Дар бораи Марказ

      Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи ҷумҳурии Тоҷикистон. Экспертизаи судӣ барои ошкор кардани ҷиноят ва муқаррар намудани воқеъият мавқеи муҳимро мебозад. Саривақт пурра фош намудани ҷиноят, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани ашхоси дар ҳақиқат гунаҳгор яке аз омилҳои муҳими мустаҳкам намудани қонуният, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, муҳофизати манфиятҳои ҷамиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Дар раванди муборизаи мақомоти махсуси ҳивзи ҳуқуқ ва аҳли ҷомеа алаӣҳи ҷинояткорӣ эҳтиёҷ ба ёрии илму фан, касбҳои махсус ва техника паӣдо мешавад.

      Агар макомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ аз воситаҳои илмию техникӣ, тарзҳои тактикӣ, усулҳои самараноктарини муосири тафтиши ҷиноятҳои алоҳида ва инчунин дастовардҳои экспертизаҳои криминалистиро истифода намебурданд, сирри бисёр ҷиноятҳо фош намешуд, ҷинояткорон ошкор нагардида, беҷазо мемонданд ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон поӣмол мешуд.
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари раёсатҳои соҳавӣ Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ (МҶЭСваК) фаъолият мекунад, ки он дар ҷумҳурӣ Маркази асосии илмию методӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи судӣ мебошад.

      Экспертизаи судӣ як давраи муаӣяни паӣдоиш ва инкишофи худро дорад. Бори нахуст бо қарори Совети Вазирони ИҶШС аз 31 декабри 1950 дар ҳаӣати Вазорати адлияи ИҶШС ва ҷумҳуриҳои иттифоқӣ муассисаҳои криминалистикии экспертӣ ташкил шуданд.
Нахустасоси таъсисёбии Марказ дар ҷумҳурии мо Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1959, № 451 «Дар бораи ташкил кардани лабораторияи илмӣ-тадқиқотии криминалистӣ» буд. Аз моҳи январи соли 1960 дар назди факултаи ҳуқукшиносии Университети давлатии Точикистон ба номи В.И.Ленин лабораторияи криминалистӣ ба кор оғоз намуд.

    Ба ҳаӣси мудири Лабораторияи криминалистӣ дотсенти кафедраи ҳукуки ҷиноятӣ ва мурофиавии факултаи ҳукукшиносии Университети давлатии Тоҷикистон Яков Михаӣлович Яковлев таъин шуда буд. Соли 1961 гурӯҳи экспертизаҳои автотехникӣ созмон ёфт. Бо ташаббуси Я.М.Яковлев соли 1962 Бюрои экспертизаҳои судии ҳисобдорӣ аз тобеияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Лабораторияи криминалистӣ дода шуд.

      Соли 1967 гурӯҳи экспертҳо ба шӯъбаҳо табдил ёфта, шӯъбаҳои экспертизаҳои хатшиносӣ, экспертизаҳои физики-техникӣ, экспертизаҳои автотехникӣ, экспертизаҳои ҳисобдорӣ ва шӯъбаи ҷамъбасткунӣ ва иттилоот ташкил шуданд.
Соли 1971 лабораторияи криминалистӣ ба лабораторияи илмӣ-тадқикотии экспертизаҳои судӣ (ЛИТЭС) номгузорӣ шуда, ба ихтиёри Вазорати адлияи Республикаи Тоҷикистон дода шуд ва ҳамин тарик барои мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникии он шароит фароҳам оварда шуд.
Дар баробари ба ихтиёри Вазорати адлия гузаштани Лаборатория алоқаи он бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мустаҳкам гардид. Кормандони Лаборатория бахшида ба соҳаҳои гуногуни экспертизаҳои судӣ дар семинарҳои судяҳо, прокурору муфаттишон мунтазам бо маърӯзаҳо баромад мекарданд.

      25 июли соли 1988 ЛИТЭС бо Қарори Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон ба Лабораторияи марказии илмӣ-тадқиқотии экспертизаҳои судӣ дар назди Вазорати адлияи ҶШС Тоҷикистон табдил дода шуд.
18 феврали соли 1998 бошад, Лаборатория бо қарори ҳукумати Ҷумҳурӣ таҳти № 44 Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номида шуд.
Дар солҳои аввали мавҷудияти худ Лаборатория танҳо истехсоли намудҳои алоҳидаи экспертизаи физикию химикӣ, хатшиносӣ ва ташхиси техникии ҳуҷҷатҳоро гузаронида, на фақат барои мақомоти судӣ-тафтишотии Республикаи Тоҷикистон, балки барои баъзе вилоятҳои Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ санҷишҳои криминалистии далелҳои шаӣъиро ба ҷо меовард.

