- 04.09.2024
- Сохта шуд: Sudexpert
- Гурӯҳ: Новости, Ҳамкориҳои байналмилалӣ
ЭКОЛОГИЯ ВА НАҚШИ ОН ДАР ҶОМЕА
Вобаста ба соли маърифати ҳуқуқи дар ҳамаи самтҳои ҷомеаи муосир зарур аст, ки меъёрҳои ҳуқуқи мустаҳкам карда шавад. Безараргардони ва нигоҳдории табиат яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ин дар давоми соҳибистиқолоият якчанд меъёрҳои ҳуқуқиро ба танзим даровардааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муайян намуда, ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, кафолатҳои ҳуқуқи инсон ба муҳити зисти солим ва мусоид, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии таъсири номатлуби фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист, ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва таъмини амнияти экологӣ равона шудааст.
Дар боби 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи муҳити зист дар моддаи 35 ва 36-и ҳамин боб, ки Арзёбии таъсир ба муҳити зист ва вазифаҳои экспертизаи экологӣ оварда шудааст.
Моддаи 35. Арзёбии таъсир ба муҳити зист
1. Фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти ба нақша гирифташавандаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба муҳити зист, аз ҷумла ба саломатии аҳолӣ мустақиман ё ғайримустақим таъсир мерасонад, арзёбӣ карда мешавад.
2. Арзёбии таъсир ба муҳити зист расмиёти ҳатмӣ буда, ҳангоми таҳияи ҳама гуна вариантҳои алтернативии ҳуҷҷатҳои пеш аз лоиҳавӣ, аз ҷумла пеш аз сармоягузорӣ, ки фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти ба нақша гирифташавандаро асоснок мекунад, бо иштироки ҷомеъа гузаронида мешавад.
3. Номгӯи навъҳои фаъолият ва талабот нисбати маводи арзёбии таъсир ба муҳити зист дар низомнома, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муқаррар карда мешавад.
Моддаи 36. Вазифаҳои экспертизаи экологӣ
1. Экспертизаи экологӣ барои санҷиши асоснокӣ ва мутобиқати фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари ба нақша гирифташуда ба талаботи меъёрҳои сифати муҳити зисти табиӣ, қонунгузории ҳифзи муҳити зист ва амнияти экологии ҷомеа гузаронида мешавад.
2. Сохтмон, мавриди истифода қарор додан, инчунин амалӣ сохтани фаъолияти дигари хоҷагидорӣ бе хулосаи мусбии экспертизаи экологӣ манъ аст.
3. Вазифаҳо ва тартиби гузаронидани экспертизаи экологиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экпертизаи экологӣ” муқаррар мекунад.
Экология илм дар бораи муносибати байни организмҳои зинда ва муҳити зисти онҳо мебошад. Экология ҳамчун илм ба фаҳмиши функсиякунонии экосистемаҳо, муносибати байни организмҳои зинда ва муҳити зисти онҳо, шартҳои тараққиёт ва баробарии ҳамин гуна системаҳо равона карда шудааст. Муносибати байни одам ва табиат ҳамчунин ашёи омӯзиши экология шуда метавонад.
Равандҳои глобалии сайёра дар самтҳои гуногуни рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт барои ҳифзи муҳити зист ва устувории экологии захираҳо як қатор вазифаҳои муҳим ва асосиро пеш мегузоранд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки айни ҳол таваҷҷуҳи ҷомеа ба он нигаронида шудааст, ин бархурди манфиатҳо ва муборизаҳои геополитикии бемислу монанди давлатҳои абарқудрат ба ҳисоб меравад. Гузашта аз ин, инсоният ба муаммоҳое, чун терроризму экстремизм, эпидемияҳову таҳримҳо, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мушкилотҳои экологӣ рӯ ба рӯ шуда истодааст. Яке аз муҳимтарин мушкилоти муосир ин мушкилоти экологӣ ба ҳисоб меравад. Мушкилоти экологӣ ин тағйирёбии иқлим аст, ки дар натиҷаи фаъолияти аҳолӣ ба миён меояд. Аз ин хотир, мушкилоти экологӣ хусусияти антропогеннӣ дорад, ки ин дар натиҷаи таъсиррасонии манфии аҳолӣ ба табиат рух медиҳад. Аз рӯи таснифот мушкилотҳои экологӣ хусусияти гуногун доранд ва онҳо бо дар назардошти вазъи ба миёномада, таъсири омилҳои беруна ва дохилӣ баррасӣ мегарданд.
