Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистондар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешавад.

Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10  соли охир истиқомат дошта бошад.

Вайрон кардани талаботи ин модда боиси беэътибор дониста шудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмегардад.



Яндекс.Метрика