Муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025

Ҷаласа вобаста дар доираи нақшачорабиниҳои Кумитаи давлатии анмнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025» дар Марказ баргузор гардид.

Дар рафт ҷаласа намояндаи Кумитаи давлатии анмнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баромаднамуда қайд намуд, ки роҳбари гурўҳи «Ансуруллоҳ» зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сокини ноҳияи Нуробод Табаров Амриддин мебошад. Номбурда гурўҳи мазкурро охирҳои солҳои 2006 ва аввали солҳои 2007 бо мақсади ғасб намудан, таркиш, куштор ва дигар омилҳои номатлуб ташкил намудааст. Дар яке аз муқовиматҳо Табаров Амриддин ба ҳалокат расида, ҷойгузини ў домодашро гурўҳи мазкур интихоб намудаанд.

Инчунин, мо   ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбини намудаи қонунгузорӣ мубориза мебарем.



Яндекс.Метрика