Субеъкти асосӣ дар муносибати экологӣ давлат ба ҳисоб рафта, бевосита масъалаҳои амнияти экологиро ба танзим медарорад. Ҳавои атмосфера бевосита бойгарии истисноии давлат ба шумор меравад. Нисбати унсурҳои табиат эҳтимолияти аз ҷониби бархе шаҳрвандон муносибати нодуруст, яъне ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ содир карда мешавад, ки бевосита оид ба ин ҳолатҳо меъёрҳо пешбинӣ гардидааст. Тибқи талаботи меъёрҳои муқарраршуда шахсони ҳуқуқвайронкунада ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Яке аз роҳҳои ҳалли дигари масъалаҳои экологии ин замони муосир ба ҳисоб меравад. Одамон бояд аз оқибатҳои фаъолияти худ, хулоса бароварда нисбати табиат тарзе рафтор кунад, ки пеши роҳи оқибати бӯҳронҳои аз тарафи фаъолияти худ амалишудаистодаро гирифта тавонанд. Барои ин пеш аз ҳама барномаҳои муҳимеро ба монанди – нигоҳ доштани афзоиши аҳолӣ, инкишоф додани технологияҳои нави саноатӣ, кофтукови сарчашмаҳои тозаи энергия, баланд бардоштани истеҳсоли ғизо, бо васеъ кардани майдонҳои кишт ва ғайраро ба нақша гирифтан лозим аст.
Дар ҳудуди кишвар ҳар сол барои амалӣ гардонидани муҳофизати табиат ва ҳалли масоили экологӣ маблағи зиёд сарф карда мешавад. Муҳофизати табиат тадриҷан ба кори ҳар як фарди солим вобастагии зич дошта, бояд ҳар як фард ба ин диққати ҷиддӣ диҳад.
Ба ҳамагон маълум аст ки яке аз масъалаи дигари замони муосир ин тағйирёбии иқлим баҳисоб меравад. Тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он имрӯзҳо яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба ҳисоб рафта таъсири манфии он мушкилоти глобалӣ ба миқдор ва сифати захираҳои оби тоза низ торафт аён мегардад.
Тибқи маълумотҳои олимон ва мутахассисони СММ айни замон сеяки қисми сайёраи мо ба оби тозаи ошомиданӣ эҳтиёҷ доранд ва онҳо аз дастрасии об барои зарурати хоҷагии худ маҳрум мебошанд.
Бо сабаби истифодаи оби ошомидании пастсифат ҳар сол дар кураи Замин то 9 млн нафар одам вафот менамояд. Эҳтиёҷот ба оби ошомиданӣ сол аз сол бо сабаби зиёдшавии аҳолӣ афзун мегардад. Мутахассиcони соҳа бар он ақидаанд, ки агар минбаъд низ ҳолати истифодаи исрофкоронаи об ба мисли ҳозира нигоҳ дошта нашавад, соли 2025 қариб 60 фоизи аҳолии сайёраи мо ба оби ошомидании тоза эҳтиёҷманд мегардад.
Умуман, дар шароити кунунии тарақиёти ҷомеа, инсоният таъсири омилҳои тағйрёбии иқлимро нисбати дигар масъалаҳои мубрами рӯз дар мадди аввал гузошта, барои паст намудани хатарҳои он кӯшиш намуда истодааст. Тоҷикистони мо низ дар баробари дигар давлатҳои абарқудрат оиди ҳалли ин масъала чораҳои зиёди пешгирикунандаро амалӣ гардонида истодааст.
