- 23.07.2024
- Сохта шуд: Sudexpert
- Гурӯҳ: Медиа, Новости

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ИНКИШОФИ ҲАЁТИ ҶАМЪИЯТИ
(Бардошт аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023)
Санаи 28-уми декабри соли 2023 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки аз ҷониби Пешвои миллат соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд, ки ин ба маќсади 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тантана ин ҷашни бошукуҳ таҷлил кардани он.
Воқеан қабули Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии кишвар 6 ноябри соли 1994 ҳамчун ҳуҷҷати дорои эътибори олии ҳуқуқӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуд ва самтҳои нави рушди ҷомеаро муайян кард. Арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ, ҷонибдорӣ аз принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, инчунин эътирофи гуногуншаклии моликият, махсусан моликияти хусусӣ аз ҷумлаи пешравиҳо мебошанд, ки заминаи рушди сифатан нави давлат ва ҷомеа гардиданд. Меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробари шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, рақобати озод дар иқтисодиёт ташкил медиҳанд. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллӣ, таъсири ҷаҳонишавӣ, ҳамоҳангсозӣ ва якхелакунии қонунгузории давлатҳо ва низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, таъсиси иттиҳодҳои нави ҷаҳонӣ ва минтақавии байни давлатҳо, таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад. Сиёсати ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ ба коҳиш додани таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат бо хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ (терроризм, экстремизм ва дигар падидаҳои хатарњо), ҳифзи фазои иттилоотии ҷумҳурӣ аз хатарҳои иттилоотии ҷаҳони муосир равона карда мешавад.
Худ маърифати ҳуқуқӣ маҷмӯи андешаҳои одамон дар бораи донистани қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст. Инчунин, маърифати ҳуқуқиро метавон ба маънои маҳдуд ва васеъ баррасӣ кард:
-ба маънои маҳдуд, маърифати ҳуқуқӣ низоми муносибатҳоест, ки байни одамон ва ташкилотҳои гуногун дар натиҷаи ҳамкории дарозмуддати онҳо ташаккул ёфтааст. Табиист, ки ин гуна муносибатхо бо қонун танзим ва аз тарафи давлат ҳифз карда мешаванд;
– ба маънои васеъ ин мафҳум тамоми мањзани донишҳои ҳуқуқиро дар бар мегирад, ки дар њаёти инсоният пештар ҷамъ гардида ва аз тарафи одамон дар ҳаёти харрӯза, дар муносибат бо ҳамдигар, дар меҳнат ва дигар соҳаҳо татбиқ карда мешавад. Ба ин маъно, маърифати ҳуқуқӣ асоси рафтори қонуншикании шаҳрвандон мебошад.
Бояд зикр намуд, ки дар асоси Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 аз 6 феврали соли 2018, №1005 баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ҳамчун фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, шаҳрвандон оид ба муайян намудани мақсадҳо, вазифаҳо, афзалиятҳо, воситаҳо, шаклҳои тарбияи ҳуқуқӣ баромад намуда, тавассути таъмини сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ, тарғиби ҳуқуқӣ, инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ ва тарбияи кадрҳои ҳуқуқшиносони касбӣ амалӣ мешавад. Тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати тарбиявии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигар тарбияи инсон бояд анҷом дода шавад. Ташаккули инсони комил истифодаи якҷояи ҳамаи намудҳои тарбияро талаб мекунад. Тарбияи ҳуқуқӣ бо дар назар доштани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад.
Сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқӣ ҳалли вазифаҳои зеринро пешбинӣ менамояд: тарбияи кадрҳои ҳуқуқшиносӣ касбии баландихтисос, ки барои фаъолияти ҳуқуқӣ дар шароити вусъати равобити байналмилалӣ омода мебошанд, такмили сиёсати таҳсилот дар соҳаи тарбияи кадрҳои ҳуқуқшинос, баланд намудани сатҳи донишомўзии ҳуқуқи байналмилалӣ бо дар назар доштани дурнамои ҳалли бахсҳои ҳуқуқӣ дар судҳои байналмилалӣ, такмили тахассус пас аз гирифтани таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, омода намудани кадрҳои дорои донишҳои махсуси иттилоотӣ дар шароити васеъ шудани иттилои ҳуқуқӣ, таҳдидҳо ба амнияти иттилоотии ҷумҳурӣ, тарбияи кадрҳои нави ҳуқуқшиносон, ки барои кор дар шароити роҳандозии ҳукумати электронӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар амалияи ҳуқуқшиносӣ омодаанд, мустаҳкам намудани унсурҳои иттилоотӣ ва технологии сиёсати таҳсилот бо дар назар доштани ворид шудани технологияҳои иттилоотӣ дар амалияи ҳуқуқшиносӣ, иттилоъгардонии фаъолияти судӣ, тафтишотӣ, мурофиавӣ, оперативӣ-ҷустуҷўӣ, иттилои ҳуқуқӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ.
Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрванд, ки бевосита аз сифат ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобаста мебошад, метавонад ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калидии батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, паст шудани сатҳи нигилизми ҳуқуқӣ, инчунин дар ботини шахс ба вуҷуд овардани эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намояд ва шаҳрванд худро дар ҷомеа комилан озод ва бехатар эҳсос намояд.
Мутахассиси шуъбаи мавод
маснуот ва судӣ-экологӣ МҶЭС ва К ВА ҶТ Зубайдаи И