Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии судӣ дар нимсолаи якуми соли 2025

25 майи соли 2025-ум дар толори бинои Марказ ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии судӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини сардори Раёсати криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурез Д, корманди Раёсати криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода А.Н., корманди Агентии стандартизатсия, метралогия, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Остонаев Б.М, корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рашидов К.А, сардори лабараторияи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматов С.А, ва ҳайати кормандони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиалҳои он иштирок намуданд. Дар ҷаласаи Шӯро якчанд масъалаҳои мубрам оид ба экспертизаи судӣ муҳокимарони шуд.  Пас аз муҳокимаҳои масъалаҳои рӯзнома Шуро қ а р о р   к а р д:

Аъзои шӯро барои таҳия намудани саволнома баҳри тақвияти соҳаи экспертизаи давлатии судӣ барои кормандони мақомоте, ки тибқи қонунгузории амалкунанда экспертизаи давлатии судиро дар муасисаҳои эксперти таъин мекунанд ҳамчун намуна буда, таклиф пешниҳод намуда ва ба чоп баровада шавад.



Яндекс.Метрика