Тартиби пардохт

Бо карори Хукумати
Чумхурии Точикистон
аз 30 декабри соли 2011 № 661
тасдик шудааст

Тартиби пардохти маблаги экспертизаи давлатии суди аз чониби шахсони вокеи ва хукуки

  1. Тартиби мазкур тибки талаботи Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи экспертизаи давлатии суди” тахия гардида, тартиби пардохти маблагро аз чониби шахсони вокеи ва хукуки чихати гузаронидани экспертизаи давлатии суди аз тарафи муассисахои экспертизаи давлатии судии вазорату идорахои дахлдори чумхури муайян месозад.
  2. Экспертизаи судии парвандахои граждани, оилави ва парвандахо оид ба бахсхои иктисоди дар асоси таъиноти суд, карорхои судя ё прокурор, инчунин дархости шахсони вокеи ва хукукй гузаронида мешавад.
  3. Пардохти арзиши экспертизаи судии парвандахои граждани, оилави ва парвандахо оид ба бахсхои иктисоди аз хисоби тарафе сурат мегирад, ки экспертиза бо талаби он гузаронида мешавад.
  4. Арзиши экспертизаи давлатии судии парвандахои чинояти аз хисоби бучети давлати пардохт карда мешавад.
  5. Номгўи намудхои экспертизаи судие, ки дар муассисахои экспертизаи суди гузаронида мешаванд, аз чониби вазорату идорахои дахлдори дорои чунин муассисахо тасдик мегардад.
  6. Арзиши корхои илмию тахкикоти ва фаъолияти дигари шабехи дар асоси дархости шахсони вокеи ва хукуки анчомдодашаванда аз хисоби тарафхое пардохта мешавад, ки дар хусуси анчоми он мурочиат кардааст.
  7. Тарафи пардохткунандаи экспертизаи давлатии суди дар карор ё таъинот дар бораи таъини экспертизаи давлатии суди нишон дода мешавад.
  8. Гузаронидани корхои илмию тахкикоти ва фаъолияти дигари шабех дар асоси дархости шахсони вокеи ва хукуки тибки конунгузории граждани дар асоси шартнома сурат мегирад.
  9. Карор ё таъиноти макомоти дахлдори давлати дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии суди, дархости шахсони вокеъи ва хукуки дар бораи гузаронидани чунин экспертиза ва ё ичрои дигар намуди хизматрасонихо ба унвони рохбари муассисаи экспертизаи давлатии суди ирсол гардида, баррасии он дар асоси конунгузории чумхурии Точикистон сурат мегирад.
  10. Экспертизаи суди, корхои илмию тадкикоти ва фаъолияти дигари шабех дар муассисахои экспертизаи давлатии суди бо тартиби навбати воридшавии хуччатхо ба сохтори дахлдор анчом дода мешаванд.
  11. Дар холати мавчуд набудани хизматрасони оид ба экспертизаи таъиншуда дар муассисаи эксперти, инчунин набудани мутахассисони дахлдор ё тачхизоти зарури барои гузаронидани экпертиза, макоми (шахси мансабдори) экспертизаро таъинкарда фавран огох карда шуда, маводи пешниходшуда ба ў баргардонида мешавад.
  12. Пардохти арзиши экспертизаи суди дар муассисаи экспертизаи давлатии суди тибки нархномаи номгўи хизматрасонихои эксперти, ки бо тартиби мукарраршуда аз чониби вазорату идорахо дар мувофика бо макоми ваколатдори давлатии зиддиинхисори тасдик ёфтааст, амали мегардад.
  13. хангоми хисоб намудани арзиши хизматрасони тибки нархномаи номгўи хизматрасонихои эксперти вакти масрафшуда, хачм, мураккабии экспертиза, истифодабарии техникаю тачхизоти эксперти хангоми гузаронидани экспертиза, харочоти меъёри барои гузаронидани он, мехнати эксперт, бо дарназардошти супоридани андоз ва дигар холатхои гузаронидани экспертиза, ба инобат гирифта мешаванд.
  14. Арзиши хизматрасони тибки варакаи пардохт (квитансия) тавассути шўъбахои ваколатдори “Амонатбонк” ба суратхисоби махсуси муассисаи экспертизаи давлатии суди ё макомоти давлати ирсол гашта, хуччати тасдиккунандаи пардохт ба мухосиботи муассисаи дахлдори экспертизаи давлатии суди ё макомоти давлати пешниход мешавад.
  15. Хулосаи муассисаи экспертизаи давлатии суди оид ба парвандахои граждани, оилави ва парвандахо оид ба бахсхои иктисоди баъди пардохти арзиши экспертизаи давлатии суди дода мешавад.
Яндекс.Метрика