      Нақши торафт афзояндаи санҷиши судӣ дар ошкор кардани ҷиноятҳо, зарурати боз ҳам тараққӣ додани он дар Тоҷикистон, мавҷуд будани кадрҳои баландихтисоси коршиносони криминалист имкон доданд, ки дар асоси Маркази ҷумҳуриявӣ соли 1974 дар шаҳри Ленинобод (Хуҷанди имрӯза), соли 1991 дар шаҳри Кӯлоб, баъди якҷоя шудани вилояти Кӯлоб бо вилояти Қӯрғонтеппа дар шаҳри Қӯрғонтеппа соли 2004, инчунин дар шаҳри Хоруғ соли 2000 бахшҳои (филиалҳои) экспертизаҳои судӣ-криминалистӣ кушода шаванд. То ба фаъолият оғоз намудани филиал дар шаҳри Хоруғ аз соли 1991 намояндаи филиали шаҳри Кӯлоб дар шаҳри Хоруғ фаъолият намуда экспертизаҳои автотехникиро анҷом медод.

      Дар ҳашт шӯъбаи Марказ, яъне дар шӯъбаҳои криминалистӣ; тадқиқи криминалистии мавод, моддаҳо ва маснуот; хатшиносӣ; молшиносӣ; ташхиси судии техникаи нақлиёт; ташхисҳои судии сохтмони техникӣ; ташхиси техникаи компютерӣ ва видео-овозшиносӣ; иқтисодӣ ва бахшҳои вилоятии он зиёда аз 21 намуди санҷиш иҷро карда мешавад.
Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ ба туфаӣли мунтазам баланд бардоштани сатҳи ихтисоси кормандон имрӯз тадқиқи нахҳо, лаку ранг ва маводи сӯзишворию моли-данӣ, моддаҳои нашъадор, фулузот ва махлутҳо, моеъҳои спиртдор, хок, хатҳо, экспертизаҳои автотехникӣ, нақлиётӣ, паӣшиносӣ, фулузотшиносӣ, молшиносӣ, баллистикӣ, техникаи компютерӣ, овозшиносӣ, техникаи ҳуҷҷатҳо ва ғаӣраро бо муваффақият ба ҷо меоварад.

Ҳар сол дар Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистӣ бештар аз 5,5 ҳазор экспертиза гузаронида мешавад.

Бо баробари соҳибистиқлолиро ба даст овардани Тоҷикистон зарурати аз нав кардани заминаҳои ҳукуқии экспертизаи судӣ низ ба миён омад.
Бо назардошти аҳамияти донишҳои махсус дар рушди ҷомеъа ва давлат, инчунин тақвияти минбаъдаи адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал фаъолияти экспертизаи судӣ заминаи устувори қонунгузорӣ паӣдо кард.

      25 июли соли 2005 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» эътибори ҳуқуқӣ паӣдо кард, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва вазифаҳои асосии фаъолияти экспертизаи давлатии судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаӣян намуда, муносибатҳои ҷамъиятие, ки ҳангоми ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ба вуҷуд меояд, танзим менамояд. Ба конуни номбурда соли 2007 ва соли 2011 тағӣиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Ин санад дар фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ санади муҳими ҳуқуқӣ буда, мувофик бо шароити нави низоми ҷамъиятист.

То замони истиқлол ҳамаи маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ танҳо бо забони русӣ гирд оварда шуда буданд. Коршиносон низ хулосаро танҳо бо забони русӣ омода месохтанд.

      Имрӯз дар Маркази Ҷумҳуриявии Экспертизаҳои Судӣ ва Криминалистии Вазорти адлияи ҷумҳурии Тоҷикистон коргузори ва ҳам гузаронидани эеспертизаҳо пурра бо забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст.
Агар назаре ба таърих афканем, дар замони таъсисёбии Марказ дар он ҳамагӣ панҷ нафар мутахассис : Яков Михаилович Яковлев;Лев Вулбфович Франк; Ҳалим Салимович Салимов; Юлия Николаевна Редлих ва Зумрад Додоҷоновна Ямоқова фаъолият менамуданд.

Аз замони таъсисёби Марказ то кунун хеле инкишоф ёфта, ба муассисаи ташхисии ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Марказ дар тўли 55 сол аз як кафедра ба муассисаи бонуфуз табдил ёфт, ки алҳол он Маркази асосии экспертизаҳои судии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

      Дар ин муддат садҳо нафар ихтисосмандони болаёқати соҳаҳои гуногун дар ин Марказ фаъолият намуда, дар пешрафти ҷомеа ва волоияти қонун саҳми худро гузоштаанд. Боиси хурсандӣ ва сарфарозист, ки 90 – солагии таъсиси мақомоти адлияи Тоҷикистон дар шароите баргузор мегардад, ки Марказ 55 – солагии таъсисёбии хеш ва 40 солагии таъсисёбии филиали нахустини он бахши Суғдии Марказро қаӣд менамояд.
Ҳоло дар Марказ ва филиалҳои он зиёда аз 80 нафар мутахассисон фаъолият менамоянд, ки дар таҳким ва волоияти қонун дар ҷумҳурӣ саҳми арзандае мегузоранд.

[/vc_column_text][/vc_column][/vc_row]

Яндекс.Метрика