии иқтисодӣ ва донишҳои махсус дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ, санҷиш ва таҳлили фаъолияти хоҷагӣ аст;

– объекти назорати давлатӣ ва маъмурӣ ҳамаи субъектҳои хоҷагидории табеъ ва шахсони мансабдор аст. Объекти тафтишие, ки бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида мешавад, ташкилот ё шахсони мансабдоре мебошанд, ки нисбати онҳо дар ин мақомот пешниҳоди махсус оид ба содир кардани амалҳои ҷиноятӣ мавҷуданд;

– асоси ҳуқуқӣ барои гузаронидани тафтиши навъи аввал санадҳои меъёрӣ ва ҳуҷҷатҳои таъсисие мебошанд, ки фаъолияти субъектҳои хоҷагидориро ба танзим медароранд. Дар айни замон ҳуқуқи таъйин намудани тафтишро талаб кардани муфаттиш ва шартҳои таъмин намудани тафтиши пурра дар қонуни мурофиаи ҷиноятӣ пешбинӣ шудаанд;

– дар мавриди аввал тафтишгар дар асоси нақшаҳои таҳия ва тасдиқшудаи гузаронидани тафтиш амал мекунад, дар рафти иҷрои онҳо мумкин аст далелҳои вайронкунӣ ва суистифодаи ошкор карда шаванд. Дар давраи дуюм фаъолияти тафтишгар асосан бо таҳқиқи масъалаҳои ба зиммаи вай гузоштаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вақте ки муфаттиш ба тафтишгар дар бораи тарзҳо ва ҷойҳои содиршавии ҷи­ноят­ҳо хабар медиҳад, маҳдуд мешавад;

– дар мавриди аввал тафтишгар фақат ҳангоми ошкор кардани далелҳои муҳими суистифода ва ғоратгарӣ оид ба ин масъалаҳо бо ҳуҷҷатҳои дахлдори ба расмият даровардашуда ба мақомоти тафтишотӣ муроҷиат мекунад.

Дар мавриди дуюм тафтиш бояд зери роҳбарии бевосита ва иштироки фаъолонаи муфаттиш дар фаъолиятҳои тафти­шотӣ гузаронида шавад;

– ҳангоми гузаронидани тафтиш бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба риоя шудани ҳуқуқи шахсони тафтишшаванда диққати махсус дода мешавад: гузаронидани тафтиш бо иштироки шахсони номбурда ва тартибдиҳии санад бо гирифтан ё ба баҳисобгирифтани баёноти онҳо, сари вақт оид ба онҳо аз шахсони дахлдор гирифтани баёнот, шинос кардани шахсони дахлдор бо ҳуҷҷатҳое, ки барои хулосабарории тафтишгар асос шудаанд. Дар ҳолати акс, ҳангоми дертар бо санади тафтиш шинос шудан ин шахсон хулосаҳои боваришударо рад мекунанд, ба таври ҳаққонӣ тафтиш нашудани ҳолатҳоро мисол меоранд ва ҳуҷҷатҳои охирини нави таҳқиқ нашударо пешниҳод мекунанд. Ин далелҳои дар натиҷаи тафтиш бадастомадаро беъэтибор мегардонад;

– ҳангоми гузаронидани тафтиш бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтишгар аз рӯйи парванда дар асоси ҳамаи ҳуқуқу уҳдадориҳои дар моддаҳои дахдори Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ дарҷёфта ба шоҳид табдил меёбад.

Тафтишгар ҳангоми тафтиши нақшавӣ тамоми фаъолияти корхонаро тафтиш карда, имконият надорад, ки ҳамаи ҳуҷ­ҷат­ҳо ва амалиётҳои воқеан содиршудаи дар онҳо инъикосёфтаро омӯзад. Тафтишоте, ки бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида мешавад, одатан, бо тафтиши танҳо ҷиҳат­ҳои муайяни фаъолияти хоҷагии ташкилот маҳдуд мегардад ва бо омӯзиши амиқи масъалаҳои барои баррасии вай гузошташуда фарқ мекунад. Дар ин маврид муфаттиш ба тафтишгар дар хусуси тарзҳои алакай маълумшудаи ҷинояткорӣ, ошкор гардидани ин ё он ҳуҷҷатҳо хабар медиҳад. Тафтише, ки бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида мешавад, бо мақсаднокии худ аз тафтиши муқаррарии нақшавӣ фарқ мекунад. Сабаби ин он аст, ки ҳангоми гузаронидани тафтиши муқаррарии нақшавӣ тафтишгар, одатан, намедонад, ки дар куҷо ва дар кадом ҳуҷҷатҳо изи ҷиноят­кориро ҷустуҷӯ кунад, муфаттиш (суд) бошад, вазифаҳои мушаххаси тафтишгарро муайян менамояд. Аз ин ҷиҳат тафтише, ки бо дархости мақомоти судию тафтишотӣ гузаронида мешавад, нисбат ба тафтиши нақшавӣ, ки ҳангоми он бисёр далелҳои ҷиноят накушода мемонанд, самарабахш мебошад, чунки тафтишгар барои тафтиши пурраи амалиётҳо ва ҳуҷҷатҳо имконияти воқеи надорад. Тафтише, ки муфаттиш (суд) таъйин мекунад, тафтиши ғайринақшавӣ буда, ба сабаби ҳолатҳои махсуси ғайричашмдошт (супоришҳои махсус, хабарҳо оид ба вайронкориҳои ҷиддӣ дар фаъолияти хоҷагии ташкилот, назорат аз болои сифати тафтишҳои қаблан гузаронидашуда ва ғайра) гузаронида мешавад. Тафтишот бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ аксар сатҳӣ гузаронида мешаванд ё далелҳои фаъолияти ҷиноятиро ба қайд мегиранд, ки онҳоро минбаъд тафтишот ё суд тасдиқ намекунанд.



Яндекс.Метрика