Истиқлол сароғози рушд ва шарти бақои давлатдории миллӣ

27 августи соли 2024 сол, дар толори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон , дар мавзуи «Истиқлол сароғози рушд ва шарти бақои давлатдории миллӣ» баргузор гардид.
Конференсияи илмӣ-назариявӣ бо иштироки кормандони Маркази Ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Донишкадаи такмили ихтиссоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Муассисаи давлатии ёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академяи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи забон ва истилоҳи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Суханронии ифтитоҳиро ректори Донишкадаи такмили ихтиссоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Собирзода И.С., директори Маркази Ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода М.С., ва муовини директори Муассисаи давлатии ёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим З., оғоз намуда дар баробари хайру мақдам, маълумотҳоро оид ба «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ироа намуданд.
Дар конференсияи илмӣ-назариявӣ аз ҷониби иштирокчиён бо маъруза дар мавзуҳои гуногун бахшида ба таҷлили ҷашни 33 солагии «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қироат гардид.
Раупова Манзура Турсуновна-профессори кафедраи ҳуқуқӣ маданӣ ва иқтисодии Академяи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуъи «Истиқлолияти давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми занон дар Тоҷикистон».
Сафаров Дониёр Маҳмадиевич- мутахассиси Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуъи «Истиқолоияти давлатӣ омили сарнавиштсоз ва пойдевори рушди ҳокимияти судӣ».
Боирзода Ҷамшед Ҷумабой-дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академяи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуъи «Баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ватандўстӣ омили асосии таҳкими истиқлолият».
Зулфониён Раҳим Раҷабзода- сардори шуъбаи номгузорӣ ва танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуъи «Забони ҳуҷҷатнигорӣ дар даврони истиқлол».
ҳасанзода Маҳмадулло Ҳасан –сардори шуъбаи экспертизаи судии техникаи нақлиётии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуъи «Истиқлолият пойдевори давлатӣ мустақили Тоҷикистон»
Дар қисми хотимавии конференсияи илмӣ-назариявӣ саволу ҷавобҳо миёни иштирокчиён оид ба «Истиқлолияти давлатӣ» баргузор гардида, ба конференсияи илмӣ-назариявӣ ҳусни хотимавӣ бахшида шуд.



Яндекс.Метрика