Мавқеи ҷойгиршавии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан минтақаи кӯҳсорро фаро гирифтааст, релефи он ба рӯйдоди равандҳои хатарноки табиӣ ва таъсири манфии онҳо ба шароитҳои маишию иқтисодии аҳолӣ ва умуман ҷумҳурӣ зиёд мушоҳида мегардад. Ҳамасола дар ин ё он минтақаи ҷумҳурӣ обхезӣ ба амал омада ҳудудҳои калонро фаро мегирад. Офатҳои калон ба монанди омадани сел, ки минтақаҳои аҳолинишин, манзил, корхонаҳои саноатӣ, роҳҳо ва дигар иншоотҳои гидротехникиро хароб мегардонад. Дар бисёр минтақаҳои куҳӣ хавфи омдани сел ва лағжиш мунтазам таҳдид мекунад. Инчунин дар натиҷаи боришоти зиёди барф ба минтақаҳои кӯҳӣ таҳдиди зиёди тармафароӣ вуҷуд дорад. Тез-тез ба амал омадани офатҳои табиӣ, обшавии босуръати пиряхҳо, обхезиҳо, хушксолиҳо ва падидаҳои фалокатовари гидрометеорологӣ таъсири манфии худро ба амнияти орзуқаворӣ, захираҳои обӣ ва энергетикӣ, солимии аҳолӣ расонида истодааст. Аз ин ҷост, ки масъалаи ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои табии мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Масъалаи ҳифзу беҳдошти табиат борҳо аз минбарҳои баланди сатҳи байналмилалӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида, ҷомеаи ҷаҳониро барои пешгирӣ ва мутобиқгардонии бахшҳои мухталифи муҳити табии ва иқтисодию иҷтимоӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим даъват намудааст.
Ҳамагон медонанд, ки дар ду даҳсолаи садаи XXI дар натиҷаи гармшавии иқлим обшавии пиряхҳо мушоҳида шуда, ҷиҳати пешгирӣ аз он дар кишвар “Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” қабул шудааст, ки тибқи ин барнома “Маркази омӯзиши пиряхҳо” таъсис ёфт.
Дар Тоҷикистон, ки дорои 13 ҳазор пирях мебошад, аз таъсири тағйирёбии иқлим ҳазор пирях нобуд гардидааст. Ин дар ҳолест, ки то шаст фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад. Яъне обшавии пиряхҳои Тоҷикистон ҳамин маъноро дорост, ки хушксолиҳо ва норасоии оби ошомиданӣ дар ояндаи наздик мушкилии рақами яки башар мегардад.
Масъалаҳои мушкилоти иқлим дар Тоҷикистон сол ба сол афзоиш меёбанд, ки ин мушкилот торафт таваҷҷуҳи донишмандон ва мутахассисони дохиливу хориҷиро ба ин масъалаҳо бештар ҷалб мекунад. Зеро, олимон бар он ақидаанд, ки сабаби асосии тағйирёбии иқлим ин таъсири инсон ба атмосфера мебошад. Зеро тамоми заводу фабрикаҳои фаъолияткунанда аз худ моддаҳои заҳролудро ба атмосфера ҷудо менамоянд.
Бо ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазируфта шуд.
14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо хушҳоли онро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва ҳам Соли байналмилалии пиряхҳо дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома, пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
– Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
– Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
– Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
– Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.
Қатъномаи номбурда аҳаммияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор қайд намудааст. Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси қоҳиши густурдаи криосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкуҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст.
Бисёр вақт омехташавии ин андешаҳо дар он аст, ки офатҳои зараррасони одам ба муҳити зист алоқамандии зич дорад, вале дар хориҷа, масалан, бисёри вақт фаҳмиши калимаи “ecological” калимаи англисӣ буда, ба ин илм алоқаманд аст ва “environmental” калимаи англисӣ буда, ба муҳити зист алоқамандӣ дорад.
Хулоса, экология – ин дарк кардани иқтисодиёти табиат, тадқиқоти яквақтаи ҳамаи муносибатҳои мавҷудоти зинда бо омилҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ ва компонентҳои муҳит мебошад. Бояд зикр намуд, ки таваҷҷӯҳи зиёди инсоният ба табиат метавонад, сабаби коҳиши хатари омилҳои тағйирёбии иқлим гардад.
Мутахассиси шуъбаи мавод маснуот ва судї
экологї МЉЭС ва К ВА ЉТ Зубайдаи И