Самти мубориза бар зидди коррупсия ин танҳо вазифаи ниҳодҳои қудрати нест, балки ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки бар муқобили фасод мубориза барад.

Санаи 27 январи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «Яке аз хатарҳое, ки метавонад ба раванди рушди устувори давлат монеа гардад ва ба эътибору обуруи он дар арсаи байналмилали таъсири манфи расонад, коррупсия мебошад». Имруз зарураст, ки барои пасткардани сатҳи коррупсия ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар канор набошад ва барои мубориза бар зидди ин кирдори нангин бо сохторҳои давлатӣ бештар ҳамкори намоян.

 



Яндекс.Метрика